ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НУРОБОД

18-уми июни соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Нуробод барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қурбонов, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.

Зимни қабул 15 нафар шаҳрванд иштирок намуд, ки асосан, ҷиҳати таъсиси литсей барои хонандагони болаёқат, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, таъсиси филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақа, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, ҷой додани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар бинои Маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Нуробод, мусоидат намудан барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва идома додани таҳсил дар зинаи магистратура, озод намудан аз пардохти маблағи таҳсил, ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисос, сохтмони бинои шуъбаи маориф, мусоидат дар самти идомаи таҳсили омӯзгороне, ки бо маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият доранд ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд.

Зимни қабули шаҳрвандон муовини якум ва муовини вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дархост ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, чораҳои дахлдор андешиданд.