ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ЭМРЕ ЗАКИ КАРАГЁЛ

23-юми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Заки Карагёл баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои ҷойдошта ибрози андеша намуда, ҷиҳати рушду тавсеаи он таклифу пешниҳодоти худро манзур доштанд.

Зикр гардид, ки Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 6 майи соли 1996 ба роҳ монда шудааст. Дар асоси Созишномаи мазкур Ҷумҳурии Туркия ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи «Turkish Schoalarship» теъдоди муайяни бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд. Ғайр аз ин, дар асоси Созишномаи мазкур байни Тоҷикистону Туркия Комиссияи дуҷониба оид ба маориф ва илм таъсис ёфтааст, ки ҳайати он дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд ҷаласаҳои худро ба таври маҷозӣ ё ҳузурӣ баргузор намоянд.

Инчунин, ҷонибҳо доир ба фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷиҳати баррасиву мувофиқанамоии лоиҳаҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди маорифи Туркия ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ибрози андеша намуданд.

Дар охир ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушду тавсеаи он тамоми тадбирҳои судманд андешида мешавад.