КОМЁБИҲОРО БОЯД АФЗУН КАРД

Гузориш аз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли равон

10-уми октябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати мудофиа, Академияи миллии илмҳо, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии     касбӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ   ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллї ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.
— Мову шумо ҳанӯз ҳам таҳти таассуроти амиқи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалй ибни Сино ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ироа гардиданд, инчунин, Паёми табрикии Пешвои муаззами миллат, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бори аввал бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн садо дод, қарор дорем. Ин таваҷҷуҳи Роҳбари олии мамлакат мову шумо, масъулини соҳаро водор месозад, ки дар татбиқи ҳамаҷониба ва густариши ин соҳаи афзалиятноки мамлакат масъулияти баланд нишон дода, рисолати касбии худро дар назди ҷомеа ва давлату миллат содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоем, то соҳаи маориф ва илм рушд кунад, мақоми омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шавад,-зикр кард вазири маориф ва илм Р.Саидзода.
Дар идома иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ҷиҳати таҷдиди назар намудани стандарт, нақша ва барномаҳои таълимї дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак аз таваллуд то 7-сола таҷдиди назар гардида, бори аввал нақшаҳои таълимии муассисаҳои томактабї тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабй таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабї, дастрасї ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатї ва хусусї Барномаи рушди муассисаҳои томактабї ва таҳсилоти умумии хусусї барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди муассисаҳои томактабї ва таҳсилоти умумии хусусї барои солҳои 2022-2027 дар марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024 таҳия, бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ (Душанбе 7, Суғд 7, Хатлон 6 ва НТҶ 2 муассиса) таъсис дода шуд.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд- 285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муас- сиса бештар мебошад.
Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ- 277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.
Дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 940 кати хоб, 470 ҷуфт мизу курсии кӯдакона, 470 ҷевон барои либоси кӯдакон, 188 ҷевон барои бозича, 94 мизу курсӣ барои мураббиён харидорӣ ва дастраси муассисаҳо гардонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 таҳия карда шуд, ки пас аз мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар соли таҳсили 2021-2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3940 адад буда, шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 128827 нафар (80170 зан), аз ҷумла дар ВМКБ 5 572 нафар (3 458 зан), вилояти Хатлон 46227 нафар (26004 зан), вилояти Суғд 39515 (26520 зан) нафар, шаҳри Душанбе 11213 (8716 зан) нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 300 (15472 зан) нафарро ташкил дод.
Соли равон, барои зинаҳои 2-юм ва 3-юми таҳсилот 24 олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, аз ҷумла, 13 олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо 6530 нафар хонанда иштирок намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2287 нафар зиёд мебошад.
Соли 2022 5745 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 27 олимпиадаи фаннии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 1585 медал (259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли 2021 938 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.
Дар мавсими тобистони соли 2022 дар ҷумҳурӣ 3217 истироҳатгоҳ, аз ҷумла,  33 истироҳатгоҳи берун аз шаҳрӣ, 1478 истироҳатгоҳи наздимактабї, истироҳатгоҳи меҳнатї, истироҳатгоҳи истироҳатгоҳи беҳдоштй, 10 наздиинтернатӣ истироҳатгоҳи фаъолият намуда, 259242 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб карда шуданд.
Дар ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 83 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 9925 нафар хатмкунанда 8296 нафар (83,6 %) ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 26695 нафар 26335 нафар (98,6 %) муассисаҳои таълимиро хатм намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ озмуни довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 62 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид.
Яке аз масъалаи муҳим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин қабули довталабон ба муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2022-2023 ба шумор меравад. Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2022-2023 тибқи нақшаи қабул ба 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 66 ҳазору 668 ҷой ҷудо гардидааст. Айни замон, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, дар маҷмуъ, 41 367 нафар донишҷӯ қабул гардид, ки 62 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ озмуни Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷамъбаст гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 нафар ғолиби озмун ба ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ 3435 нафар кадрҳои илмӣ фаъолият намуданд, ки аз онҳо 706 нафар доктори илм — 21% (аз ин 127 нафар занон — 3,7%) ва 2729 нафар номзади илм — 79% (аз ин 957 нафар занон — 28%) мебошанд. Вале шумораи олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ қонеъкунанда набуда, ҳамагӣ 286 нафар — 8,3% (аз ин 56 нафар занон — 1,6%)-ро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли 2022 тавассути 63 шурои диссертатсионӣ 275 диссертатсия ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, ки аз он 224 диссертатсия тасдиқ гардидааст.
Дар ҷумҳурӣ айни ҳол 18 шурои дессертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия фаъолият менамояд, ки дар ин шуроҳо 16 нафар рисолаи докторӣ ва 66 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.
Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вазорат дархост пешниҳод мегардад. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022¬2023 ба 3406 нафар пешниҳод гардида буд.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши вазири маориф ва илм ба тасвиб расид. Тибқи маълумоти омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти ми- ёна ва олии касбӣ соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 (миёнаи касбӣ 1830, олии касбӣ 5323) нафар хатм намуданд.
Вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4347 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ 3142 нафар бо маълумоти таҳсилоти олии касбӣ ва 1205 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ бо роҳхати вазорат сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз 3406 нафар ба ҳолати 30.09.2022 ба 351 нафар расонида шуд.
Яке аз падидаҳои дурахшон дар самти робитаҳои байналмилалӣ ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ бо иштироки сарони ду кишвар: Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин-Президенти Федератсияи Россия мебошад.
Дар ин давра ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Россия, Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кувайт гузаронида шуданд. Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои муқаррароти протоколҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо кишварҳои Россия, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия, Япония, Корея, Ӯзбекистон, Венгрия Покистон, Эрон, Австрия Туркманистон, Ҳиндустон як қатор чораҳои амалӣ андешида шуд.
Рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи маориф гузаронида шуда истодааст, аз афзоши маблағгузории он вобастагӣ дорад. Соли 2022 барои соҳаи маориф 6 млр. 304 млн. 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд мебошад.
Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 35031 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ба маблағи 21 млн. 200 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд, ки нисбати нақшаи нуҳмоҳа 98,14% ва нисбат ба нақшаи солона 70,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар идомаи маърӯзаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм Р.Саидзода фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самти аудит ва санҷишҳои аудитӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Маркази матбуотро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод. Дар охир таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳои зиёде ҳанӯз ҷой доранд ва ҷиҳати иҷрову бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо дорад.
Дар идома, Аминҷон Мирзоқанд-сардори раёсати маорифи ВМКБ, Алмос Шоҳиён-ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Гулхумор Ҳусейнзода
— директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ва Наҷмиддин Зайниддинзода — директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода доир ба масъалаҳои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳо, баланд бардоштани сифати таълим, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва чанде дигар андешаронӣ карда, таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Саидзода ҷамъбаст намуда, вобаста ба масъалаи баррасишуда ва таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарори дахлдор қабул гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм