ТАҶАССУМИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, аз ҷониби таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таълимӣ ба маънии том иду тантанаи миллӣ аст.
Дар мавҷудияту парафшонии Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кушоиши ҳар соҳибватан гардидааст.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори миллӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Парафшонию ҷилваи Парчам неруи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як соҳибватан аст. Парафшонии Парчам таҷассуми ҳастии давлату миллат, пойдорию устувории он аст.
Парчами имрӯзаи тоҷикон 30 сол боз парафшонӣ дорад. Дар тобиши рангҳои сурху сафеду сабзи Парчам таълимгирандаи закиву бедордили имрӯза рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, нишони бахту саодат, умеду орзу, сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадиятро мебинад. Таълимгирандагон тасвири тоҷи дар байни Парчам бо ҳафт ситора ва ё ҳафт ахтар ҷойгирифтаро ҳамчун ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикони соҳибтамаддун медонанд.
Ифтихори миллату давлат аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 195 619 нафар (1059743 нафарашон духтарон) дар 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳсил доранд ва ҳамасола беҳтарин лаёқатмандону соҳибистеъдодҳо, махсусан, имсол 6410 нафари онҳо дар 24 олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, 13 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 11 намуди олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ иштирок намуданд.
Илова ба ин, 8419 нафар хонандаи тоҷик дар 11 олимпиадаи байналмилалӣ мустақиман ва тариқи фосилавӣ аз фанҳои математика, физика, химия, табиатшиносӣ ва забони англисӣ дар давлатҳои Америка, Италия, Словения, Венгрия, Босния-Герсоговиния, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайраҳо иштирок карда, сазовори 1058 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, сазовори 140 медали тилло, 368 медали нуқра ва 550 медали биринҷӣ гардидаанд.
140 медали тилло, ки ин ғолиби барҳақи олимпиада будан аст, нишонаи 140 маротиба барафрохтан ва ё баланд бардоштану парафшонии Парчами миллии Давлати Тоҷикистон дар байни давлатҳои рӯйи олам мебошад, ки дар чунин олимпиадаҳо таълимгирандагони дигар давлатҳои рӯйи олам низ иштирок менамоянд.
Парчами Тоҷикистон ифтихори ҳар як таълимгирандаи кишвар ва ҳар як таълимгиранда парчамбардори миллату давлат аст.

Раҷабалӣ САНГОВ