САРНАВИШТИ ОДАМОНИ НЕК

Вай ба 70 қадам гузоштааст. Зиёда аз 45 сол ба пешаи омӯзгорӣ машғул гардида, аз қавле дар ин ҷода мӯяш барф барин сафеду қоматаш камону нури чашмонаш коста гардидааст. Пирамарди солору батамкин аст ва сухан гуфтану қадам бардоштанаш низ ботаҳаммулу гаронборона ба чашм мерасад. Дар тӯли зиндагии худ басо шебу фароз ва ҳаводиси ибратомӯзро ба мушоҳида гирифтааст, неку бад, талху ширин, ростқавлию дурӯғ, ҷавонмардию мунофиқӣ, адолату беинсофӣ ва амсоли ин хисоли инсониро дар ҷисму ҷонаш таҷриба кардааст. Оре, устод Кароматуллоҳи Ғафур, ки гоҳ-гоҳ аз деҳаи дурдасти Анҷири Ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат меҳмони идораи нашрияи «Омӯзгор» мегардад, инсони дарёдилу боҳамият, дурандешу некроест, ки меҳру самимият ва покию назофат дар оинаи чашмонаш таҷассум ёфтаанд. Устоди каломоро пас аз хатми мактаби миёнаи №7-и шаҳри Ваҳдат ва факултаи педагогикаю методикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соли 1970 ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолияти худро дар мактаби миёнаи №21-и зодгоҳаш оғоз намуд. Ингуна солиёни тӯлонӣ дар вазифаҳои котиби комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои Ҷамоати деҳоти Қаросӯ (ҳоло Гулистон), сардори бригадаи ғаллакорӣ ва боғу токпарварии колхози Гулистон шарафмандона меҳнат кардааст.  Аммо шавқу меҳри омӯзгорӣ дубора (соли 1987) ӯро ба даргоҳи мактаби азизаш овард ва Кароматуллоҳи Ғафур ба таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳаи Анҷир пардохт ва то ба нафақа баромадан аз пайи сабақомӯзии шогирдон камари ҳиммат баст. Устод К.Ғафур шоҳиди ҳаводису рухдодҳои мураккабу пуртазоди зиндагӣ гардида, бо истеъдоди зотие, ки дар ниҳодаш шуъла афрӯхта буд, ба тасвиру инъикоси ҳаёти гурӯҳҳои мухталифи аҳли ҷомеа, аз ҷумла, омӯзгорон, кишоварзон, тоҷирон, дар умум, ҷавонмардони ғаюру ватандӯст, мӯйсафедону пиразанон ва ғайра машғул гардида, рӯзгори эшонро ба василаи қиссаю ҳикоёташ мавриди бозтоби бадеӣ қарор додааст.

Инак, китоби қиссаю ҳикояҳои омӯзгори заҳматкашу соҳиблаёқат Кароматуллоҳи Ғафур бо номи «Муаммоҳои қисмат», ки фарогири 16 ҳикоя, 6 ҳаҷвия, мақолаҳои публитсиситӣ ва қиссаи «Ишқи ҷӯгидухтар» мебошаду ин таълифот дар солҳои гуногун эҷод шудаанд, аз чоп баромад. Ҳикояҳои «Аз қотилон доғ монд», «Дарди ишқ», «Туҳмат», «Ранҷи модар», «Шабе дар палакҷо», «Ба бадон ҳам некӣ кун», «Пайванди охирин», «Муаммоҳои қисмат», «Тифли домони туам, модар» ва ғайра ба мавзую масоили пурпечутоби рӯзгори мардуми деҳот, таъсири нохуши ҷанги шаҳрвандӣ, зиндагии ибратбахши одамони касбу кори гуногун…  бахшида шудаанд. Таври мисол, дар ҳикояи «Пайванди охирин» дар хусуси устои шикастабанд Мирзошариф сухан меравад, ки бо муаллими Муродулло дӯсти дерина буда, ба бемории бедаво гирифтор шуданаш муаллимро андуҳгин месозад. Ғаму дарди Мирзошариф аз як ҷиҳат фарзанд наёфтани ӯ маҳсуб ёбад, аз ҷиҳати дигар, ба бемории саратон мубтало шудани ӯст. Аммо ба бемории ӯ нигоҳ накарда, мардуми ниёзманд ба хонаи усто бо умедҳои зиёд қадам мегузоранд ва усто ба бемории худ эътибор надода, ба дарди онҳо даво меёбад, дасту пойи шикастаю баромадаеро мебандаду одамон бо дили шод ва қаноатманд аз назди ӯ баромада мераванд. Тарғиби ғояи ростию адолатхоҳӣ дар ҳикояи «Ба бадон ҳам некӣ кун» хеле равшану барҷаста ифода гардидааст.  Қаҳрамони ҳикоя Меъроҷ, ҷавонмарди серғайрату кӯшо ва соҳибиродае мебошад, ки иқдом нишон дода, мехоҳад дар сӣ гектар замин боғ бунёд кунад. Аммо ин амали ӯ ба чанд тан аз ҳамдеҳагон мақбулу писанд намеафтад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Меъроҷ дар 30 гектар боғи себ бунёд мекунаду дар 10 гектар палаки тарбузу харбуза. Тафсилоти воқеаҳои минбаъда дар ҳикоя чунин аст: бадхоҳон боғу палаки ӯро ғорат мекунанд, ба кораш латма ворид кардан мехоҳанд. Аммо Меъроҷ иродаи қавӣ ва рӯҳи бешикаст дораду бо заҳмати ҳалол ҳақро ба ҳақдор мерасонад ва соҳиби обрӯю нуфуз мегардад.

Хуллас, китоби ҳикоятҳои омӯзгори собиқадор Кароматуллоҳи Ғафур пурмуҳтавою шавқовар буда, дар тарбияи камолоти маънавии насли наврас ва ҷавонон аҳамияту нақши муассир дорад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»