АНДЕШАҲОИ МАЪРИФАТПАРВАРОНА

Инсоният дар тули таърих ҳама кору амалро таҷриба карда, ниҳоят бо таҳаққуқ дарёфт, ки роҳи сарсабзию камолоти маънавии у танҳо ба китоб ва андешаҳои волои ахлоқию ҳакимона бастагӣ дорад
Андешаҳои абармардони назми оламгири тоҷику форс, мутафаккирону соҳибназарон, ки аз мушоҳидаҳои зиндагии ноҳамвор, мураккаб ва моломол аз тазоду бархӯрдҳо сарчашма мегирад, дар тарбияи маънавии бани башар нақши нозудуданӣ гузоштааст. Ҳарчанд тӯли ҳазорсолаҳо одамон шабеҳи ташнагони муддатҳо дар кавири сӯзону беобу гиёҳ монда, аз баҳри беканору жарфи адабиёти классикии форсу тоҷик менӯшанду менӯшанд, аммо ҳамоно тафсу ҳарорати дилҳои сӯзонашон паст нагардидаасту ниёзи бештаре ба гавҳарҳои қаъри ин баҳри беохир доранд. Бо ҳамин мақсад муҳаққиқон Дастам Маҳкамов ба Субҳон Усмонов ҷиҳати ошноии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни макотиби олӣ бо афкору дидгоҳи шоирону нависандагон ва мутафаккирони нобиғаи тоҷик китоби наверо таҳти унвони «Андешаҳои миллӣ ва тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯён» ба нашр расонданд, ки хеле ҷолибу ҷаззоб буда, мутолиаи он шаҳодати ранҷу заҳматҳои бардавоми номбурдагон мебошад. Китоби мазкур сиву панҷ мақолаю матлаби муаллифонро дар бар гирифта, бо пешгуфтори мактабшиноси маъруф, академик Муҳаммад Лутфуллозода оғоз меёбад, ки аз ҷумла, нигоштааст:
«Ин китоб ганҷинаеро мемонад, ки хонандаро ба худ мекашад ва ба андеша водор менамояд, агар шахсе ё касе аз нуктаю гуфтаҳои ин китоб баҳравар гашта, даст ба амалҳои хайр занад, боиси ифтихор ва хурсандии муаллифон ва аҳли ҷомеа хоҳад буд. Фикр мекунам, ки дар шароити имрӯза барои тарбияи ҷавонон чунин китобҳо ниҳоят муфид ва фоидарасон мебошад». Дар китоб андешаҳои ахлоқии бузургоне, амсоли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Берунӣ, Сино, Насриддини Тӯсӣ, Шамс Қайси Розӣ, Хайём… гирд оварда шудааст. Таври мисол, муаллифон дар мақолаи «Андешаҳои ахлоқии Имоми Аъзам, дар боби «Васиятҳои Имоми Аъзам-омили тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ» афкори ҳакимонаи донишмандро муфассал иқтибос овардаанд, аз ҷумла:
 «Он чиро эҳсос кардӣ, ба донистан ва омӯхтани он оғоз намуда, худро аз муҳтоҷию нодонӣ ва ҷаҳолат раҳо бибахш. Зудтар биомӯз ва соҳиби маърифат бигард.»
Китоб, инчунин, мақолаҳои ҷудогонаи муаллифонро перомуни арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ, корҳои беруназсинфӣ дар муассисаҳои таълимӣ, дар руҳияи ҷавонмардӣ тарбия намудани насли наврас, одоби меҳмонӣ ва меҳмондорӣ ва ғайра фаро гирифтааст, ки омӯзанда ва ибратбахш мебошад. Дар умум, китоби муҳаққиқон Д.Маҳкамов ва С. Усмонов барои устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамчун сарчашмаи иловагӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо хидмати арзанда хоҳад кард.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омузгор»