НИШОНИ САРСАБЗӢ ВА САРБАЛАНДӢ

Мардуми    сарбаланди Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд. Он дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихор ва ҳувияту худшииносии миллӣ нақши бориз дорад. Парчами давлатӣ ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад, ки ин фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад.
Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.
Дар гузашта ва то кунун дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар халқу миллат, пайроҳаи таърихии тайкардаи он ва аломатҳои истиқлолияти давлатӣ инъикос ёфтаанд.
Ҳар як ранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънии худро дорост. Сурх — ранги мубориза, ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият, Сафед — нишонаи бахт, умеду орзуст, Сабз — нишонаи сарсабзӣ, нумуъ ва сарбаландист. Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлат ва соҳибихтиёр инъикос ёфтаанд. Омӯзгорон ва ҳар касонеро, ки ба кори таълиму тарбия муваззаф гардидаанд, лозим аст, ки аз таърихи парчам ва моҳияти он ба шогирдону атрофиён маълумот бидиҳанд. Мо, мардуми тоҷик, бояд аз он шукрона кунем, ки соҳибдавлат ва дорои арзишҳои миллӣ ҳастем. Парчами мо дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштироки фаъолонаи тоҷикон дар олимпиадаву мусобиқаҳои гуногуни фанниву варзишӣ боло мегардад, ки ин ифтихори ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ривоят АРБОБОВА,
омӯзгори гимназияи №4, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе