СОЗИШНОМАИ ҚИСМАТОФАР

Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд,  ки  сулҳу  ваҳдат дар Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Аз далелҳои  мавҷуда бармеояд,  ки  пас  аз  бисту  як вохӯриву  музокироти тарафҳо, ки  ба  хотири  рафъи  хатарҳои таҳмилӣ  ва  ҳифзи  манфиатҳои миллӣ  қариб  чор  сол  идома  ёфтанд, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ — ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.

Шарҳу тавзеҳ бояд диҳем,  ки  оғози  солҳои  навадуми  асри  гузашта  барои тоҷику  тоҷикистониён  солҳои пурҳаводис  буданд. Дар натиҷаи фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз муташанниҷ гардида, давлат қариб пароканда  ва  миллат ба нестӣ  мерасид. Дасисаҳои  душманони  чи  дохилию чи хориҷии миллат, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии  манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигар  дар  кишвари  ба  тозагӣ истиқлол  пайдокардаи  мо  асоси ҷанги  шаҳрвандиро  гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон нафар ҳамватанонамонро  ба  коми  худ кашид,  тамомияти  марзии  кишвар зери хатар қарор гирифт… Ба ҳукми  тақдир  дар  ҷумҳурӣ  тамоми ихтилофот тадриҷан бартараф шуданд.

Инак,  25  сол  аст,  ки  дар  кишвар  дигар  садои  тиру  туфанг, нолаи  талхи  модарон  ба  гӯш  намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад  ва  бо  эътимоди  комил, бо дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб  ба  сӯи  фардои  дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймояд.

Аз ин рӯ, вазифадорем, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ  ҳамеша  ҳушёру  омода бошем.

Ваҳдати  миллии  тоҷикон  неъмати бебаҳо ва падидаи камназир аст. Боиси ифтихори ҳама бояд бошад,  ки  ҳоло таҷрибаи  сулҳи тоҷикон  аз  ҷониби ҷомеаи  ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ  қарор  гирифта,  чун  падидаи нодири  фарҳанги сулҳофарӣ  пазируфта  шудааст.  Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун сиёсатмадори  сатҳи ҷаҳонӣ  эътироф  намудааст. Ин дастоварди  саҳлу  сода нест,  зеро  эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. 

Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ  сулҳу оромӣ дар кишвар  таъмин  гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинон шароити мусоид фароҳам шуд. Аз ин рӯ, вазифадорем, ки ин  неъмати  бебаҳоро  пайваста ҳифз намоем.

Парвина САФАРОВА,
омӯзгори МТМУ №77-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе