ВАЗЪИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ МАКТАБИЁН ТАШВИШОВАР АСТ

Дар шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр аз 30 майи соли 2022, №71 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ба тасвиб расида, нақша — чорабинии шуъба ва нақшаи фарогирии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб барои истироҳати тобистонаи соли 2022 тасдиқ гардида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ барои баррасӣ ва иҷро фиристода шудааст.

Бо ин мақсад шуъбаи маориф ва кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи шаҳр аз рӯзҳои аввал ситоди махсус таъсис дода, дар назди 55 муассисаи таълимӣ ва 10 муассисаи томактабӣ ташкили майдончаҳои истироҳатиро ба нақша гирифтанд. Басти якуми лагерҳои наздимуассисавӣ бо фарогирии 2300 нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат ба анҷом расид. Фаъолияти майдончаҳои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони назди муассисаҳои таълимии №№4,11, 14, 27, 51 ва 52 дар ин давра вобаста ба шароитҳои мавҷуда хуб ба роҳ монда шудааст. Директорони аксарияти муассисаҳои таълимии зикргардида, барои дамгирӣ ва фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароити беҳтаринро фароҳам овардаанд. Дар аксарияти ин муассисаҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва АВО-и муассисаи таълимӣ, кӯдакону наврасон бо хӯроки яквақта таъмин гардидаанд. Шароити истироҳат ва баргузор намудани бозиҳои шавқовари варзишӣ, қироати шеъру суруд ва китобҳои бадеӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Боиси таассуф аст, ки дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ, ба тасдиқи директорони муассиса, фармоиши мудири шуъба ва нақшаи фарогирии хонандагон дар вақташ дастрас карда нашудааст ва аз ҳамин сабаб майдончаҳои солимгардонии кӯдакону наврасон дар ин муассисаҳо ташкил карда нашудааст. Қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ дар шароити ногувор майдончаҳои истироҳатии тобистонаи кӯдакону наврасонро бе додани хӯрок таъсис додаанд. Дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб лагери беруназшаҳрии истироҳатии «Шарора» солҳои зиёде фаъолият дошт, ки дар мавсим дар он то 460 нафар хонанда дар се баст истироҳат мекарданд. Ду соли охир ин истироҳатгоҳ бо сабабҳои номаълум аз фаъолият бозмондааст. Ба гуфтаи раиси иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи шаҳр Диловар Нозимзода, айни ҳол дар истироҳатгоҳи «Шарора» корҳои таъмириву тармимӣ идома ёфта истодааст ва он дар рӯзҳои наздик ба қабули кӯдакону наврасон омода мешавад. Боиси таассуф аст, ки то имрӯз аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маблағи муайян барои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ҷудо нашудааст.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш. Шоҳин дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, ҳамасола бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати мактаббачагон дар айёми таътили тобистона барои фароҳам овардани шароити зарурӣ корҳои муайянеро ба сомон мерасонад. Барои аз наздик шинос шудан ба шароити истироҳати мактаббачагон мо якҷо бо раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия Л.  Назриев аз фаъолияти лагерҳои назди муассисаҳои таълимии №№1,5,7,12,14, 23 ва мактаб-интернати Саричашма дидан намудем. Дар лагерҳои назди муассисаҳои мазкур зиёда аз 120 нафар кӯдак ва наврас истироҳат намуда, дар як вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.  Кӯдакон дар ин лагерҳо ҳам истироҳату фароғат мекунанду ҳам ба сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихии маҳал сафарбар мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии №34,33,24 ва 22 акси ҳолро мушоҳида намудем. Мебоист тибқи нақша 115 нафар мактаббача ба истироҳат фаро гирифта мешуд, аммо аз надоштани шароитҳои одӣ истироҳати хонандагонро ташкил карда натавонистанд.  Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ 20 нафар кӯдаки ятиму бепарастор дар лагери беруназшаҳрии «Файзи истиқлол», воқеъ дар дараи Варзоб истироҳат доранд. Тавре дар суҳбат мудири шуъбаи маориф А. Исоев иброз дошт, барои истироҳати мавсими имсолаи мактаббачагон аз буҷаи маҳаллӣ то имрӯз ягон маблағ ҷудо нашудааст. Гарчанде ки дар ҷаласаи назоратӣ раиси ноҳия ба ҳамаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ супориш дода буд, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ майдончаҳои беҳдошти саломатӣ ташкил намуда, онҳоро бо маводи хӯрокворӣ таъмин намоянд, мутаассифона, то имрӯз ин супориш иҷро нагардидааст.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати мактаббачагон дар айёми таътили тобистона ва барои фароҳам овардани шароити зарурӣ аз рӯзҳои аввал комиссияи махсус таъсис дода, имкониятҳои мавҷударо ҳаматарафа омӯхта истода, дар назди 57 муассисаи таълимӣ ва 2 боғчаи кӯдакона ташкили майдончаи истироҳатиро ба нақша гирифт. Басти якуми лагерҳои наздимуассисавӣ бо фарогирии 2050 нафар кӯдак ва наврас оғоз гардид. Умуман, дар се давр 5450 нафар кӯдаку наврас ба фароғатгоҳҳои наздимактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Директорони аксарияти муассисаҳои таълимӣ барои истироҳат ва фароғати кӯдакону наврасон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Барои аз наздик шинос шудан ба шароити истироҳати мактаббачагон бо раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия С. Иброҳимов аз фаъолияти лагерҳои назди муассисаҳои таълимии №1,2,3,14,18,30 ва гимназияи давлатии «Ҳиммат» дидан кардем. Дар лагерҳои муассисаҳои мазкур зиёда аз 120 нафар кӯдак ва наврас истироҳат намуда, як вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии №42,46,26,54,24 баръакси ин ҳолро мушоҳида намудем. Мебоист тибқи нақша 115 нафар мактаббача ба истироҳат фаро гирифта мешуд, аммо аз мавҷуд набудани шароити одии дамгирӣ истироҳати хонандагонро ташкил карда натавонистанд. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ 16 нафар кӯдак дар лагери беруназшаҳрии «Файзи истиқлол», воқеъ дар дараи Варзоб истироҳат хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар асоси нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров барои истироҳати 100 нафар кӯдаку наврас сохтмони лагери мавсимӣ оғоз меёфт. То имрӯз сохтмони лагери мавсимӣ кашол меёбад. Бояд хотиррасон намуд, ки солҳои пешин дар ноҳия лагери истироҳатӣ-фароғатӣ фаъолият дошт, ки хонандагон аз тамоми гӯшаву канори кишварамон дар он истироҳат мекарданд. Мутаассифона, аз ин истироҳатгоҳи кӯдакон бо гузашти айём ному нишоне намондааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»