МАНБАИ РӮШНОИЮ НУР

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик ва бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ заминаи мусоид фароҳам овард

Чор ҳадафи стратегӣ, ки барои инкишофу  рушди   минбаъдаи  кишвар эълон гардида  буд,  мавриди  иҷро ва  назорати  ҳадафмандонаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Ин нақшаҳо барои рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, махсусан, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ,  раҳоӣ  аз  бунбасти коммуникатсионӣ ва дар марҳилаи навини ҷаҳони имрӯз  саноатикунонии босуръати кишвар равона шудаанд.

Сохтмони  иншооти  бузург,  роҳҳо, нақбҳо,  неругоҳҳои  барқию  обӣ, корхонаҳои саноатӣ дар заминаи ҳамин чор ҳадафи стратегии кишвар бо суръати нав рушду нуму карданд.

Ҳанӯз соли 2009 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон расидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ ва махсусан,  энергетикии кишварро дар доираи талаботи Стратегияи миллии рушд  барои давраи то соли 2015 таъкид намуда, дар доираи се амали қавӣ анҷом додани онҳоро дастур дода буданд.

Дар  доираи  ин  дастури  Роҳбари давлат  бунёди  неругоҳҳои  хурду  миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат, таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва  барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин, шабакаҳои интиқоли барқу  газ,  гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин  кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика бояд ба таври оҷил  тарҳрезӣ  ва мавриди иҷро қарор мегирифтанд.

Дар ин дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат сохтмони Неругоҳи барқию обии Роғун ҳамчун иншооти  бузурги аср ва асосию  калидӣ таъкид шуда, ҷиҳати сохта ба истифода додани он сохторҳои дахлдор вазифадор гардида буданд.

НБО “Роғун”, ки дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар  нақши бузурге дорад, ба ҳамаи ҳадафҳои стратегӣ иртибот дошта, дар  некуаҳволии  мардум, баланд гардидани иқтисодиёти миллӣ, аз байн рафтани камбуди энергетикӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо энергия   ва фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя дар баланд гардидани иқтисодиёти  кишвар ва аз байн рафтани мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ замина хоҳад  гузошт. НБО “Роғун” марзи номусу мардонагӣ ва ҷабҳаи қаҳрамонию  диловарии мардум қарор гирифт. Нақши Роғун дар муттаҳидсозии мардуми кишвар ва даст ба дасти ҳамдигар рӯ ба ободонӣ овардан ва  дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якмарому якдил шудани онҳо саҳм гузошт.

Нақши кормандони соҳаи маориф дар тарғибу ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои  миллат  вобаста  ба  масъалаҳои марбут  ба  ҳадафҳои  стратегии  кишвар, аз  бунбасти  коммуникатсионӣ  раҳо шудани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти  озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар назаррас буда, дар  рӯҳияи созандагию ободкорӣ тарбия намудани насли наврас нақш  гузоштани онҳо мунтазам мушоҳида мегардад. Асолати омӯзгор ҳамчун  зиёӣ ба ободӣ, некуаҳволӣ, сохтану бунёд кардан ва саҳми шоиста гузоштан дар оромию суботи кишвар, тарғибу ташвиқ намудани насли  наврас,  ҷавонон  ва   ҷомеа  мебошад.

Махсусан, тавассути дарсҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои  беруназамактабию беруназсинфӣ, дарсҳои кураторӣ, чорабиниҳои   фарҳангию илмӣ, дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила маълумот додан ба хонандагону донишҷӯён заминаи васеи маълумот доштани онҳоро вобаста ба масъалаи мазкур ба миён меорад.

Қудрати истеҳсолии НБО “Роғун” 600 мегаватро ташкил медиҳад, ки бо 3600 мегаватт  (беш  аз  17  миллиард  киловват соат)  калонтарин  неругоҳи  барқӣ-обӣ дар  минтақа  мебошад. Масъалаи дигар ин аст, ки ин миқдор мегават барои ба хороҷи кишвар интиқол додани неруи барқ ва мустаҳкам шудани иқтисодиёти кишвар заминаҳои заруриро фароҳам меорад.

Хонанда ва ё донишҷӯ аз паси мизи талабагӣ бояд дарк кунад, ки неруи тавонои мафкуравии  Роҳбари давлат ва мардуми кишвар  барои  оғоз  ва  бунёди созандагиҳо,  алалхусус, иншооти азим шароит фароҳам овардааст. Дар мамлакате, ки аз хазинаи кишвари абарқудрати Шуравӣ пас аз Истиқлолияти  давлатии ҷумҳурӣ як риштаеро ҳам нагирифтаву бо созандагию ободкории худ ба як кишвари пешрафтаи рӯ ба рушд табдил шуда истодааст, бояд ҳамагон аз пайи ободкорию меҳнати созанда бошанд. Тамоми захираҳои обии кишвар имконияти дар саргаҳи онҳо сохтани неругоҳҳои хурд ва ё азими барқии обиро доранд ва дар оянда фазои кишвари азизамон ба як манбаи тавлидкунандаи барқи арзон ва орӣ аз ҳама гуна зарар ба экологияи  кураи  замин метавонад мавқеи хоси худро дар ҷаҳон дошта бошад. Дар сурате ки захираҳои энергетикии олам рӯ ба камшавӣ доранд, истеҳсоли энергияи арзон ва барои сайёра бехатар ба манфиати кулли башарият мебошад.

Ҷалолиддин АМИР,
корманди раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон