ШИНОСНОМАИ ТОҶИКОН

Дар саргаҳи мавҷудияти миллати тоҷик, балки побарҷо мондани он як қатор чеҳраҳои сиёсӣ, аз қабили Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов… ҷонбозиҳо кардаанд.
Яке аз чунин ашхоси шинохтаи миллати тоҷик аллома  Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки тавонист бо нашри асари бунёдии худ «Тоҷикон» (пас аз «Намунаи адабиёти тоҷик» — и устод С. Айнӣ) ба рағми душманон ва бадхоҳони миллати мо собит созад, ки тоҷикон аз азал соҳиби илму маърифат, тамаддун, адабиёт, санъат, урфу одату анъана ва таърихи  пурғановати миллӣ мебошанд. Дар бораи шахсият ва фаъолияти ин фидоии роҳи ҳақиқат олимони зиёде, амсоли Усмонҷон Ғаффоров, Акбари Турсон, Аҳрор Мухторов, Шавкат Шарифов  ва  дигарон асарҳо офаридаанд. Вале ҳанӯз аз соли 1972, ки «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров  дар  шаҳри Москва бо забони русӣ чоп шуда буд, тӯли бештар аз 25 сол ба тоҷикӣ нашр нагардид.  Хушбахтона, дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо эҳтимоми олимони варзида А. Маниёзов ва Н. Холмуҳаммадов ин шоҳасар дар ду китоб нашр шуд, вале бо теъдоди хеле кам. Акнун  боиси хушбахтӣ ва ифтихори мардуми  тоҷик гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон» бо теъдоди бештар аз як миллион нусха ба таври туҳфа вориди оилаҳои мардуми тоҷик гардид.
Ба андешаи мо, имрӯз вақти он расидааст, ки ин шоҳасари бузурги миллиро ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор дода, аз пайдоиш, тамаддун, одату анъана, аз ҳамсоягӣ ва додугирифт бо давлатҳои ҳамҷавор, фарҳангу таърих, маданияти шаҳрдориву муносибатҳои мухталиф бо давлатҳои пешқадаму соҳибтамаддуни гузаштаву имрӯза огоҳ гардида, дар навбати худ дигаронро низ ба донистани ин масъалаҳо таблиғ намоем. Омӯзгорону падару модаронро зарур аст, ки дар омӯхтани ин асари бузурги миллӣ бепарво набошанд, баръакас, аҳамият ва зарурати онро ба шогирдону фарзандон ва атрофиёнашон фаҳмонанд, зеро донистани  таърихи  миллат вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Шодмон САИДЗОДА,
Абдумазбут ҶӮРАЕВ,
Беҳрӯз САФАРОВ,
кормандони шуъбаи таъминоти ҳуқуқии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон