БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Боиси таассуф аст, ки имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои олам дар зери ниқоби арзишҳои динӣ паҳн шуда, ба амнияти кишварҳои гуногун хатари бузург эҷод мекунад.
Намояндагони ин гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал насли наврасу ҷавонро ба доми худ мекашанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва сатҳи дониши дунявӣ ва диниашон паст аст. Қобили қайд аст, ки дар мубориза ба муқобили ифротгароён ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир муассисаҳои таълимӣ нақши калидиро мебозанд. Дар ин робита омӯзгорон бояд маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро доимо баланд бардошта, робитаи худро бо волидони хонандагон пурзӯр намоянд, зеро агар оила дар рафъи ин мушкилот таъсиргузор набошад, фаъолияти таълимгоҳу оила чандон самарабахш намегардад. Маълум аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои иттилоотӣ-тавзеҳӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуда, хатари таҳдиди ифротгароӣ ва терроризм фаҳмонида мешавад.
Бояд гуфт, омӯзгоре, ки бо неру ва иқтидори зеҳнӣ ва тафаккури пешрафта мусаллаҳ аст, метавонад дар муассиса хонандаро ба сӯйи хирадмандӣ ва донишандӯзӣ ҳидоят созад. Агар омӯзгор фаҳмиши баланди илмӣ дошта бошад, тарзу тариқи фаҳму дарки олам, ҳаводису воқеот ва бурду бохти ҷаҳонро бо диди тоза ва орӣ аз таассубу хурофот ба хонандагон мерасонад. Мутаассифона, нотавонбиноне ҳастанд, ки аз дини поки Ислом истифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ-террористӣ ташкил менамоянд ва ба ин васила, мехоҳанд, мақсадҳои ғаразноку нопокашонро баҳри ба даст овардани ҳокимият истифода баранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон таъкид карданд, ки терроризм ва экстремизм аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир буда, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид мекунанд.
Ин гуфтаҳо моро водор мезозад, ки тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоем, то ки хонандагон бо рафтор ва дониши худ хатари терроризмро ба хубӣ дарк намоянд.
Баҳри зиндагии шоиста, ахлоқи солим, тарбияи дурусти наврасон дар муассисаҳои таълимӣ, дуруст омӯхтани расму оини пешқадами ниёгон ва мероси гузаштагон зарур аст. Оила ва муассисаҳои таълимӣ ба тарбия ва таълими кӯдакон ва наврасон бояд ба таври ҷиддӣ машғул шаванд.
Дар баробари ин, дар ташаккули арзишҳои ахлоқию маънавии ҷавонон воситаҳои ахбори умум нақши муассир доранд ва дар татбиқи арзишҳои фарҳангӣ ва умумибашарӣ саҳми шоиста мегузорнад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар раванди дарсҳо аз матбуоти даврӣ ба таври фарогир ва самаровар истифода намоем.

Саъдулло ХОЛМАДОВ,
директори МТМУ №13-и
ноҳияи Рудакӣ