НЕРУИ ТАВОНО ВА ПЕШБАРИ ҶОМЕА

Мусоҳиба бо президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ
Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ мусоҳиба оростем.
— Устоди муҳтарам, ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти академия чӣ таъсир расонд ва дар оғоз кадом тадбирҳо сомон бахшида шуданд?
— Воқеан, солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, ки ба сари миллати тоҷик душвориҳои зиёде омад, ба илму маорифи кишвар, аз ҷумла, ба фаъолияти АМИТ низ бетаъсир намонд.
Теъдоде аз олимону мутахассисон ба сабаби мушкилоти молиявӣ ҷойи кори худро тарк намуданд. Вале Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба лаҳзаҳои душвори ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар бо мавқеи устувор, ватандӯстона ва илмпарваронаашон хатари аз байн рафтани ин муассисаи илмиро дур андохтанд.
— Зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳимме, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи илм қабул шуд, барои рушди илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуд. Хусусан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 1998), «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002), «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» (соли 2012), «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 2015) ва дигар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади дастгирии илм ва соҳаҳои мухталифи он қабул шудаанд, гувоҳи ба низоми муосир мутобиқ намудани илми тоҷик, махсусан, илми академӣ мебошад.
— Мулоқоти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимони кишвар, ки 29 феврали соли 1996 баргузор гардида буд, ба аҳли илми кишвар чӣ таъсире гузошт?
— Дар он мулоқот Сарвари давлат новобаста ба вазъияти душвори сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар масъалаҳои муҳимми ҳаёти илмиро дар давлати соҳибистиқлоламон ба миён гузошта, дурнамои инкишофи илм ва вазифаҳои олимонро дар пешбурди ҳаёти иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурӣ, ҳамчунин, иштироки фаъолонаи неруҳои илмиро дар эъмори давлати миллиамон муайян карда буданд. Ҳамон вақт Пешвои миллат фаъолияти академияро чунин баҳо доданд: «Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рӯи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд. Ҳар қадар ин оина покизаву беғубор бошад, ба ҳамон андоза симои маънавии миллату давлати мо рӯшантару барҷастатар ба ҷаҳониён ҷилвагар мешавад».
Минбаъд амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсилоти рӯзона, тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии олимон ва нависандагон ба тасвиб расид. Ин иқдомҳои саривақтӣ ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт. Ҳамчунин, Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Институти биологии Помир таъсис дода шуданд. Баъдтар, мулоқоти дуюм ва сеюми Пешвои миллат низ бо олимони ҷумҳурӣ ба истиқболи 50-солагӣ (соли 2001) ва 60-солагии таъсисёбии Академия (соли 2011) марбут буд, ки дар ин давра шароити илми академӣ хеле беҳтар гардида, марҳилаи тозае дар рушди соҳаҳои афзалиятноки илм шуруъ гардид.
— Барои пешрафти ояндаи таҳқиқоти банақшагирифташуда боз кадом омилҳо сабаб гардиданд?
— Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ояндаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сатҳ, сифат ва самаранокии коркардҳои илмӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот, пурзӯр кардани фаъолияти инноватсионӣ, такмил додани низоми тайёр кардани кадрҳо ва мутахассисони ҷавони илмӣ, баланд бардоштани нақши Академияи илмҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, моҳи октябри соли 2010 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи ислоҳоти сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи солҳои 2001-2019 муассисаҳои нави илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти иқтисод ва демография, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Имрӯз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи асосии илмии ҷумҳурӣ рушди таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро дар самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ таъмин менамояд. Муассиса масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии мамлакатро таҳлил мекунад, дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳониро омӯхта, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳиро ҳамоҳанг месозад.
-Манбаи кадрӣ дар ҳар муассисаи илмӣ нақши муҳим дорад. Мехостем доир ба ин масъала андешаҳои шуморо бифаҳмем.
— Пешрафти ҳама соҳа, воқеан ҳам, ба кадрҳои соҳибтахассус иртиботи қавӣ дорад. Айни замон дар Академияи миллӣ зиёда аз 2100 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1170 нафар корманди илмӣ мебошанд. Дар миёни онҳо 34 нафар узви пайваста, 53 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 180 нафар докторони илм, 400 нафар номзадҳои илм ва 1500 нафар кормандони илмии сатҳҳои гуногун мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи миллии илмҳо 716 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 130 нафарашон дорои унвон ва дараҷаҳои илмиянд.
Масъалаи дигар вобаста ба кадрҳо ҳар чи бештар ҷалб намудани ҷавонони соҳибистеъдод ва навовару ихтироъкор ба корҳои илмию таҳқиқотӣ аст. Бо ин мақсад дар сохтори академия магистратура таъсис дода шуда, фаъолияти аспирантура ва докторантураи анъанавӣ пурзӯр ва аз соли 2018 гузариш ба зинаи докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура PhD шуруъ шуд ва назорат аз болои зинаи унвонҷӯӣ пурзӯр гардид.
Бо ин роҳ ба муассисаҳои илмии академия ҳамасола садҳо нафар ҷавони соҳибистеъдод ба корҳои пажуҳишӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳоло дар ҳамаи зинаҳои номбаргардида зиёда аз 1500 нафар ҷавон ба барномаҳои омӯзишию пажуҳишӣ ҷалб гардидаанд. Феълан, дар ҷумҳурӣ аз рӯи 325 лоиҳа дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд, ки аз онҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 95 лоиҳа рост меояд.
Аз теъдоди умумии лоиҳаҳо 117 лоиҳа ба таҳқиқоти бунёдӣ, 52 лоиҳа ба тадқиқоти бунёдию амалӣ ва 156 лоиҳа ба таҳқиқоти амалӣ равона шудаанд. Олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба пешбурди 57 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 18 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии бунё-дию амалӣ ва 21 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ машғул мебошанд.
— Мегуфтед, ки таҳқиқоти илмии бунёдӣ то кадом дараҷа барои ҷомеа манфиатоваранд? Натиҷаи таҳқиқот дар истеҳсолот ҷорӣ мешаванд? Умуман, дар ин самт бештар кадом соҳаҳо пешраванд?
— Натиҷаҳои илмии дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи олимони Академияи миллӣ аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд. Корҳои илмӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ (математика, физика, химия, биологияи молекулавӣ, биотехнология, нейробиология, нуҷум ва ғайра) ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ торафт густариш ва мазмуну мундариҷаи тоза пайдо карда истодаанд. Дар соҳаи математика аз рӯи як қатор самтҳои математикаи бунёдӣ ва амалӣ натиҷаҳои нав ба даст омаданд. Дар соҳаи физика доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омад ва коркардҳо идома доранд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ омода ва дар мамлакат татбиқ гардида истодаанд.
Айни замон таваҷҷуҳи олимони Академияи миллии илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯи самтҳои барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика; истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об; истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия; коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуоти тайёр; мониторинги ҳолати сейсмикӣ дар қаламрави кишвар, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва монанди инҳо равона карда шудааст. Бештар аз 30 коркарди илмии олимони мо барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт-кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология, тиб ва ғайра татбиқ мешаванд.
— Яке аз самтҳои дигари фаъолияти олимони АМИТ таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ ва илмҳои гуманитарист. Дар ин самт чӣ корҳое анҷом пазируфтаанд?
— Таърихшиносон ва бостоншиносони Академияи миллии илмҳо ҳамасола ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 15 экспедитсия ташкил намуда, дар мавзеъҳои Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, Ҳисораки Масчоҳи Кӯҳӣ, Қалъаи Муғ, Ҳисори Шодмон, Қаратоғ, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Кангурт ва Торбулоқи ноҳияи Данғара, шаҳракҳои Фархор ва Ҳулбук, Карони ноҳияи Дарвоз, қалъаҳои Қаҳқаҳа ва Ямчуни ноҳияи Ишкошим, Бозордараи ноҳияи Мурғоб ҳафриёти бостоншиносӣ карда, бозёфтҳои нави таърихӣ ба даст оварданд. Бозёфтҳои мазкур дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик саҳифаҳои навро боз намуда, аз маданияти пешрафтаи халқамон дар аҳди бостон гувоҳӣ медиҳанд. Дар соҳаи илмҳои филологӣ бо дарназардошти талаботи кунунӣ омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги тоҷику форс таҳқиқ гардида, нашри луғатҳои дузабона оғоз шуд. Дар соҳаи ҳифзи мероси хаттӣ “Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва нашр гардид.
Нашри китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ва китоби сеҷилдаи “Таърихи фалсафаи тоҷик” аз замонҳои қадим то имрӯз, фарҳангҳои гуногуни тафсириву дузабона, донишномаҳо, таҳқиқи тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ ва демографӣ дар ҷумҳурӣ, баррасии таърихи ҳуқуқ ва давлатдории тоҷикон, ки солҳои охир анҷом ёфтаанд, барои рушди ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияву эхсоси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллии мардум хеле судманданд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби олимони АМИТ барои ихтироот беш аз 400 патент ба даст оварда шуда, қариб даҳ ҳазор кори илмӣ, аз ҷумла, беш аз 2500 китобу рисола, маҷмуаҳои илмӣ ба табъ расонида шуд. Дар 10 соли охир бештар аз дувуним ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони АМИТ дар маҷаллаву нашрияҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва дастовардҳои илмии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
-Мехоҳам дар бораи ҳамкориҳо бо олимони хориҷа изҳори андеша намоед. Чӣ гуна равобит дар ин самт ба роҳ монда шудааст?
— Бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади рушди ояндаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик бо олимони давлатҳои пешрафта дар солҳои охир як силсила корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир — Чақалтой», ки дар дараи Оқ-Архари ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ буда, барои анҷом додани таҳқиқоти муштараки ҳастаӣ (ядроӣ) ва астрофизикии шуоъҳои кайҳонии энергияҳои фавқулбаланд бо давлатҳои манфиатдор нигаронида шудааст, барқарор карда шуд ва акнун ҳар сол экспедитсияи илмии олимони ҷавони тоҷик ба ин минтақа ташкил ва натиҷаи таҳқиқоти онҳо дар шакли мақолаҳои илмӣ нашр ва ба ҷомеаи илмӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии расадхона ҷиҳати гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ, Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и Институти астрофизика (воқеъ дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғара) аз нав ба фаъолият шуруъ намуд. Ин имкон медиҳад, ки илми астрофизикаи ватанӣ рушд карда, шуҳрати мактаби ситорашиносии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Боиси ифтихор аст, ки 14 апрели соли 2015 Иттифоқи байналмилалии астрономҳо барои саҳми арзандаи олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла, астероидҳо ва метеоритҳо, ҳамчунин, бо дарназардошти фаъолияти пурсамари се расадхона дар Тоҷикистон, хусусан, Расадхонаи байналмилалии “Санглох”, як сайёраи хурди системаи офтобиро бо номи «Тоҷикистон» расман сабт кард ва сертификати он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва ин боиси ифтихор аст, ки ягона кишваре, ки бо номаш сайёра дар коинот аст, кишвари мо — Тоҷикистон аст.
— Тарбия кардани кадрҳои ҷавони илмӣ яке аз масъалаҳои муҳимми АМИТ ба шумор меравад. Воқеан, дар ин бора Пешвои миллат низ борҳо ишора намуда буданд. Дар ин самт чӣ тадбирҳо андеша шудаанд?
— Чи тавре ки гуфтем, ҳоло дар АМИТ барои тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ тавассути ба магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос ҷалб намудани хатмкардагони муассисаҳои олии кишвар ва хатмкардагони зинаҳои бакалавриат ва магистратура заминаҳои устувор гузошта шудааст. Ба ин хотир, 17 октябри слоли 2019 Пешвои миллат санги асосро барои бунёди Мактаби зеҳнӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ гузоштанд, ки он бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз аст. Ба он дар оянда хонандагони болаёқат аз тамоми қаламрави кишвар ҷалб карда мешаванд.
Ҳоло Академияи илмҳо дар асоси беш аз 120 созишнома бо панҷоҳ давлати ҷаҳон ҳамкории илмию техникӣ дошта, дар иҷрои панҷ созишномаи байниҳукуматӣ иштирок мекунад, узви панҷ ташкилот, комиссия ва кумитаҳои байналмилалии илмӣ мебошад. Бо даъвати созмонҳои илмии хориҷӣ ҳамасола то 400 нафар корманди илмии Академияи миллии илмҳо барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба давлатҳои хориҷӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд, ки дар байни онҳо олимони ҷавон низ кам нестанд. Олимони мо бо олимони созмонҳои илмии хориҷӣ таҳқиқоти муштарак анҷом медиҳанд. Натиҷаҳои илмии чандин олимони тоҷик бо ҷоизаву мукофоти байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд. Академияи миллии илмҳо дар ташкил ва доир намудани тадбирҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, Симпозиуми байналмилалии “Тамаддуни ориёӣ дар иртибот бо фарҳанги АвруОсиё”, Симпозиуми байналмилалии “Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон”, Симпозиуми байналмилалии “Пажуҳиш дар бостон; дирӯз ва имрӯз”, тадбирҳо ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии тамаддуни Ҳисор ва чорабиниҳои дигар фаъолона иштирок кард ва минбаъд низ ин анъана давом хоҳад ёфт.
Мусоҳиб
Ҳотами ҲОМИД,
“Омӯзгор