ИДИ ФАЙЗУ ЭҲСОН

Аз ниёгони соҳибхираду маърифатпарварамон ба мо дар баробари осори моддиву маънавии фаровон боз расму оине ба мерос мондаанд, ки хеле рангину пурмуҳтавоянд ва яке аз онҳо Меҳргон ном дорад. Ин ҷашн домани васеъ дошта, маъмулан дар доираи тирамоҳ пас аз фориғ шудани кишоварзон аз гирдоварии ҳосил таҷлил мешавад.
Дар тавсифу ситоиши Меҳргон аҳли адаб ҳикояту ривоят шеъру қитъаҳои зиёд гуфтаанд. Ин ду байт аз Манучеҳрии Домғонист:

Меҳргон омад, ҳон, дар бикушоедаш,
Андар ореду тавозуъ бинамоедаш.

Меҳргон бо таърихи тӯлонии худ дар байни мардуми ориёинажод ҳамчун ҷашни меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон, тантанаи пурнишот аз ҳосили фаровон, рамзи некию накукорӣ таҷлил мешавад. Дар сарчашмаҳои бостонии таърихӣ Меҳргон бо номҳои Митракона ва Митра зикр гардидааст. Ин ҷашни бошукӯҳ аслан бо кишоварзӣ ва кори пурсамар иртиботманд мебошад. Ончунон ки аз муҳтавои ҳамосаҳои қадимӣ бармеояд, Фаридун дар Меҳргон бар Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд занҷирбанд мекунад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Меҳргон, махсусан, дар аҳди Сосониён бо тантанаҳои бардавом ҷашн гирифта мешудааст. Таҷлили Меҳргон шабоҳати зиёд бо ҷашни Наврӯз дорад. Ба истиқболи Меҳргон мардум хонаву ҳавлиашонро тозаю озода мекарданд, манзилашонро меоростанд ва гирду атрофро ба тартиб меоварданд. Дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон (Меҳргон якчанд рӯз таҷлил мешуд) одамон ҳамдигарро табрик гуфтаву ба ҳам ҳадяҳо месупориданд. Ифодаҳои Меҳргони бузург ва Меҳргони кучак маъмул буданд. Аввалӣ ба аъёну ашроф иртибот дошту дувумӣба доираҳои васеи одамон.
Дар аҳди Шуравӣ дар қатори Наврӯз ҷашни Меҳргон низ бар асари сиёсати замон ба маҳдудиятҳо дучор омад. Дар як давраи муайян Меҳргонро ҳамчун иди Ҳосилот дар поёни фасли тирамоҳ таҷлил менамуданд, ки бештар хусусияти намоишкорона дошт ва як навъ нақши расмиятро мебозид. Танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон Меҳргон умри дубора дарёфт. Умуман, истиқлол ба эҳёи кулли расму оини фархундаву манфиатбори халқи тоҷик мусоидат кард, то ба сатҳе, ки ҷашни Наврӯзи мо мақоми ҷаҳонӣ дарёфт. Барои эҳёи анъанаҳои дерини мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ доданд. Сарвари кишварамон борҳо таъкид намудаанд, ки расму оини халқ ганҷинаи гаронбаҳои маънавии миллат мебошад ва онҳоро ҳифз бояд карду ба ояндагон мерос бояд гузошт. Дар расму оини мардумон орзую умед, хулқу атвор ва хостаҳои онҳо ифода меёбанд. Аз ин лиҳоз, албатта, Меҳргон низ истисно нест. Аз соли 2009 тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Меҳргон дар саросари мамлакат таҷлил мешавад. Ҳамбаста ба ин бисёр русуми марбут ба Меҳргон аз нав мавриди иҷро қарор гирифтанд. Ҳамакнун, сол то сол ин фархундаҷашн шукӯҳу шаҳомати бештар дармеёбад ва дар таҷлили он хурду калон ширкат меварзанд. Албатта, дар маркази ҷашн кишоварзон қарор мегиранд, зеро Меҳргон, пеш аз ҳама, шукргузорӣ аз ҳосили гирдовардаи деҳқонони заҳматкаш аст, ҷашни серию пурӣ, фаровонҳосилист.
Ба шарофати ҷашни Меҳргон кишоварзон меҳнати яксолаи худро ҷамъбаст мекунанд ва ба ин муносибат тантана меороянд. Ин тамоман мантиқист, зеро ҳосили кишоварзон рамзи фаровонист ва идомаи ҳаёти осоишта мебошад.
Дар таълимгоҳҳои ҷумҳуриамон низ ҷашни Меҳргон шукӯҳу шаҳомат ва муҳтавои хос дорад. Таҷлили ин ҷашн хонандагонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавии миллат тарбия мекунад. Дар китобҳои дарсӣ ва дастурҳои дигари таълимӣ оид ба ҷашни Меҳргон маълумоти ҷолиб оварда шудааст.

Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Ин байт аз мақому мартабаи баланди ҷашни Меҳргон гувоҳӣ медиҳад.

Дилоро ШАФИЕВА,
омӯзгори мактаби №100-и шаҳри Душанбе