НЕРУИ ТАВОНОИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ

Дар лаҳзаҳои душвору сарнавиштсози ҳар як халқу миллат фарзандони ҷоннисору далер, ватандӯсту фарзона ва мардумпарваре ба арсаи сиёсат меоянд, ки бо ҷасорат ва кору пайкори худ раванди таърихро тағйир медиҳанд ва онро ба маҷрои солиму созанда ва бунёдкорӣ равона месозанд. Сардори давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу душвортарини таърихӣ – поягузории нахустин хиштҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсат омада, дар эъмори бинои муҳташами соҳибистиқлолӣ хизмати беандоза бузургро ба анҷом расониданд.
Воқеан, дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини амният ва истиқлоли энергетикии мамлакат муҳимтарин  ҳадаф ва мақсади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва он  дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли воқеии давлати  ҷавони мо қарор дорад. Зеро аз татбиқи амалии он иҷрои дигар ҳадафҳо  вобастагии муҳим дошта, НБО “Роғун”-ро ҳамчун кохи бузурги нур  метавон неру ва омили муҳими таҳкими истиқлол номид.
Бунёди НБО “Роғун” бузургтарин ва муҳимтарин иншооти  гидроэнергетикии Тоҷикистон – сохтмони муҳташами аср ба шумор  рафта, Пешвои миллат чунин таъкид менамоянд, ки «ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба «Роғун» аст».
Бояд  гуфт,  ки  лоиҳаи НБО “Роғун” ҳанӯз соли 1978 омода гардида,  пас аз ба истифода додани НБО “Норак” бо дастури Вазорати энергетикаи ИҶШС сохтмони он шуруъ гардида буд. Бунёди неругоҳ то  барҳамхӯрии ИҶШС ва оғози даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта  дар ҷумҳурӣ идома ёфта, то ин давра, яъне, соли 1992 ба маблағи 820  млн доллари амрикоӣ  корҳо анҷом дода шуда буд. Пешбинӣ гардида  буд, ки чархаи (агрегати) аввалини неругоҳ соли 1993 ба кор медаромад, аммо бо сабаби шиддат ёфтани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва нарасидани  маблағ соли 1990 кор дар сохтмон қатъ гардид.
НБО “Роғун” на танҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва стратегии дохилиҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта,  он  на  танҳо  эҳтиёҷоти  ба барқдоштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба рушди  иқтисодиёти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ такон бахшида, ҳамчунин, имконият ва шароити ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон содир намудани барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзонро фароҳам меорад.
Ғояи бунёди НБО “Роғун”-ро дар замони Шуравӣ роҳбарияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва  Туркманистон  пешниҳод  карда  буданд. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ӯзбекистон ба ин кор манфиатдор буд, зеро тавассути обанборҳои “Роғун” ва “Норак” имкони танзими бисёрсолаи оби дарёи  Вахш ба даст омада, ба ин васила, беш аз 300 ҳазор га заминҳои ташналаб дар ҳудуди Ӯзбекистон шодоб гашта, ин ҷумҳурӣ метавонад  киштзорҳои беканори  худро дар солҳои камборишӣ бо об таъмин намояд. Хушбахтона, дар натиҷаи  сиёсати  хирадмандона  ва  оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кулли  садду  мушкилоти бунёди ин иншооти сарнавиштсоз бар нафъи мардуми  Тоҷикистон  ва тамоми минтақа ҳал гардид. Пас аз бо иқтидори  пурра  ба кор даромадани НБО “Роғун” он  метавонад ҳамасола 13,1 млрд  киловатт соат барқ  истеҳсол  ва даромад  аз фурӯши барқ дар давоми  се  сол  тамоми  хароҷоти  сохтмонро  пурра бипӯшонад.
16-уми  ноябри  соли  2018  чархаи аввали  НБО  “Роғун”  ва  чархаи  дуюми он 9-уми сентябри соли 2019 ба кор даромад, ки ба рушду пешрафти бештари иқтисоди кишвар мусоидат намуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои  сохтмони НБО “Роғун таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва мунтазам аз бунёдкорҳои ин  иншооти аср огаҳ гардида, барои пешрафту вусъати созандагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Зимни мулоқот бо коргарони НБО “Роғун” Сарвари давлат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон (13.07.2022) таъкид намуданд: “Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими  истиқлоли энергетикӣ  буда,  саривақт  ва тибқи  нақша  ба истифода  супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи бунёдгарони иншооти  мазкур  баҳои  баланд дода, зикр карданд, ки номи қаҳрамонони ин сохтмон дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад.

Ҷӯразода Ҷамшед ҲАБИБУЛЛО,
муовини якуми вазири маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми таърих, профессор