БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУҲИМ

28.06.2022 ҷаласаи назди муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид, ки дар он роҳбарони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Бобоҷон Ғаюров вобаста ба мақсаду ҳадафҳо ва мушкилоту нигарониҳои иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 сухан кард.

Директори нашриёти “Маориф” Комилҷон Исозода дар бораи мушкилоти адабиёти таълимӣ ва роҳҳои ҳалли он ҳарф зада, аз кам будани маоши кормандон, норасоии мутахассисон, таҷҳизоти технологӣ, муҳаррирону муаллифон, тарроҳону кормандони дигари техникӣ изҳори нигаронӣ кард. Дастгирии чопи китобҳои бадеиро дар нашриёт ва таъсис додани Шӯрои бадеиро ба хотири интихоби асарҳо ва рушди китобхонаи мактабӣ, ба ин васила, сарчашмаи молиявӣ пайдо кардану ҷалби муаллифону тарроҳону коргарон амри зарурӣ ҳисобид.

Ноилшоҳ Нурализода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” ва Шодӣ Шокирзода, сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” дар бораи мазмуну муҳтавои мақолаҳо, баррасии масъалаҳои уҳимми соҳа дар саҳифаи нашрияҳо баромад карданд. Дар зимн Ҷ.Ҷӯразода зикр кард, ки барои ҷалби бештари хонандагон ташкил кардани мизҳои мудаввар, конфронсу суҳбатҳо бо мутахассисон, шавқовар гардондани фазои мусоид ва ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа талаби замон аст. Сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” Саида Набизода дар робита ба ҳамкории маҷалла бо хонандагон чанд пешниҳодеро ироа кард.

Дар анҷом муовини якуми вазир барои таъмин ва таҳкими фаъолияти босифати кор ба роҳбарон дастуру супоришҳо дод.

«Омӯзгор»