????????????????????????????????????

МАКТАБШИНОСОНИ СОҲИБНОМ

Ёдам меояд. Соли 2012, моҳи январ. Зимистон, барфи баланд борида. Аз дари ҳуҷраи корӣ марде қоматбаланду босалобат, ки шукӯҳу ҷозибае дар зоҳираш муҷассам гардидаву нигоҳи чашмонаш хаёлманд, палто ба тану кӯлоҳи зимистонӣ дар сар ва асо дар даст батамкину солорона ворид шуд.

Аз Марямбоную Саида ҳолу аҳвол  пурсид  ва  ба ман,  ки  тоза  ба  кор  шуруъ карда будам, бо тааммуқ нигарист, ба саломам  алейк  гирифт  ва  ба курсие  нишаст.  Фазою  муҳити дафтари корӣ  барфавр  тағйир ёфт, садои хандаю суҳбати гарми дилрас бо ба ёдоварию  таассуроти  хотираҳо  ва  радду  бадали андешаю афкор дар доираи  мавзуоту  масоили  маориф,  таълиму тарбия дар дафтари корӣ танин андохт. Марди солманд  ҳангоми гуфтугӯйи хушоянду  ҷолиб  дубора сӯям мутаваҷҷеҳ шуд ва дигар  инони  сабру  таҳаммулро  аз даст  дода,  пурсупосам  кард.  Чун ному насабамро шунид, ба пирию солхӯрдагияш нигоҳ  накарда, бархост аз ҷо ва чанд гоме гаронборона гузошта, оғӯши пурмеҳру падарона  кушод,  мо  шабеҳи  шиносони  дерину  қадим  ба  чашмони  ҳамдигар  менигаристем. Аз шӯру  шааф  ва  шавқи дидор нахуст шуълае дар хонаи чашмони марди  солманд  афрӯхта гардид, сипас, ашк  ба  тадриҷ  мавҷ  зад дар дидагонаш. Ман бори нахуст (ҳарчанд ғоибона хуб мешинохтамаш) аз наздик устоди доно ва дар ҳалли  мушкилоти  соҳаи  маориф тавоно,  мактабшиносу  педагоги  варзидаву ҳирфаӣ Ҳабибулло Искандаровро вохӯрда, гӯё сарвати  ҳангуфтеро ба каф оварда бошам, ҷилави суханро  раҳо карда,  мутааҷҷиб ва лолу  хомӯш монда  будам.  Пири  мактабшиносон  бо  шавқу  ҷозиба  ва  бо ҳавсала як-як навиштаҳоямро, ки дар  нашрияҳои  даврии  вақт  ба табъ  расида  буд,  тавсиф  карда, ҳар  замон  «бале,  нағз,  офарин, хуб  навиштаӣ, маълум, маълум, ки аз пасту баландӣ ва мураккабию печидагиҳои таълиму тарбия огаҳии комил дорӣ».

-Аз  ин  бархӯрди  ногаҳонӣ  сарам  ба  осмон  расид,  Шодиҷон, -лабонаш  ғарқи  табассум  гуфт устоди зиндаёд ва афзуд:

-Насиб бошад,  аз  ин  ба  баъд зуд-зуд вомехӯрем.  Мулоҳизаҳои банда дар боби самту паҳлу ва мушкилоти  соҳа  зиёд аст. Ягон мақолаи  батафсил,  серпаҳлу  ва ҳадафрас иншо хоҳӣ кард… Ва  ҳамин  тавр  ҳам  шуд. Мулоқоту суҳбатҳои  ману  устод, ки дарди мактабу маориф ҳамвора дар  қалбаш  аланга  мезаду  оромаш намегузошт, гоҳ дар идораи нашрия, гоҳ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, гоҳе гирди як пиёла чой сурат  мегирифт.  Мунтаҳо  устод исрор карду ба меҳмонӣ даъватам намуд ва то нисфирӯз андешаҳои мактабшиноси  соҳибқобилиятро истимоъ  кардам.  Воқеан,  устод он қадар дар кураи мактабу маориф  обутоб  ёфта  буд,  ки  тамоми фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рисолату масъулияти сарварони мактабҳо (директору ҷонишинҳои вай), сохтори иттиҳодияҳои методии фаннӣ, кори шуроҳои мавҷуда (шурои методӣ, шурои омӯзгорӣ, шурои  назди директор), амалу тадбирандешиҳои роҳбарони синфҳо, вазъи  таълиму  тарбия, ба  як  сухан  ҷамеи  муҳтавою ғоя  ва  ҳадафи  ба  ном  «назорати дохилимактабӣ»-ро аз ёд медонист ва дар  зимн,  роҳу  шеваҳои рафъи  норасоию камбудиҳоро баён  намуда,  маслиҳату пешниҳодҳояшро  баҳри  хубтару беҳтар  гардидани сатҳу  сифати таълим  ва  донишандӯзии  хонандагони муассисаҳои таълимӣ ошкоро, аз сари сидқу дилсӯзӣ изҳор медошт.  Ҳосили  ин  мушоҳидаҳо ва  суҳбату  вохӯриҳо  очерки «Оламе  ғунҷида дар одам» мебошад, ки дар нашрияи «Омӯзгор» ба табъ  расидааст. Заҳматкашу ранҷбар, беқарору серташвиш ва доим дар  ҷустуҷӯ  буд  ва  соле  ба гунаи  ҳатмӣ  2-3  дастуру китоби илмӣ-методияш ба нашр мерасид. Ҳангоме ки ину он дастуру китобашро  тақдимам  мекард,  изҳор медоштам,  ки  теъдоди  чопашон ниҳоят  кам  аст  (100-200  нусха).

Ҳол он ки ин  дастуру  китобҳоро на кам  аз  1000-нусхаӣ  ба  табъ бояд  расонд, то ки ба мактабҳо дастрас  гардад  ва  дар  заминаи он  роҳбарони  таълимгоҳҳо ва омӯзгорону устодон фаъолияташонро ба таври  густардаву  судманд ба роҳ монанд.

-Аз  куҷо?  –хафаманд  оҳе  кашида посух медод устод. –Ҳамин китобу  китобчаҳоро  аз  ҳисоби маблағҳои  худам  азоб  кашида чоп мекунам. Кош маро дастгирӣ мекарданд, ғами омӯзгоронро мехӯрданд…Ёдаш бахайр! Ингуна боре, худи ҳамон сол ҳамкорамон акаи Абдурауф дар дафтари корӣ дар  хусуси  омӯзгори  физика, устод Тӯрақул Ҷумъаев ҳарф зада, дар омади гап суол дод:

-Устод шуморо ғоибона мешинохтаанд. Дар бораи он кас чи  маълумот  доред?  Ҷавоб  додам, ки оре, ман дар бораи устоди соҳибилму  донишвар  маълумоту нақлҳои  зиёд  медонам.  Муаллим Т.Ҷумъаев  ба  бародаронам,  акаи Бобобеку  Азимхон  ҳаққи  устодӣ доранд,  ба  эшон  дар  ДДОТ  ба номи С.Айнӣ сабақ додаанд. Дар ҳамин асно дари ҳуҷраи кории мо во гардиду марде миёнақади ба мӯяш сафедӣ дамида,  либосҳояш мураттабу зебову шинам, чашмону лабонаш хандарез  чолокона ворид гардид. Акаи Муродӣ мардро ба ман шинос намуд:

-Худе, ки аз суҳбати мо пешакӣ огаҳӣ дошта бошанд, ки ана устод Тӯрақул Ҷумъаев бо пойи худ даромада омаданд.

-Охир,  беҳуда  нагуфтаанд,  ки «дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр, аз рӯйи кина кинаву аз рӯйи  меҳр  меҳр»,  —  дарсоат  ба табассуми малеҳ хитоб кард устод Т.Ҷумъаев.

Ва  суҳбати  рангину  нишотафзои  мо  оғоз  гардид.  Устод чун  дӯсти  дилогоҳ дар бораи  бародарони  бузургам акаи Бобобек ва Азимхон  ҳарф зад, лаб ба таҳсинашон кушод, мазмун, босаводу донишманд  буданд,  аъло мехонданд.

Аз нақли муаллим дарк намудам, ки вай аз ҳамон айёми ба  донишҷӯён  дарс  додан  дар ДДОТ  ба  номи  С.Айнӣ  то  ҳол ба деҳаи мо сафар ва бо муаллим Саттор Нуруллоев равуо доштааст. Устод Т.Ҷумъаев  фаъолияти  омӯзгорияшро  солҳои  60-уми асри  гузашта  дар  деҳаи  Роҳатии ноҳияи  Рӯдакӣ  (он  вақт  Ленин) оғоз намуда будааст. Чандин сол ба  фарзандони  заҳматкашони деҳаҳои Роҳатӣ, Оқчакман, Моинкаҷ, Дуоба аз физика дарс гуфтаву шогирдони зиёдеро ба воя расонида будааст. Баъд барои идомаи кор ва анҷоми таҳқиқоти илмӣ  ба  ДДОТ ба номи С.Айнӣ пазируфта мешавад. Серкор, бағайрат,  неруманд,  ҳирфаӣ, дорои ҷаҳонбинӣ  ва тафаккури фарох дарёфтам устодро. Ҳам ҳини кор дар  мактаби  деҳаи  Роҳатӣ, ҳам  ҳангоми  фаъолияти  устодию таҳқиқотӣ дар донишкада, ҳам вақти ба таълиму тарбияи хонандагон машғул гардидан дар муассисаи таълимии №53-и шаҳри Душанбе Т.Ҷумъаев бо эҳсоси масъулияти баланд,  субҳи  барвақт  ба мактаб  ҳозир  шудаву шомгоҳон ба хона бармегаштанд. «Омӯзгори девкор аст, —  мегуфтаанд дар  бораи ӯ. Ба ҳама кор вақт меёбад. Ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳоди методии фаннӣ аз физикаю математика, гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ,  ташкил  ва  баргузории шабнишинию  викторинаҳои физикӣ – математикӣ, иштирок дар машғулиятҳои  омӯзгорони ҷавон,  тайёр  намудани  хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ва… дигар амалу чорабиниҳои бешумор аз амалҳои бардавому  мутаассили  устод  Тӯрақул  Ҷумъаев маҳсуб меёбанд.  Т.Ҷумъаев  умре вазифаи  ҷонишини директор оид ба таълими  дабистонро  ба  уҳда дошта, феълан ба синну соли худ (он кас ба синни 78 қадам гузоштаанд)  нигоҳ  накарда, мушовири директор оид ба корҳои таълимӣ мебошанд. Роҳи сипаридаи муаллими ҳушманду соҳибтафаккур ва ҷӯёву донишманд аз наҷобату шарофати инсоне ривоят мекунанд, ки кори таълиму  тарбияро  аз зиндагии шахсияш боло гузошта, ба  нафъи  Ватану  миллат  хидмати мондагоре анҷом  медиҳад.  Аз таҷрибаи солиёни зиёд андӯхтааш мақолаю матолиби омӯзандаву ибратбахш иншо мекунад ва пайваста  дар  саҳифаҳои  нашрияи «Омӯзгори ба табъ мерасонад. Хасташавию шикваю шикоят ва дур мондан  аз  кори  таълиму  тарбияро  ҳаргиз  ба  дил  роҳ  намедиҳад.

Дарёдилу  фараҳманду  хушрӯзгор аст устод, ки ҳалолаш бод!

Дар ин росто, шиносоӣ бо мактабшинос, педагоги соҳиблаёқат, муаллифи  китобҳои  дарсии синфҳои 1(«Алифбо»,  ҳамроҳ бо  академик  Муҳаммад Лутфуллозода) ва «Забони тоҷикӣ» барои синфи 3 (бо  ҳаммуаллифӣ) Ибодулло  Абдуллоев  бароям саҳифаи  тозаю  омӯзандае  аз  китоби  зиндагӣ  ба  шумор  меравад. Ҳангоми  фаъолияти  худ  устод И. Абдуллоев дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва  бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки  ҳамсояҳуҷраи  мо буд,  ончунон  серкору  чобук  ва машғули  тадриси  шунавандагони  курсҳо  буд,  ки  аз  ҳайрат даҳони кас воз мемонд.  Баъд  аз нисфирӯз ба таҳриру таҳияи барномаву  стандартҳои  таълимӣ, роҳнамоиҳои дарсӣ ва таълифи  китоби  дарсӣ  (аз  силсилаи «Китобҳои  насли  нав»)  машғул гардида, дар кор ончунон ғарқ мешуду фурӯ мерафт, ки чӣ тавр фаромадани пардаи тирафоми шомро нафаҳмида мемонд. Вай аз мактаби устодон  М.Лутфуллозода ва Ф.Шарифзода бо сари баланд гузашта, ҳамчун  мактабшиноси соҳибфазилат, ки шаклу шеваҳои навтарини таълимро  ҷустуҷӯ, дарёфт ва пешниҳоди шогирдон менамуд, маъруфияти хосаро  соҳиб гардидааст. Бардошту андӯхта ва таҷрибаи педагогии худро дар чандин дастуру китоби илмӣ – методӣ нашр ва пешниҳоди устодону омӯзгорон намудааст. Айни ҳол ба донишҷӯёни  ДДОТ ба номи С.Айнӣ аз фанни педагогика дарс мегӯяд ва дар тарбияву ба камол  расидани  омӯзгорони  оянда саҳми муассир мегузорад.

Ошноӣ  бо  устодони муассисаҳои  шаҳру  навоҳии ҷумҳурӣ  Шарифи  Мирзоҳотам (аз  ноҳияи Хуросон), Мукаррам Мелиев (аз шаҳри  Исфара), Муллоҷон Аҳмадзода (ноҳияи Рашт), шодравон Қайюм  Сангов (аз шаҳри Кӯлоб), Саидаҳмад Набиев (аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ),  Юсуф Шарифов (аз ноҳияи Мастчоҳ), Мирзо Одина (ноҳияи Ҷайҳун),  Шафоат Назар (ноҳияи  Нуробод),  Умарбек  Шарифов  (ноҳияи  Айнӣ),  Муродалӣ Наҷмиддинов,  Мирзоалӣ Содиқов (шаҳри Душанбе), Азимхон Малахов, Бобобек Раҷабов (ноҳияи Рӯдакӣ), Шарифхон Исматӣ (шаҳри Панҷакент), Аниса Ҷӯраева (шаҳри Хуҷанд), Бунафша Ғаниева (шаҳри Душанбе) ва бисёр дигарон бароям рӯҳафзо ва таъсирбахш ҳисоб меёбад. Оре, ин сарсупурдагони ҷодаи таълиму тарбия ҳама соҳибтаҷриба ва дар пешаи омӯзгорӣ маъруфу шинохта мебошанд. Месазад, ки дар васфу ситоиш  ва  бозгӯйӣ  намудани фаъолияти ибратбахшашон рисолаю  китобҳои  пурарзиш  таълиф ва нашр намуд.

Дар  ин  гуфтаи  мо  ҳеҷ муболиғаю  суханбофӣ  вуҷуд  надорад.

Эшон ҳар яке қаҳрамонони даврони моянд. Идатон муборак, устодони азиз!

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»