ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ ИМД ДАР СОЛИ 2022

1-уми июли соли 2022 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда оғоз гардид.

Котиби матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода иброз дошт, барои  баргузории  даври  асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи  46  муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии  18 шаҳру  ноҳияи  ҷумҳурӣ  (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан,  Конибодом, Панҷакент,  Бобоҷон Ғафуров, Бохтар,  Кӯлоб,  Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ)  марказҳои имтиҳонӣ  ташкил  карда  шудаанд, ки дар онҳо  1269  синфхона барои  баргузории  имтиҳонҳо омода карда шудаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл дар 43 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд.

Қисми А аз чор субтест иборат буда, барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Аз 11543 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро 11028 нафарашон ба забони тоҷикӣ ва 515 нафарашон ба забони русӣ имрӯз хоҳанд супорид. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Мавсуф дар идома зикр кард, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) 94550 довталаб, ки аз онҳо 81829 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 12721 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд. Даври асосии имтиҳонҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 7-уми июл идома меёбад: аз рӯйи қисми А вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо то 6-уми июл ва аз рӯйи қисми Б рӯзи 7-уми июл аст.

– Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад, — қайд кард З. Абдусаломзода. – Соли ҷорӣ низ, чун соли гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар марказ пахш карда мешавад. Марказ барои ин ҳар як маркази имтиҳониро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20-уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»