ТАЪРИХИ МОНДАГОРИ ИҶЛОСИЯИ ТАКДИРСОЗ ХОТИРАҲОИ ТАРҶУМОН

Мо дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Халқи тоҷик аз он рӯзи саиду фархунда, фирӯзу нусратбахш дар бадали чоряк аср аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард.

Муҳимтарин падида он буд, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу салоҳ ва ваҳдат пойдор гардид. Ба ҳамин муносибат омӯзиши таърихи Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.

Имрӯз бо гузашти зиёда аз сӣ сол барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараккиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчӣ зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустакили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти ба асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор шуда буд. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад. Ифтихор аз он, ки маҳз ҳамин Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда. давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.

Ба андешаи ман, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози миллат масъулияти бузург дар он зоҳир мегардид, ки мо вазифаҳои муҳиму таърихии ба дӯшамон вогузорнамудаи ин иҷлосияи сарнавиштсозро бояд иҷро мекардем. Хамчун тарҷумони Иҷлосияи такдирсози миллат, дар давоми 18 рӯзи Иҷлосия мавод. гузоришу нуткҳои иштирокчиёни Иҷлосияро ба се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума мекардам. Дар тайёрӣ, газаронидан ва ҷамъбасти кори иҷлосия зиёда аз як моҳ ҳамчун тарҷумон фаъолияти пурсамар бурдам. Хушбахтона, мо тавонистем бо такя ба хиради азалӣ ва дастгирии мардуми бонангу номуси тоҷик вазифаҳои муайяншударо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ сарбаландона амалӣ намоем. Иҷрои ин вазифаи муҳимро мо як ҷузъи ҳисоботи худ дар назди Ватан, давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон меҳисобем. Бояд зикр намоям, ки эҳёи давлатдории миллӣ аз масъалаҳои меҳварии таърихи муосири мо ба шумор мерафт, зеро бе мавчудияти давлати миллии мустакил амалӣ гардидани орзуву ормони деринаи халки тоҷик ва ҳадафу барномаҳои Ҳукумати кишвар ғайриимкон буд. Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки барои мо имконияти давлатдории миллӣ баъди ҳазор сол муяссар гардид. Агар ин давлати ҷавон дар гирдоби ғаразҳои бадхоҳони миллати тоҷик фурӯ мерафт. руҳи ниёгон ва наслҳои ояндаи миллат моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар шаҳри Хучанд баргузор гардидани Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи наҷоти давлат ва миллат мебошад. Дар иҷлосия намояндагони давлатҳои ҳамсоя ва дӯст — намояндагони шахсии Президентҳои давлатҳои Федератсияи Россия (Сухин Валерий Яковлевич, Каноровский Михаил Алексеевич, В. В.Гритсиан), сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сенкевич Мечислав Иванович, ИМА (сафири ИМА дар Осиёи Миёна — Тошканд), Ҷумҳурии Қазокистон (ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷӣ — Токаев Касымжомарт (ҳоло Президенти Қазокистон), ходими раёсати КБМ-ҳоло(аз соли 2012) сафири фавкулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазокистон дар Тоҷикистон Смагулов Агибай Динкенович), Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷӣ Аскар Чингизович Айтматов), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷӣ Шаҳобиддин Сироҷевич Зиямов) ва дигарон иштирок намуданд. Ба меҳмонони хориҷӣ ҷонишини аввали раиси МИҲД, вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Солихӯча Маҳмудов, аз ҷумла, мудири шуъбаи муносибатҳои байналхалкии дастгоҳи МИҲД, вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Бахтиёр Ашӯров, тарҷумонҳо — Эргаш Сулаймонов — ба забони англисӣ, Пӯлод Ҷалилов ва забони русӣ (шодравонҳо) банда ба забони тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ шабу рӯз ба вакилони мардумӣ ва бо меҳмонони хориҷӣ будем. Тарҷумонҳо 10 ноябри соли 1992 аз суҳбат-озмун (аъзои комиссия — раиси вилоят Абдучалил Ҳомидов, ҷонишини аввали раиси МИҲД, вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Солихӯча Маҳмудов, аз ҷумла, мудири шуъбаи муносибатҳои байналхалкии дастгоҳи МИҲД, вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Бахтиёр Ашӯров, олим Сайдулло Абдуллоев гузашта, зиёда аз як моҳ (аз 10 ноябр то 15 декабр) фаъолияти ташкилотчигию ташаббускорӣ бурда будем.

Вакилони мардумӣ дар рафти иҷлосия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд. 19 ноябр Эмомалӣ Шарипофич Раҳмонов Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар айни замон иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт. Ҳамчунин, ҷонишинони раис интихоб шуданд. Дар асоси муҳокимаи ҳаматарафа Сарвазир, ҷонишинонии он, 21 вазир. Раиси 8 комитет таъин карда шуд. Натичаи он ҳамин буд, ки дар маҷмӯъ. 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки накши онҳо чиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст. Дар ҳалли масъалаҳои асосии Иҷлосия накши давлатҳои дӯст ва ҳамсоя дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело калон аст. Мазмун ва моҳияти ҳуҷҷатҳои иҷлосия, маводҳои рӯзномаҳоро («Ленинабадская правда». «Ҳакикати Ленинобод») ба меҳмонони хориҷӣ ва вакилони мардуми тарҷума карда мефаҳмондем. Мо дар Иҷлосияи такдирсози миллат XVI иштирок намуда, барои дар шароити орому осоиштагӣ гузаштани иҷлосияи таърихӣ ва қабул карда шудани қарорҳои муҳим, барои барпо намудани ҳукумати қонунӣ ҳамаи иштирокдорон саҳми арзанда гузошта буданд. Дар ин масъалаи муҳим хизмати ҷонишини аввали раиси вилоят Солиҳӯча Маҳмудовро алоҳида қайд кардан зарур аст. Он кас ба таъмини бехатарии иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз ва таъмини иқтисодии он роҳбарӣ мекарданд. Дар ҳакикат, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ-умумичаҳонӣ дорад. Аз ин рӯ, ин иҷлосия дар таърихи мамлакат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ аз таърихи Иҷлосияи XVI идома дорад.

Сафар ЭРКАЕВ,
иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи “Археология, этнография ва диншиносӣи факултети таърих ва ҳукуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров