НАҚШИ ОЗМУНҲО ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ХОНАНДАГОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри азхуд кардани донишҳои замонавӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва тадриҷан муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир таъмин гардида, ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ин ҳама имкон фароҳам меорад, ки наврасону ҷавонон забонҳои хориҷиро биомӯзанд, аз технологияи иттилоотӣ бархурдор гарданд ва донишҳои замонавиро ҳар чи бештар азхуд намоянд. Ҳамин аст, ки сол то сол дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ бештар гардида, дар ин самт кишвари мо дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. Дар баробари ин, барои дарёфти хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат озмунҳои зиёд байни хонандагон гузаронида мешавад, ки дар муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва қадрдонии онҳо мусоидат мекунанд. Дар умум, ин ҳама баҳри пешравии маорифи кишвар нақши муассир мегузоранд. Инчунин, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азиз ман» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардиданд, ки барои дарёфти чеҳраҳои илмиву фарҳангии кишвар нақши муассир мегузоранд. Озмунҳои мазкур ба дарёфти истеъдодҳо, тарғиби мутолиаи китоб, омӯзиши фарогири илмҳои бунёдӣ, шинохти таъриху фарҳанг ва худшиносиву худогоҳии миллӣ равона гардидаанд.
Дар ин навишта танҳо баъзе мулоҳизоти хешро дар бораи оз- муни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён мекунам. Дарвоқеъ, ин озмун тавонист аҳли ҷомеаро ба омӯзиши васею ҳамаҷонибаи асарҳои бадеӣ ҷалб бинмояд ва шавқу рағбати наврасону ҷавононро ба омӯзиши осори бадеӣ зиёд гардонад. Дар бораи нақши озмунҳо дар рушду та- факкур ва пешрафти насли нав- рас Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «…ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад».
Инчунин, дар ин самт дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ китобхонаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» (иборат аз панҷоҳ ҷилд), ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб… тавонистанд ба ҷалби бавусъати хонандагон ба омӯзишу мутолиа мусоидат кард. Мушоҳида мегардад, ки шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеӣ зиёд гардида, баҳри тақвияти андешаву тафаккури хеш мунтазам талош мекунанд. Зеро озмуни мазкур метавонад, аз як тараф, тафаккури хонандагонро рушду такомул бахшад, аз ҷониби дигар, онҳоро сухандону суханвар ва донишманд гардонад.
Ба ҷалби наврасон ба омӯзишу мутолиа дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ таваҷҷуҳ бояд намуд ва онҳоро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихорӣ миллӣ ба камол расонд. Аз ин рӯ, мо — устодону омӯзгоронро мебояд, ки дар тарбияи насли созандаву бунёдкор ва ватандӯст ҳамвора талош кунем.

Шаҳноза РАУФОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи 1-и
шаҳри Бӯстон