Донишу илм ва маърифату хирад вожаҳои ба ҳам тавъаманд ва аз нигоҳи мантиқ низ якдигарро тақвият мебахшанду мукаммал месозанд. Ва аммо он чизе, ки ин мафҳумҳоро дар нигоҳи мо ба таври барҷаставу равшан ва манфиатбор муҷассам месозад, ақл асту тафаккур. Офаридгор пас аз он ки аз мушти хок Одамро офарид, нахустин неъмате, ки ба ӯ арзонӣ дошт, ақл буд. Ақл буд, ки одамро дар нигоҳи фариштагону ҷумла мавҷудот шукӯҳманду шоиста таҷаллӣ намуд.
Вале ақл ба муҷарради худии худ ҳеҷ моҳияте бар дӯш дошта наметавонист ва аслан ҳосили худхӯрию зиндагии беҳадафи инсонҳо мебуду тамом. Дар зиндагии пуршебу фароз ва мураккабу пур аз тазоду низоъ ва кашмакашҳо василаю абзорҳое баҳри такомулу таҳаввул ва рушди ақл арзи ҳастӣ намуд, ки гаронмоятарину азимтаринаш илм ҳисоб меёфту дониш. Инсон тавассути илму донишандӯзӣ ақли хешро тарбият карду равнақ бахшид ва ҷаҳони маънавияшро зинат доду пероя баст. Дар дарозои таърих ва марҳалаҳои басо ҳассосу хатарзо, ки бақою ҳастии Оламу Одам сари мӯйе овезон буд, маҳз ақли пуртадбиру илму донишу хиради азалӣ бар ҷаҳли мураккабу кинситезию пархошҷӯйӣ пирӯз гардид ва ҷаҳон сабзу хурраму ободон боқӣ монд. Дар радифи қавму халқҳо ва миллатҳои гуногун, миллати сарафрозу хирадоини тоҷик низ қарор дошт. Миллате, ки аз қавли Лоиқи бузургвор, “ба хоки дигаре бо ҳамҳамаву дамдама лашкар накашидаву” мароми ҳастию амалаш такя бар хираду маънавият, ки маншаи онро илму дониш ташкил медод, дошт. Ҷангу хунрезӣ, амалҳои ғосибию таҷовузкорона аслан бар миллати фарҳангию тамаддунпарвари тоҷик, ки ба таъбири Одамушшуаро Рӯдакӣ, “рози донишро бо ҳар гуна забон гирд кардаву гиромӣ медошт”, дар санг ҳосили фаҳмишу хиради хешро ҳаккокӣ мекард, наку медонист, ки илму дониш чароғи равшан ва аз ҳама баду балоҳо инсонро ҷавшан аст. Фирдавсии Тӯсӣ тавоною пирӯз ҷангҷӯю золими бадкешро на ки, инсони хирадманду донишварро меҳисобид ва фаҳмою нишонрас мегуфт, ки “тавоно бувад, ҳар ки доно бувад”. Ҷангҷӯю ғосиб ва бадгавҳару нопокзода ононе буданд, ки аз илму дониш бенасиб ва бадгумону худхоҳ маҳсуб меёфтанд. Ин аст, ки ба таъкиди Носири Хусрав:
Илм танро ба ҷойи ҷон бошад,
Сари беилм бадгумон бошад.
Возеҳ аст, ки дар дарозои таърих на ҳама фарзандони Ҳазрати Одам – қавму қабоили мухталиф ба ғизою тарбияи ақл кӯшиданд, бархилофи он, саъйю талош варзиданд, то ақли хешро, ки маҳруми илму дониш ва маърифат буд, ба мақсадҳои муғризонаю истилогаронаю иртиҷоӣ равона намоянд, ки ҳосили ин бедонишию ҷаҳолат хуни инсонҳоро чу об рехтану аз каллаи одамони бегуноҳ манораҳо сохтану шаҳру деҳу музофоти ободу хуррамро ба замин яксон кардан ва бузургтарин сарчашмаи шинохти маърифат – китобҳоро сӯзондан ба шумор мерафт. Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” зикр месозанд: “Хирад барои мардуми эронинажод нақше ба ҷуз посдорӣ ва нигоҳдорӣ ва парвариши ҷон, яъне зиндагӣ чизи дигар намебошад. Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар (р) аст”. Таваҷҷуҳ намоед, озурдани илму хирад ва ашхоси хирадманд ба озурдани ҷон баробар буда! Маҳз аз ин нигоҳ, нақшу моҳият ва аҳамияти илму донишандӯзӣ ҳамчун воқеият ё ҷанбаи фалсафӣ мақоми волотаринро соҳиб мешавад, ҷомеаи аз хираду маърифат дар фосилаҳо қарордошта ва инсонҳои маҳруми илму дониш ба масал манқуртмаобанду махлуқе беш на! Аз ин зовия агар ба 31 соли замони соҳибистиқлолӣ бингарем, амиқу неку ба мушоҳида мегирем, ки давлати тозақадами тоҷикон бо Сарвари фазилатоину хирадварзаш анъанаю суннатҳои арзишманди ниёгонро марому мақсади хеш қарор дода, ошкору рӯшан эълом дошт, ки ин ҷомеа бақою ҳастии худро ба василаи илму дониш, фарҳангу маърифат таъмин хоҳад кард, на ҷангу ҳадафҳои ғосибонаю миллатгароёна.
Таҷрибаи давлатдории Ҳукумати Шӯроӣ, ба андешаи инҷониб, рӯйи арзишҳои умумибашарӣ ва халқияти ягона (халқи советӣ) ташаккулу истеҳком ёфта буд. Аммо арзишу ормонҳои миллӣ ва ҳувияту истиқлолхоҳӣ канор мондаву ҳар нафаре дар робита ба ин масоил садои додхоҳӣ баланд мекард, саркӯб мешуд. Самари нохушу фоҷеабори ин сохтор бо пош хӯрдани он, сар задани ҷангҳои бемоҳият ва фалокатзою хунин дар қаламрави ҷумҳуриҳо ба ҳисоб мерафт, ки Тоҷикистони тоза ба соҳибистиқлолӣ расида аз он бадбахтиву бало дур намонд. Ҳарчанд ин ҷанг таҳмилӣ унвонгузорӣ шудааст, вале оташи он ба дасти иддае аз фарзандони бадманишу фурӯмоя афрӯхта гардид. Онон ақлбохтаю нодон набуданд, вале ҳувияту маниши миллӣ ва ғурури тоҷикона надоштанд. Агар ин тоифаи дурандеш дар вақташ дар радифи таърихи ИҶШС, таърихи пурифтихори миллати хешро ба таври муфассал меомӯхтанду аз худ мекарданд, бо муборизаю муқовиматҳои қаҳрамононаи фарзандони тоҷик алорағми аҷнабиён ба хотири ҳифзу амнияти сарзамину ватани аҷдодӣ шинос мешуданд, хатою иштибоҳоти ҳукуматдории гузаштаи тоҷик (Сосониён, Сомониён) ва фирефтаи манфиатхоҳону мансабпарастони қавму халқиятҳои ғайр гардидани фарзандони озодихоҳи миллатро хондаву аз бар мекарданд, хулосаву натиҷагирӣ мекарданд, ки ба дасисаи душманону бегонагон дода нахоҳанд шуд. Адами ҳувияту хештаншиносӣ, ормонҳои миллӣ ва тафовут накардани “дӯст” аз “душман” кишварро ба коми ҷанг кашид.
Мазмун, илму дониш ва саводу маърифати андӯхта бе ғуруру маниши миллӣ, ҳувияту истиқлолхоҳӣ ва хештаншиносӣ боз ҳам ба ҷаҳолату таассуб ва рафтору кирдору пиндорҳои бардаворона табдил хоҳад ёфт. Илму дониш сарвати нодири инсонҳову ҷомеаҳост, он бояд созанда бошад, на сӯзанда. Илму дониш ҳамон вақт сӯзанда мешавад, ки ақли некрой дар ҳастааш хафаю буғӣ ва ҷавҳари одамият маҳв мегардад, бад-ин васила, ғаризаи ҳайвонию дарандагии инсонҳо боло мегирад. Вагарна ҳеҷ имкон надошт ва аз рӯйи фаҳмишу пиндор ва ақлию вологуҳарӣ набуд, ки тоҷик сари тоҷик камону теғ бардорад, хун бирезад, хонавайронӣ кунад. Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ дар суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки бо ақли дарроку донишу фаҳмиши баланди худ аз воқеаҳои маълум сабақ андӯзем, дар назди дигар миллатҳо сарафкандаю нотавон ва хиҷолатзада набошем.
Тоҷик аз азал хирадгаро буд, хоҳони дӯстии пойдор бо дигар халқияту миллатҳо ва дорои нерую қудрати бунёдгароию созандагӣ ба шумор мерафт, дар ҳеҷ асру замон кинситезу ниқорталаб ва фурсатталаби ҷангхоҳ набуд. Шояд бар асари таълимоти фалсафии шахшудамондаи қабл аз даврони Истиқлолият, ки мегуфт, олам аз муборизаи зидҳо иборат аст, даст ба ҷангу татовул зад? Фирефта шуд, дарку фаҳм накард, ки фарҷоми ин муқовимату сангаргириҳо дар моварои ину он кишвару мамолики ҷаҳон бохтан асту аз даст додани қаламрави куҳани ориёӣ ва бешак, фарҳангу тамаддуну илму адабиёт?! Хурӯшу ангезаи эҳсос, хунгармӣ, кӯр гардидани чашми ақл бар фазлу хирад дастболо шуд ва панду ҳикмати Рӯдакӣ, ки аз қаъри асрҳо ҳушдор медод, “чун теғ ба даст орӣ, душман натавон кушт” ва таъкиди Бедил – “Сулҳ як мӯ ба ҷанг расад, шишаи оламе ба санг расад” дигар ба фарзандони ақлу ҳушбохта корагару таъсиргузор нашуд. Аммо боз ҳам, баъди муқовимату алайҳи ҳам ситезиданҳо донишу хирад ба сарвақту имдоди миллати тоҷик расид.
Оре, хиради модарзодии тоҷикона, ки реша дар илму дониш дорад! Сулҳу ваҳдатӣ таҳким ёфту суботу оромӣ ба рушди минбаъдаи кишвар роҳ кушод. Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ таваҷҷуҳи хешро ба рушду таҳаввули соҳаи маориф равона сохта, ислоҳоту дигаргуниҳоро дар ин бахши ҳаётан муҳиму калидӣ марҳала ба марҳала амалӣ намуд. Қабл аз ҳама, барои муассисаҳои таълимии замони соҳибистиқлолӣ таҳияву таълиф ва нашр намудани китобҳои дарсии созгор бо рӯҳи миллӣ, ки насли наврасро бо арзишҳои фарҳангӣ, адабӣ ва илмии ниёгон шинос менамяд, аз масоили муҳим ва асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Китобҳои таълимӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик, алгебра, геометрия, физика, биологияю география, химия ва амсоли инҳо, ки дорои моҳияту ғояи миллӣ буд, тадриҷан таълиф ва нашр гардиданд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ китобҳои дарсӣ бо номи “Китобҳои насли нав” таълиф ва чоп шуданд, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз таърихи гузаштаи миллат ва хештаншиносӣ ҳисоб меёбанд. Мушкили дигаре, ки дар соҳаи маориф мавҷуд буд, сусту каммоя будани заминаҳои моддию техникии таълимгоҳҳо ба шумор мерафт. Дар ин самт як силсила барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияи нави замони муосир (компютеру тахтаҳои электронӣ, ноутбуку видеопроекторҳо) равона шуданд. Ҳамзамон, муҷаҳҳазгардонидани синфхонаҳои фаннӣ бо васоити ҷадиди аёнӣ ва озмоишгоҳҳо бо маводи кимиёву асбобу абзори физикӣ аз дигар амалҳои зарурӣ ҳисоб меёфт, ки ин раванд зина ба зина ҳалли амалии худро ёфта истодааст. Президенти мамлакат ҳангоми сафару боздидҳои худ аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар бо биноҳои фарсудаю аз дақёнусмондаи таълимгоҳҳо, ки комилан ба талаботи замон посухгӯ набуданд, дучор омада, барномаи махсуси сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимиро пешниҳод намуд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3000 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1 млн. 270 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуда, теъдоди макотиби олӣ ба 41 адад расонида шуд. Сохтмону таҷдиди биноҳои муассисаҳои томактабӣ вусъати тоза пайдо карда, хонандагон ба марказҳои зиёде, аз қабили рушди кӯдакон, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва монанди инҳо ҷалб ва фаро гирифта шуданд. Яке аз масоили сангини солҳои баъдиҷангӣ, норасоии мутахассисони варзидаи омӯзгорӣ маҳсуб меёфт. Ҳукумат ва Давлат ин мушкилро зери назорати доимӣ қарор дода, бо давра ба давра зиёд кардани музди меҳнати устодону омӯзгорон ва қадрдонию ҳавасмандгардонии онҳо ба ҳалли масъала мусоидат намуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон якқатор имтиёзҳо муқаррар карда шуд, ки таъмин бо замини наздиҳавлигӣ ва иловапулӣ ба андозаи даҳ фоиз ба маош тӯли 3 соли кор дар мактаб аз ин қабил ба шумор меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм дар баробари дар сатҳи баланд донистани забони модарӣ, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, хитоӣ, фаронсавӣ ва ғ.) диққати ҳамаҷониба зоҳир менамояд, ки қабули барномаи вижа дар ин бобат аз иқдомҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъсиси муассисаҳои таълимии типи нав- литсейю гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ роҳи васеъ кушода шуд, ки ин омил самараи нек ба бор овард. Дар масъалаи рушду пешрафти соҳа бо дастури Ҳукумат ва Давлат, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолияти идораю зерсохторҳои он куллан таҷдиди назар карда шуд. Ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон бо роҳу шеваҳои навини омӯзиш ва таълим дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ба роҳ мондани корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, таълифу таҳияи васоити методию таълимӣ ва ёрирасон барои омӯзгорон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, фаъолияти бавусъати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ғайра аз зумраи татбиқи ислоҳот ва такмили низом дар соҳаи маориф мебошад.
Тайи солҳои охир бо мақсади бештару беҳтар ба омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ ҷалб намудани насли наврас озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омӯзишу аз худ кардани илмҳои дақиқ озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” бо дастури Пешвои миллат ба роҳ монда шуд. Ба наздикӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд донистани масоилу мавзуоти таърихӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи пуршарафи миллати куҳанбунёд бо амри Президенти мамлакат озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” пешниҳод ва роҳандозӣ гардид. Ҳамаи ин ғамхорию ибтикороти Сарвари давлат танҳо ба хотири соҳибмаърифату донишманд гардидани насли наврас ва ҷавонон нигаронида шуда, оянда бояд онҳо ҳамчун неруи созанда ва ватандӯст дар пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”