ИФРОТГАРОИ — ХИЁНАТ БА БАШАРИЯТ

Дар ҷаҳони муосир тахдиду хатарҳо, шаклу усулҳои нави тахрибкориву монеагузори садди роҳи рушду пешрафти давлатҳо мегарданд.

Рақобат миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои ба фазои геополитикии худ ворид кардани ин ё он мамлакат бо шиддат идома дошта, инчунин, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии ҳавзаи зери нуфузи худ аз равишу воситаҳои гуногуни кишварҳои абарқудрат гардида истодааст. Аз ҷумла, истифодаи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун воситаи фишороварӣ ба кишварҳои гуногуни дунё одати маъмулии баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ шудааст, ки ба таври ошкору ниҳон аз онҳо ҷонибдорӣ ва маблағгузорӣ менамоянд.

Дар натиҷаи истифодаи гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротӣ аз ҷониби манфиатхоҳони сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ вазъияти минтақаҳои гуногуни олам печидаву мураккаб гардидааст. Тавоноӣ ва имконияти абардқудратҳо барои сохтан ё офаридани “системаҳо”, “зерсистемаҳо” ва идора намудани онҳо кофӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз, системаҳои гуногунро барои пиёда кардани нақшаҳои худ дар дилхоҳ минтақа тарҳрезӣ ва амалӣ мегардонанд. Масалан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон вуҷуд доранд, аслан бунёди мардумӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо ҳадафмандона аз тарафи манфиатҷӯёни сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсадҳои ғаразнок созмон дода шудаанд. Созмонҳои террористиву ифротӣ иҷрокунанда, амаликунандаи нақшаҳо ва ҳимоягари манфиатҳои баъзе давлатҳои судҷӯй мебошанд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии динӣ, ба монанди “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут- Таҳрир”, “Толибон”, “Лашкари Тайиба”, ТТЭ ҲНИ, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҳаракати Исломии Узбекистан”, “ДОИШ” ва ғайра, ки зери ливо ва шиорҳои дурӯғини ба номи дин сохта шуда, асосан дар доираи манфиатҳои идеологияҳои муайян ба вуҷуд оварда шудаанд.

Ҳаракатҳои         террористии динӣ аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатхоҳон бо “ҳадафи ғамхориҳо” дар ҳолате маблағгузорӣ мешаванд, ки “даъвои сиёсӣ” дошта бошанд. Ба ҳамин восита ҷомеаи як кишварро пора намуда, ба эҳсосоти мардум бозӣ менамоянд, ихтилоф, даъвоҳои беасос миёни зиёиён, равшанфикрон ва донишмандон ба вуҷуд меоянд ва ҷудоиталабиву бо роҳи хушунат ҳал намудани моҷароҳоро ба миён меоранд, ки оқибат як кишвари обод валангор гардида, мардуми он фақиру саргардон ва дарбадар мегарданд.

Ҳамин тавр, баъзе мамлакатҳои абардқудрат барои тавсеаи мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худ бозиҳои калон ва хатарнокро ба роҳ мемонанд, ба монанди роҳнамоӣ, дастгирӣ ва кумакҳои моддии пинҳонии созмонҳои террористиву экстремистӣ, ки барои кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм хатарнок буда, ҳатто истиқлоли онҳоро зери хатар қарор медиҳанд. Баъзе неруҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои расидан ба аҳдофи худ ҳозиранд ба ҳар коре даст зананд, муҳим нест, ки он барои давлатҳои рӯ ба рушд бо чӣ натиҷа ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин,  муборизаҳо, зиддиятҳо ва даргирии байни давлатҳои абардқудрат барои ҳимояи манфиатҳо ва мустаҳкам намудани мавқеи геоиқтисодӣ ва геополитикии худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, дар шаклҳои мухталиф сурат мегирад, ки дар ин миён манфиатҳои кишварҳои хурд поймол ва мавҷудияташон зери суол меравад.

Барои ҳамин, дар чунин шароит имрӯз ҷойгир будани кишварҳои хурд дар минтақаҳои дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ эҳтимоли сар задани хатар вуҷуд дорад. Зеро дар ҳолати дастдарозии баъзе мамлакатҳо ба сарватҳои табиии кишварҳо на сабаби рушд, балки омили қафомонӣ ва беназмии онҳо гардида, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, гирифтори ҷанги дохилӣ, низоъҳои қавмӣ ва худи мардум бо ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ даст ба гиребону дар бесуботии бардавом солҳои сол зиндагӣ доранд. Ба ин гуфтаҳо Афғонистон, Ливия, Сурия, Яман, Ироқ ва дигар мамлакатҳои ҷангзада мисол шуда метавонанд.

Хулоса, ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ аз тарафи баъзе кишварҳои манфиатдор ба хотири мустаҳкам гардонидани мавқеи геополитикӣ ва геостратегии хеш созмон дода шудаанд ва мақсаднок истифода шуда истодаанд. Ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии динӣ асосан ҷавонони камсавод ва роҳгумзада бо сӯиистифода аз эътиқодоти динӣ ҷалб карда мешаванд. Дар раванди ҷалбкунии ҷавонон барномаҳои махсуси “даъватӣ”, “ҷиҳодӣ” роҳандозӣ гардида, дар вақти мағзшӯӣ намудан, “руҳияи ғуломи”-и ҷавононро баланд мебардоранд ва ба хурофоту ваъдаҳои осмонӣ ва қасру кӯшкҳои боҳашамат дар “охират” ҷавононро ба фиребу найранг ба сафи созмонҳои даҳшатафкану ифротӣ ҷалб мегардонанд.

Ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба як андеша биёянд ва хатари онҳоро аз як дидгоҳи ҳамоҳангшуда дида тавонанд, дар сурати ғайр, ин мушкилот тӯли асрҳо ҳамчун фоҷиа болои халқҳо ва миллатҳои дунё боқӣ хоҳад монд.

Ҷаҳонгир МАҲМАДЗОИР,

мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТСи назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон