30 НАФАР СОҲИБИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ ВА РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА

21-уми июли соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе озмун миёни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра оғоз ёфт.

Нахуст Р. Саидзода — вазири маориф ва илм, зимни суҳбат бо довталабон қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дар ин замина, омода намудани кадрҳои боистеъдод ва рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад. Ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта барои иштирок дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра довталабон пешниҳод карда мешаванд.

-Натиҷаи ҷамъбасти панҷ соли охири озмуни мазкур нишон дод, ки теъдоди хатмкунандагони лаёқатманду сазовор ба медали тилло ва нуқра рӯ ба афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2017 8 нафар хатмкунанда соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошад, пас, ин шумора дар соли 2021 ба 53 нафар расидааст, -таъкид дошт вазири маориф ва илм.

Бояд қайд намуд, ки соли равон аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта  144  нафар  довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи  универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва  нуқра  пешниҳод гардидаанд,  ки  аз  ин  шумора  45 нафари  онҳо  (5  нафар  аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 11 нафар  аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар  аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Дар озмун аз шаҳри Душанбе 21 нафар, аз вилояти Хатлон 10 нафар, аз вилояти Суғд 10 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нафар иштирок карданд. Боиси таассуф аст, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Шаҳринав ва минтақаи Рашт ягон довталаб ба озмун пешниҳод нашудааст.

23-юми июли соли равон дар толори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Зиёратшоҳ Назрулозода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, омӯзгорон, падару модарон ва довталабони озмун иштирок намуданд.

Дар озмун аз 45 нафар довталаб 30 нафар соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гардиданд.

Ҷамъбаст нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тилло, хонандагони вилояти Суғд сазовори 7 медали тилло ва 1 медали нуқра, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тилло ва 1 медали нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тилло ва 1 медали нуқра шуданд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бархилофи талаботи  “Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра,  аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои давлатии махсус ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намудаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои довталабон камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуд.

Бахтовар САФАРОВ,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм