ЗИМИСТОН ДАР МЕКУБАД

Дар хусуси рафти омодагиҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 суҳбате доштем бо мудири бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Н. Амирализода. Мавсуф дар боби омодагиҳои муассисаҳои таълимӣ ба зимистони дар пешистода маълумот дода, зикр кард, ки имрӯз дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тибқи нақшаи тасдиқшуда, ба миқдори 2707 тонна ангишт, 12 918 м3 ҳезум, 17 971литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Ҳамчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли сармо 113 адад буғхона, 3636 адад печи барқӣ ва 5321адад печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Барои шиносоӣ аз вазъи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин дидан кардем. Тибқи маълумоти раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб айни ҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимии шаҳр 330 тонна ангишт, 397м3 ҳезум захира карда шудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо маводи сӯзишворӣ пурра таъмин мебошанд. Имрӯз аз 43 муассисаи таълимии дар деҳот фаъолият дошта, танҳо муассисаҳои таълимии № №4, 10, 11, 12, 14, 15, 18, 21, 22, 23, 24, 25, 27, 30, 31, 34, 35, 41 ва 44 пурра бо ангишт таъмин гардиданд. Дар шаҳр 47 муассисаи таълимӣ ва 9 кӯдакистон бо барқи озод пайваст мебошанд. Аз 29 муассисаи таълимӣ, ки бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд, айни замон 17 адад деги буғӣ дар ҳолати корӣ мебошанд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Х. Шоймардонов иброз дошт, то имрӯз ба муассисаҳои таълимии ноҳия 975 тонна ангишт, 1200м3 ҳезум ва 220 литр сӯзишвории дизелӣ дастрас гардидааст. Барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 358 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардида, то ба имрӯз бо маблағи 325 ҳазору 500 сомонӣ маводи сӯзишворӣ харидорӣ шудаст. Дар ноҳия 9 муассисаи таълимӣ ва як кӯдакистон ба барқи озод пайваст буда, 9 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд. Аз ҳисоби ҷамъоатҳои деҳот ба муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 1050м кубӣ ҳезум кумак карда шудааст.
Корҳои омодагӣ ба фасли зимистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насимҷон Ғоибзода бармеояд, ки омодагиро ба фасли сармо дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанӯз аз аввали моҳи август оғоз намуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон шартномаи байни тарафҳо бо маъмурони кони ангишт баста шуда буд. То имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия бо 910 тонна ангишт, 500м3 ҳезум ва 5000 л сӯзишвории дизелӣ таъмин шудаанд. Имсол барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 782 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва маводи сӯзишворӣ пурра харидорӣ шудааст. Дар муассисаҳои таълимии №54 (директораш М.Холмуродова), №18 (директораш Ш.Камолов), литсейи давлатии №1 (директораш А.Раҳимов) ва гимназияи давлатӣ (директораш Ғ. Ҳайдаров) омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар якҷоягӣ бо АВО-и муассиса, кормандони ҷамоати деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ, маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, ҳезум ва сӯзишвории табииро дар анборҳои муассиса пурра захира кардаанд. Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод фасли зимистон серборишу сербарф ва хунуку тӯлонӣ меояд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Иброҳимов дар хусуси омодагиҳо ба фасли сармои имсола гуфт, ки аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола барои харидорӣ намудани 87 тонна ангишт, 2427 куб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелӣ 337 ҳазору 635 сомонӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол 87 тонна ангишт ва 2178куб ҳезум, 2000литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ гардида, дар анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия захира карда шудааст. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 301 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар ноҳияи Ш. Шоҳин рафти омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони дар пешистода хуб ҷараён дорад. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев иброз дошт, то имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 177 тонна ангишт, 2148м3 ҳезум ва 2200 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омузгор»