САҲИФАИ НАВИ ТАЪРИХИ ТОҶИК

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёси мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз ин иҷлосия давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсози, созандаги ва бунёдкори оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад.
Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.
Иҷлосияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХV1 муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишвар тасдиқ гардид, ки он аз тарафи Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуда буд. Иҷлосияи ХV1 собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Дар маҷмуъ, Иҷлосияи XV1 Шурои олӣ 74 қонуну қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Иҷлосияи XV1 Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом дод:
— роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;
— сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;
— хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;
— тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;
— самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд;
— мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Аҳамияти дигари Иҷлосияи ХVT, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд. Маълум аст, ки авзои ноороми сиёсӣ, ки дар натиҷаи бархӯрди қувваҳои гуногун ба миён омада буд, якеро дидаю дониста, дигареро аз рӯи нофаҳмӣ, сеюмиро аз рӯи ғараз, чорумиро бо мақсади муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба майдони даргирию қонуншиканиҳо кашид. Дар чунин вазъ гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ кардан ғайриимкон буд. Бинобар ин, Ҳукумати тозатаъсис бо дарки масъулияти баланд ва риояи принсипҳои башардӯстона ҳамаи онҳоро авф намуд.

Р.РУСТАМОВ,
дотсент, мудири кафедраи таҳлили ицтисодӣ ва омории
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон