ҲАЗАР АЗ ФИТНАИ БАДГАВҲАР

Ифротгароӣ дар замони муосир падидаи номатлубе гардидааст, ки хатарноктар аз офату бемориҳои сироятии ҳамагир мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки ин падида нав нест ва ҳар лақза имкон дорад, ки 6а ҷони қар як сокини сайёра хатари ҷиддӣ дошта бошад.
Барои баланд бардоштани нақши созандаи ҷавонон дар замони муосир ва таъмини амнияти динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии кишвари мо омӯзиш ва дарки бештари ин масоил муҳим ва саривақтӣ аст. Маҳз ин омил боис бар он мегардад, ки оқибатҳои манфури онро ҷомеа, бахусус, насли ҷавон, ки бештар пойбанди он мегарданд, дарк намоянд. Омилҳои зиёде мавҷуданд, ки боиси ба ин роҳ бурдани ҷавонон гардидаанд, аммо муҳимтарини онҳо дар тарозуи ақли хеш насанҷидани масъала, набудани фаъолияти рӯзмарра, яъне бекорӣ ва эътиқоди нодурусти динӣ ба шумор меравад. Инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, омилҳои дигари ҳалкунанда дар устувории умумии идеологии ҷавонон дар шароити соҳибихтиёрӣ мебошанд. Омӯзиши ин падидаҳо, пеш аз ҳама, бояд дар мактабҳои миёна ба роҳ монда шавад, чун ин мафкура аз замони наврасӣ, мутаассифона, дар шуури насли наврасу ҷавонон ҷо гирифта истодааст. Барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар ин баробар барномаҳоеро метавон роҳандозӣ намуд, ки пеши роҳи ин падида гирифта шавад. Аксарияти он ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, дар муҳоҷират қарор доштаанд. Дониши касбию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгор надоштан, донишҳои динӣ ва дунявиашон сатҳӣ, миёни ҷавонони дар муҳоҷират қарордошта боис бар он гардидааст, ки чунин шахсон луқмаи осон ва муфти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд. Васила ва ё худ воситаи асосии ҷалби ҷавонон дар муҳоҷират аз ҷониби мубаллиғони гурӯҳҳои террористиву ифротгаро маҳз ваъдаи додани маблағҳои зиёд аст, ки бо ин роҳ ҷавононро ба доми худ меафтонанд ва ҳангоми ба мақсади нопоки худ расидан ваъдаҳои дар ибтидо додаашонро ба ҳеҷ ваҷҳ иҷро намекунанд. Бо гузашти вақт чун ин роҳ ва оқибатҳои он барои ҷомеа ошкор гардид, гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дигар усулҳо, аз ҷумла, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Тарғибу таблиғи ғояҳои ифротгароӣ, наворҳои гуногун ва даъватҳои динии хусусияти экстремистиву террористидошта дар шабакаи интернет ба роҳ монда шуд, ки ин усул ҳазорҳо ҷавонони дур аз тафаккури созандаро ба доми хеш андохт. Акнун масъалаи асосӣ ва марказӣ он аст, ки бо ин роҳи макру ҳиял аввал онҳоро ба доми хеш мекашанду барои анҷом додани амалҳое, ки паёмадҳои ногуворро ба бор меорад, роҳбаладӣ мекунанд.
Мутаассифона,   имрӯз доираҳои манфиатдори хориҷӣ нисбат ба ифротгароии динӣ аз сиёсати духӯра истифода мекунанд, ки ин раванд дар масъалаи пеши роҳи муборизаро гирифтан ва коҳиш додани он замина мегузорад. Вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як ҷавони худогоҳи кишвар тақозо менамояд, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода, дар мубориза ба муқобили ин гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва паҳнкунандаи ақидаи экстремистӣ заминагузор бошанд. Моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ тарбия ва ба камол расонем. Зеро қувва ва неруи асосии пешбарандаи ҳокимият дар ҳама давру замон маҳз насли ҷавони ҳар як кишвар ба шумор меравад.

Шодонҷон СУЛТОНОВ,
муовини сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”