АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ АФКОРИ НИЁГОН

Дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосир дар мавзуи «Арзишҳои маънавии ниёгон ва шароитҳои педагогии татбиқи онҳо дар раванди таълиму тарбияи насли наврас» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода ва кормандони идораю зерсохторҳои вазорат иштирок доштанд. Дар сухани муқаддимавии худ президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён қайд намуд, ки осори ниёгони мо моломоли андешаю ғояҳои баланди ахлоқӣ буда, дар тарбияи гуманистӣ, эҳсоси волои ватанпарварӣ, ростқавлӣ, ормонҳои миллию ҳувиятхоҳӣ ва амсоли инҳо нақши бузург мебозанд. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷ.Ҷӯразода зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид менамоянд, ки насли наврас бояд ба гунаи ҳатмӣ мероси адабию илмӣ ва фарҳангии гузаштагонамонро омӯзанду аз худ кунанд. Ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл донишманди ҳаким Зардушт бо асари бунёдии худ «Авесто» таҳкурсии тамоми адабиёти тоҷику форсро гузошта буд. Фарҳангу тамаддун, осори илмию адабӣ ва фалсафии Аврупо низ аз адабиёти боғановати баландғояи гузаштаи тоҷик маншаъ мегирад. Ва имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ, ки паҳлуҳои манфию зиёнборе низ дорад, масоили тарбияи ахлоқӣ мавқеи муҳим ва ҳалкунанда пайдо мекунад.  Доктори илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосири АТТ Файз Гулмадов маърӯзаи худро ба мавзуи «Мавқеи анъанаҳои халқӣ дар тарбияи арзишҳои маънавӣ – ахлоқии насли наврас» бахшида, аз ҷумла, изҳор намуд, ки урфу одат, анъанаҳои нек ва арзишҳои ахлоқӣ дар замони зардуштиён ба миён омада, дар давраи Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Кӯшониён ва минбаъд ҳамчун меъёри тарбияи арзишҳои ахлоқӣ хидмат кардаанд. Доктори илмҳои педагогӣ, саркотиби илмии АТТ Мирзобадал Каримзода дар масъалаи маърифати педагогии ниёгон ва асоснокии татбиқи он дар педагогикаи муосири миллӣ андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳлили мероси илмии мутафаккирони тоҷику форси асримиёнагӣ имкон медиҳад чунин хулоса кунем, ки афкори педагогии онҳо зербинои мустаҳками таълиму тарбияи ондавраро ташкил кардаанд. Андешамандони тоҷику форс дар рушди педагогикаи ҷаҳонӣ саҳми боарзише гузоштаанд ва бо мақсади барқарорсозии иртиботи таърихӣ миёни имрӯз ва гузаштаи дур айни замон зарурат пеш омадааст, ки таҷрибаи пешин ва анъанаҳои чандинасраро эҳё кунем.

Номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ПРМ АТТ Дастам Маҳкамов дар мавзуи «Ҷанбаҳои педагогии тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар осори педагогии ниёгон» сухан ронда, аз ашъори шоирони гузашта, ба хусус, Абдураҳмони Ҷомӣ мисолҳои фаровон овард. Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми кишвар Дилбар Алихонзода дар мавзуи «Инъикоси тарбияи меҳнатӣ дар осори педагогии ниёгон», омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фаризаи Давлатмурод дар масъалаи амалияи омодасозии духтарон ба ҳунарҳои анъанавии тоҷикии занона дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва доктори илмҳои педагогӣ Хуррам Раҳимзода андешаҳои худро баён намуданд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»