ПОЯГУЗОРИ ИЛМУ АДАБ

Мутафаккирони ҳар давру замон дар таълиму тарбияи насли наврас мавқеи махсус доштани омӯзгорро таъкид намуда, оид ба масъалаи тайёр намудани омӯзгорони оянда ва сифатҳои шахсии онҳо фикрҳои ҷолиб баён намудаанд.
Ба  қавли  мутафаккирони  форсу тоҷик,  агар  омӯзгорон  ба  тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳо ҳамчун шахсони ҳалиму меҳрубон, ростқавл, поквиҷдон,  фурӯтан, меҳнатдӯст,  хоксор,  поктинат  тарбия ёфта, ба камол  мерасанд.  Дар  ин  бора ақидаҳои  Ҳусайн  Воизи  Кошифӣ  дар китоби «Футувватномаи султонӣ» ҷолиб мебошанд.
Ба таъкиди Кошифӣ, ҳамон кас пири комил,  яъне  омӯзгори  ҳақиқӣ  эътироф мегардад,  ки  шартҳою  меъёрҳои  пешаашро донад ва онҳоро дар худ ташаккул дода бошад.
Кошифӣ оид ба мавқеи муаллим дар ҳаёти ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ  фикрҳои пурқиммат  баён  намудааст.  Ӯ  таъкид мекунад: бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бебунёд бошад.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Ин пири хирад дар ҷойи дигар мефармояд:

Ҳар ки бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.

Адиби барҷаста Камолиддини Биноӣ насли  ҷавонро  даъват  мекард,  ки  устодро азиз доранд  ва  ҳурмату  эҳтиром намоянд.  Касе,  ки  устоди  худро ҳурмат намекунад, ӯ дар ҳаёт ба ҷое намерасад. Биноӣ  ҳурмати  устодро  дар  ҷои аввал гузошта, эҳтироми ӯро нисбат ба падар афзалтар  мешуморад  ва  дар  ин  бора мегӯяд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Бояд таъкид  намуд, ки  дар ҳақиқат, муаллим дар тарбия ва ба  камол расонидани шахси комил ва фозили ҷамъият нақши муассир  мегузорад ва ин ақида дар эҷодиёти Восифӣ боз ҳам равшантару таъсирбаш ифода ёфтааст:

Ҳурмати устод ҳар ки надошт,
Алами илм дар ҷаҳон нафрошт.

Сайидои Насафӣ ҳам мавқеи  муаллимро  баланд  арзёбӣ  кардааст.  У таъкид намудааст, ки  инкишофи  тамоми сифатҳои неки инсонӣ маҳз зери роҳбарии бевоситаи тарбиядиҳанда ба амал меояд. Агар  хонандаро омӯзгор дар овони таҳсил дар мактаб аз таҳти дил таълиму тарбия  диҳад, ӯ, бешубҳа, дар  ҷомеа  соҳибэҳтиром ва  шахси баландмартаба  мегардад. Сайидо дар бораи он, ки ҳеҷ  кас  бе роҳбарии  мураббӣ  одами  комил  ва боэътибори ҷамъият шуда наметавонад, чунин навиштааст:

Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳибном,
Сангро мекунад афлок ақиқи яманӣ.

Оид ба  масъалаи  нақши  муассир  доштани  омӯзгор  ва  мақоми  ӯ  ақидаҳои панду ахлоқии Насриддини Тусӣ хеле ҷолиб мебошанд. Ӯ  таъкид намуда, ки тарбияи насли наврас аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи  санъати омузгорӣ вобаста мебошад. Насриддини Тусӣ нисбат ба омӯзгор чунин талабот ба миён гузоштааст: маҳорати ташкил намудани баҳс, ки исботи раднашавандаро дар худ доро бошад;  боварии  амиқ  ба  сухани  гуфта; нутқи хуб; ба мантиқ баён намудани маводи таълимӣ.
Донишманди номвар Закариёи  Розӣ менависад:  тарбиятгарро  зарур  аст, ки камбудӣ ва норасоиҳои тарбиягирандагонро сари вақт ва ошкоро нишон диҳад ва ҳеҷ вақт аз шогирдон хафа нашавад, бо тамасхур ба  онҳо  нанигарад, нисбат ба онҳо ҳисси нафрат надошта бошад ва аз онҳо хафа нашавад.
Ақидаҳои педагогии  Абуалӣ  ибни Сино  нисбат  ба  пешаи  омӯзгорӣ дар асарҳояш «Тарбияи оилавӣ», «Омӯзишу парвариши мадрасии  фарзанд»  ва  «Тадбири  манзил»  хеле  равшан зикр ёфтаанд.
Абуалӣ ибни Сино дар  назди омӯзгорон-тарбиятгарони  насли  ҷавон як қатор талабот ба миён гузоштааст, ки дар зер чанде аз онҳо оварда мешавад:

  1. Омӯзгор зимни  муносибат  бо кӯдакон нармдил бояд бошад.
  2. Дар ҷараёни  таълим  омӯзгор  бояд усулҳои  гуногуни  таълимро  истифода барад.
  3. Омӯзгор бояд маҳорати муайян кардани хотира ва дигар  қобилиятҳои зеҳнии хонандагонро дошта бошад.
  4. Омӯзгор бояд  дар  хонандагон шавқи  илмдӯстиро  бедор  намояд  ва  хонандагонро мунтазам ба такрори  чизи омӯхташуда талқин намояд.
  5. Фикри муаллим ба хонандагон дастрас бошад.
  6. Ҳар як сухани омӯзгор бояд бо имову ишора ифода ёбад ва таълими бо чунин усул ба роҳ мондашуда дар кӯдакон ҳиссиёти эмотсионалиро ба вуҷуд меоварад.
  7. Пеш аз он ки муаллим ба таълими хонандагон шуруъ кунад, бояд хусусияти фардии ҳар як хонанда ва шавқу ҳаваси онҳоро ба ҳисоб гирад.

Талабот ба омӯзгор ва касби омӯзгорӣ дар замони муосир боз ҳам афзудааст.
Ҳамон нафаре омӯзгори ҳақиқӣ шуда метвавонад, ки агар соҳиби дили бузург боша  два  ба  дунёи  афсонавии  кӯдакон ворид шуда тавонад.
Омӯзгоре, ки мақсади  худро  фақат иборат  аз  дониш  додан  ба  хонандагон медонаду аз онҳо итоати бечуну чароро талаб мекунад, ҳеҷ гоҳ дар дили хонандагон меҳру муҳаббати самимиро парварида наметавонад.
Омӯзгор  дар  кори  тарбияи  хонандагон дар сурате  ба  муваффақият  ноил шуда  метавонад,  ки  агар  дили  кӯдакро аз ҳиссиёти баланд ба шӯр оварда тавонад. Ҳамзамон, омӯзгор дили хонандаро чунон  тасхир  намояд,  ки  ӯ  ягон  сирри худро аз устод пинҳон карда натавонад. Маҳз  дар  ин сурат  педагоги  хирадманд барои  шогирдонаш  падари  маънавӣ шуда метавонад.

Файз ГУЛМАДОВ,
доктори илмҳои педагогӣ,
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон