ҲИКМАТИ ОЗОДӢ

Тасаввур намоед, ки субҳе бедор шуда, аз садову симо иттилоъ бигиред, ки мамлакати абарқудрату паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ бо имзои се нафар сиёсатмадор – роҳбарони ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Украина ва Беларус барҳам хӯрдаву инчунин давлат, ки овозааш ҷаҳонеро ба ларза меовард, аз харитаи ҷаҳон бардошта шуда.

Ҷамъе  афсурдаи  дилмурда,  ки  саъйю  талош  меварзиданду  фурсат  мепоиданд, то манфиатҳои шахсии хешро бароварда созанд, по ба майдони сиёсат  ниҳоданд. Он  ҳангом муаллим намедонисту ба гӯшаи хаёл  ҳам  намеовард,  ки  чунину чунон марҳалаҳо рӯ ба рӯяш чун садди Искандарӣ қад алам мекунад. Ҳама  ошуфтахотиру  парешон, саргарангу навмед буданд, ки акнун чӣ мешуда бошад? Кӣ ба  додашон  мерасад?  Фикри зиндагӣ,  дарёфти  нону  об,  аз ҳама асосӣ пул, амнияту рифоҳ. Аммо муаллим ҳеҷ дар ин хусус фикр намекард, ки дар як кишвари  соҳибтамаддуни тинҷу ором, ки танҳо меҳмоннавозии мардумаш  шуҳраи офоқ гардида буду дигар мамолику билод ҳаваси чунин  мардумони сахию  дасткушод  ва  сарзамини воқеан  биҳиштгунаро  дар  сар доштанд, ҷанг сар мезанад. Ва ӯ, як муаллиме, ки ба ҷуз аз сабақ омӯзондани фарзандони сокинони деҳ дигар ғамеву ташвише надошт, баҳри пешбурди зиндагии бағоят вазнин тадбирсозию чораҷӯйӣ ва роҳу шеваи ба даст овардани пул, дарёфти қути лоямут ва гурусна намондани аҳлу аёлашро рӯзу шабон ҷустуҷӯ мекунад. Зору бечораю сарфиканда  мешавад  пешорӯи  зиндагии мураккаб.

Ҳо, ҳамин гуна давроне фаро расид. Ҷанге, ки сар заду башиддат доман густурда, тамоми манотиқи  ҷумҳуриро  фаро  гирифт, муаллимро побанди андеша кард. Ононе, ки ба даст силоҳ гирифта, алорағми  ҳамқавму ҳаммиллати худ бераҳмона ба мубориза бархостанд, ҳеҷ  тааммулу фикри зиёд накарданд, ки ин бедодгарию зулму тааддӣ ба  хотири кадом аҳдоф сурат гирифта, лаҳза ба лаҳза алангаи он  баландтару  баландтар афрӯхта мешавад.

Наандешиданд, ки дар ин сангаргириҳо  киҳо  заҷру  азоб мекашанду  киҳо кушта мешаванд. Аслан, фикр мекард муаллим, раҳбарони вақти Ҳукумати кишвар, ки аз давру замон ва тағйироту дигаргуниҳои  азими сиёсӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, фарсахҳо қафо  монда буданд,  зеҳну  тафаккурашон банди  ҳамон  қолаби  шахшудамондаи  роҳбарии,  аз  қавле  «аз боло  чӣ  мегӯянду чӣ мефармоянд?»  буд  ва  вазъи  баамаломадаро  ҳеҷ  дарку  фаҳм  намекарданд,  ки  ҳамакнун  онҳо ба  давлате  сарварӣ  мекунанд, ки  озоду мустақил  аст  ва  эшон бояд бо диди нав ба равандҳои сиёсии  базуҳуромада  муносибат  кунанд.  Аммо  на! Онҳоро шояд  хаёли  хоме  дар мағз чарх мезад,  ки ин ҳама  кинситезию пархошҷӯие, ки  байни ду майдон рӯзафзун шиддат  мегирад, оҳиста — оҳиста хомӯш мешаваду маҳв. Ва ин ҳама хаёлпардозӣ бо  ҳеҷ  тасмимгирию  қадаме сӯйи  мардум ниҳодан, бо аз дур мушоҳида  кардану фурсатеро мунтазир шудан, ки баҳсу бигӯ-магӯҳо ва  ҳамдигарро сақату носазо гуфтанҳо худ ба худ анҷом мепазирад? Ва  онон аз дафтарҳои кории худ берун намеоянду ингуна ба роҳат вазифадорӣ мекунанд? Иллату нуқси давлатдории онон реша дар  омили  аз  мардум  дур  будан дошт. Бо мардум аз наздик суҳбат оростан, дарди  дили онҳоро гӯш кардан, мушкилашонро дар мағзи дилу ҷон эҳсос намудану баҳри ҳалли ин мушкил гомҳои устуворона гузоштану  чораҳои муассиру мушаххас андешидан. Он Ҳукумату сарваронаш  иродату талоше аз худ зоҳир накарданд ва мардумро дар гирдоби воқеаҳои фалокатбору фоҷиаҳо тани танҳо, рӯ ба ҳаволаи тақдир  гузоштанд, зеро аз санъату лаёқати ҳукуматдорию сарварӣ бенасиб буданд. Ғафлатзадагоне буданд, ки бо шуруъ ва авҷ  гирифтани ҷангҳои  хонабарандоз ангушти афсӯсу надомат газиданд, аммо кор аз кор гузаштаву дар пешгирии сели оташбори ҷанг дигар ҳеҷ амалеву  ҳаракате суде надошт.  Таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ охирин  абзору васила ва имконоти ба сулҳу салоҳ ва  оштӣ оварадани  ҷонибҳои даргир  маҳсуб меёфт, вале самару натиҷае набахшид, чун ин Ҳукумат аз  манофеи кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дифоъ карда натавонист. Аммо  ҷанг шиддат  мегирифт,  қурбониёни набардҳо меафзуданд. Ва ононе, ки  ба  сари  якдигар  теғу  силоҳ бардошта  буданд,  инсонҳои гӯё  соҳибақлу  бафаҳм, парвардаи замони Шуравӣ ҳисоб меёфтанд.  Чаро  чашмашонро пардаи мавҳуми ҷаҳлу бедод ва бераҳмӣ  гирифтааст? — меандешид  муаллим. Чаро  қасду кина, бадбинӣ, аз худ қаҳрамон тарошиданҳо ва боз як силсила мақсадҳои норӯшани рӯъёӣ дар таҳтушшуурашон  лона  мондааст? Тайи солҳои охири даврони Ҳукумати  Шуравӣ  дар  тарбияти  насли наврас чӣ нуқсу норасоие  ҷой доштааст,  вагарна инҳо,  ки  созандагони  ҷомеаи босаодате ба исми «коммунизм» буданд,  набояд  (ва  ин  ҳеҷ имкон надошт!) якуякбора ва ба гунаи даҳшатангез  гиребони ҳамдигар мегирифтанду дар даст силоҳ. Насиҳату андарзи уламову  удабо низ таъсирпазиру корагар наомад.  Чаро?  Банди  ҳайрат  ва  суолу  пурсишҳои бесару нӯг муаллим субҳ роҳ ба сӯйи шаҳр мегирифт, то  барои аҳли хонадонаш нон ёфта орад. Ноне, ки  ба қимати  ҷон  баробар шуда буд. Аз роҳу барзан ва хиёбонҳои пойтахт бӯйи сӯхтаву дуд меомад ва садои мусалсали тир.  Роҳбарон  куҷо  шуданд, воизони  минбарҳо  оё  ба  қаъри замин фурӯ рафтанд? Магар як кишвари замоне ободону шукуфон ҳамин гуна бесоҳиб мемонад? «Не, ин тавр набояд бедодӣ идома ёбад, — аз дил мегузаронд муаллим. Ақли пуртадбир дер ё зуд  бар  ҷаҳли  мураккаб  тасаллут хоҳад ёфт. Вале то он рӯзҳои неку  саодатбор  фосилаи  зиёде дар  пеш  буд. То  он  қуллаи  мурод азобҳои зиёдеро пушти сар мекунанд мардум.

Муаллим  амиқу  равшан  дар ёд дорад, ки гоҳ-гоҳе перомуни ояндаи авзои кишвари ҷангзада ва мардумонаш гирифтори мусибат бо  ҳамдеҳагон  сарироҳӣ суҳбат меоростанд.  «Ин  ҷанг поён меёфта бошад? Агар ҳамин хел  вазъият  давом  биёбад, монанди  Афғонистон хоҳад  шуд мамлакат. Ё пора — пора тақсим шуда,  аз  байн  меравад  давлат. Ҳай дареғ, ку говҷигару шердиле мисли Рустами Дастон? Наход  бозичаи  дасти  аҷнабиёну мутеи  нокасон гардем?  Чӣ рӯзҳои  сиёҳ,  номаълум  аст  поёни роҳ».

Муаллим  азобҳои  беҳадду ҳисоберо паси сар кард ва аммо навмеду  шикастадил  нагардид.  Аз  ҳама  муҳим  мактабро тарк  нагуфт,  бо  он  ки  моҳҳои тӯлонӣ  маош  намегирифтанд. Ҳо,  он  рӯзи  файзбор  оқибат фаро  расид.  16  ноябри  соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии  Тоҷикистон  Ҳукумати нав  бо  сарвари  Раиси  Шурои Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  таъсис ёфт.  Ҳама  чиз  аз  даст  рафта буд.  Ҳатто  пул  вуҷуд  надошт. Аммо  иродату  собитқадамӣ, азми  росих,  боварӣ  ба  ояндаи неку  дурахшон  дар  дилҳо  оташи  умед  барафрӯхта  буд.  Муаллим аз рӯзҳои нахустин эҳсос кард, ки Роҳбари нави ҷумҳурӣ воқеан,  ҷонфидои  мардум аст, дар  сар  ҳавои фикру  хаёли манфиатҷӯёнаи  дигар  надорад.  Агар ҳамин тавр намебуд, сараввал ба назди мардуми навоҳии  наздисарҳадӣ  қадам ранҷа намекард. Бо мардум будан,  ба  дарди  дили  эшон  гӯш фаро  додан,  бо  фикри  ин  мардум  шабро  бо  чашми  бедор  ба субҳ  расондан,  ин  аз  хисоли ҷавонмардонаи  роҳбарӣ  ҳисоб меёфт. Ингуна, баъдҳо, марҳала ба марҳала ҳаёт нишон  дод, ки сарвари замони нав будан амали саҳлу осон нест. Мамлакатро аз гирдоби фалокатбори ҷанг берун кашидан, сулҳу ваҳдатро таҳким бахшидан,  харобаҳоро обод кардан, корҳои созандагиро вусъат бахшидан ва  амсоли  ин ҳама амалҳо аз санъату мактаби роҳбарии навин дар таърихи давлатдории тоҷикон башорат медод.  Муҳимтарину барҷастатарин  амали  Пешвои миллат,  дорои  эҳсоси  баланди  миллӣ  будани  он  кас  мебошад.  Тоҷикӣ  сухан  гуфтан аз  минбарҳои  баланди  ҷаҳон, ҳамвора  дар  байни  мардум  будан, хоксорию фурӯтанӣ, иродату эътиқод, ҷасорат, эътимод ба ояндаи дурахшони ватан ӯро маҳбубу азизи дилҳои мардуми заҳматкаш  гардонидааст. Воқеан, меандешад муаллим, бо аз байни рафтани  давлати абарқудрати  Шуравӣ,  шуруи ҷангҳои дохилӣ, таҳдиду хатари бар боди фано рафтани кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон, дар заминаи холӣ ҷумҳуриро соҳибӣ кардану зина ба зина рушд бахшидан  кирдори  рустамона  аст. Тавсифу ситоиши дастовардҳои замони  соҳибистиқлолӣ  шояд ҷилд  –  ҷилд  китобро  ташкил  кунад.  Ободӣ,  пешрафт, созандагӣ!  Магар  ин  воқеият нест?  Воқеияти  ибратомӯз  аст барои  имрӯз  ва  наслҳои  оянда. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин ҳама дастоварду  музаффариятҳо  расид.  Чунонки  Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  таъкиду  хотиррасон  мекунад, бояд аз ин саодатрӯзиҳо шукргузор буду насли  наврасро  дар  рӯҳияи  худшиносию ватандӯстӣ  ва ормонҳои миллӣ тарбия намуд. Ҳаводису рухдоди  солҳои  охир дар Осиёи Марказӣ ва мамолики Шарқи Наздик, Ироқу  Афғонистон аз он  мегӯяд,  ки  сулҳу  озодӣ  ва мустақил будан воқеан ҳам, неъмати гаронбаҳост. Дигар набояд ба дасисаю иғво мувоҷеҳ гардида, оташи ҷанги нав барафрӯхта шавад.  Нолаю  фиғони  модарону  тифлон, оворагию сарсонии мардону ҷавонон,  рӯзҳову моҳҳо дар талаби пораи нон бечораю  нотавон  будан  чун  рӯъё ва  кобусе  бигузор  дар  авроқи таърих бимонад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»