default

ИФТИТОҲИ БИНОИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстайёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ донишҷӯёнро бо истифода аз шароити замонавӣ ба омӯзиши илм ва пайваста такмил додани малакаи касбию оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманд хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи донишҷӯён моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида буд ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд карда шуда, барои 800 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дар оянда бунёди шаҳраки замонавии тиббӣ, иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.