БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

13 октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовинони вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ва Шукрулло Хайрзода аз муассисаи таълимии томактабии №134 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуданд.

Зимни боздид аз муассисаи таълимии томактабии №134 маълум гардид, ки дар ин муассиса як қатор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, риоя нагардидани реҷаи корӣ дар муассиса, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон, омода набудани муассиса ба фасли зимистон, хусусан, захира накардани маводи хӯрока барои фасли тирамоҳу зимистон, дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани муассиса, набудани майдончаҳои ба талабот ҷавобгӯ барои машғулиятҳои кӯдакон, истифода нашудани заминҳои наздимуассисавӣ, доир нашудани шанбегиҳо аз ҷумлаи камбудиҳое буданд, ки ба мушоҳида расид.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 аён шуд, ки корҳои тарбиявӣ дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар саҳни муассиса ва роҳравҳои он хонандагон бо якдигар бо алфози қабеҳ суҳбат мекарданд. Ба талабот ҷавобгӯ набудани майдончаҳои варзишӣ, баргузор нашудани шанбегиҳо, дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қуттиҳои партов ва дар ҳолати ғайри санитарӣ қарор доштани муассиса аз ҷумлаи дигар камбудиҳое буданд, ки ба назар расид.

Ба роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар давоми як ҳафта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намояд.