ҒОЛИБ МУАЙЯН ГАРДИД

Тибқи нақшаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17.06.2022 бори нахуст даври ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин  роҳбари  Созмони  хонандагон”  баргузор  гардидДар озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Турсунзода роҳбарони Созмони  хонандагон  иштирок  намудандМақсад аз баргузории озмун, муайян кардани беҳтарин роҳбари  ташаббускор  ва навоварбаҳои  воқеӣ  додан  ба  кори  роҳбари Созмони  хонандагони  муассисаҳои  таҳсилоти умумии  ба  номи  Исмоили  Сомонӣинкишоф додани  қобилияти  навоварӣ  ва  паҳн  намудани таҷрибаи пешқадами беҳтарин роҳбари Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад.

Дар озмун муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистн Ҷӯразода Ҷамшед, сардори  раёсати  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ Нарзулозода  Зиёратшо  ва  ба ҳайси ҳакамон  намояндагон  аз  Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ширкат намуданд.

Тибқи  ҷамъбасти  ҳакамон,  ғолиби  озмуни “Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон -2022” Дилмурод  Давлатзода,  роҳбари  Созмони  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58,  ноҳияи  Данғара  бо  гирифтани  315  хол сазовори  ҷойи  аввал,  Марзия  Меҳриддинова, роҳбари  Созмони хонандагони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, ноҳияи Шуғнон бо  гирифтани 278  хол сазовори  ҷойи  дуюм, Садоқат Қурбонова, роҳбари Созмони хонандагони муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии №6, шаҳри Турсунзода бо гирифтани 251 хол са-зовори ҷойи 3 ва Фарзона Катабоева, роҳбари Созмони  хонандагони  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1, шаҳри Панҷакент бо гирифтани 241 хол сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Вобаста ба талаботи Низомнома, ғолиби озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иштирокчиёни озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  туҳфаҳои Муассисаи  давлати  “Маркази  ҷумҳуриявии муассисаҳои  таҳсилоти  иловагӣ”  сарфароз гардонида шуданд.