МУҚОВИМАТ БОЯД УСТУВОР БОШАД

Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ҳамчун заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори  сиёсати  зиддикоррупсионии  роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ  баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд.  Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мубориза  бар зидди коррупсия» ва 22.08.2020  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи муқовимат бо коррупсия» дар таҳрири нав мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии  зиддикоррупсионӣ ва  се  маротиба  қабули  стратегияҳо «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва васеъ намудани доираи  субъектони муборизабаранда дар қонуни ниҳоӣ гувоҳи таваҷҷуҳи Ҳукумати  кишвар  ба  ин  проблемаи муҳим мебошад.

Дар асоси қонуни ниҳоии қабулгардида ва Стратегияҳои  зикргардида бояд дар  тамоми  вазорату  идораҳо  ва  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи  фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои  пешгирӣ  намудани  ҳодисаҳои сӯйистеъмол  аз  мансаб,  тасарруфи моликияти  давлатӣ,  ришваситонӣ  ва дигар  зуҳуроти  номатлуб  тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди  манфиатҳо  пешбинӣ  ва амалӣ карда шаванд.Чунки коррупсия дар қатори дигар таҳдидҳо ба амнияти миллӣ мавқеи  марказиро  ишғол менамояд. Ҳамзамон, ниҳоди махсуси ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  номи  Агентии  назорати  давлатии молиявӣ  ва  мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки он  тавонист ба ин  падидаи  номатлуб мубориза барад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади  аз  байн бурдани  коррупсия  дар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини ҳамкории  ниҳодҳои ҷомеаи  шаҳрвандӣ оид ба муқовимат бо  коррупсия,  аз  ҷумла,  ташаккули  мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни  табақаҳои  гуногуни  ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар  ҷараёни мубориза ва муқовимат ба коррупсия, гузаронидани  таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани курсҳои таълимии  зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ  дар  ҷомеа  ба  василаи  ба  роҳ  мондани  ҳамкории  густардаи  мақомоти  давлатӣ  бо  ВАО, баланд  бардоштани  маърифати зиддикоррупсионӣ  дар  ҷомеа  бо  василаи  ҷалби мутахассисони  соҳавӣ, олимони ҳуқуқшинос, равоншиносону иқтисодчиён,  сиёсатшиносон,  рӯзноманигорон, кормандони мақомоти бар зидди коррупсия  муборизабаранда, инчунин, муҳаққиқони таъриху адабиёт,  собиқадорони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ  ва  байналмилалӣ ба  василаи  табъу  нашри  адабиёти  илмию  оммавӣ  дар  мавзуҳои зиддикоррупсионӣ;  нависандагон, рассомон,  ходимони  театр,  радиову телевизион ва зиёиёни кишвар ба василаи таҳия ва басаҳнагузории асарҳо оид ба оқибатҳои зараровари коррупсия, таҳия  намудани  видеороликҳо, асарҳои  рассомӣ  ва  ғайра  ба  нақша гирифта шудаанд.

Бахтиёр НАЗАРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ