Тоҷинисо Юнусӣ баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сеюми шаҳри Панҷакент омӯзгор таъйин шуд.
Ҳангоме ки гурӯҳи санҷишӣ ба мактаб омаданд, дар қатори дигар омӯзгорон ҳуҷҷатҳои ин омӯзгори ҷавонро санҷиданду барои огоҳӣ дарёфтан аз сатҳи дониши шогирдонаш вориди синфхона шуданд. Баъди саволу ҷавоб бо шогирдон яке аз санҷишгарон ба ваҷд омаду гуфт:
– Кош ҳамаи омӯзгорон чунин ҳуҷҷатгузории намунавию шогирдони фаъол медоштанд.
Ин нахустин таъриф дар ҳаққи омӯзгори ҷавон буд.
Баъди ғалабаи Тоҷинисо Юнусӣ дар озмуни бонуфузи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мо ба коргоҳаш рафтем. Гумон мекардем, дар ин муассисаи таълимие, ки дорои 52 синф асту 1750 хонанда дорад ва ин ҷо 104 нафар омӯзгор ба шогирдон дарс медиҳанду ҳама соҳибтаҷрибаанд, ҳоло фурсате нарасида, ки омӯзгори ҷавон бо ҳафт сол собиқаи корӣ дар курсии роҳбарӣ нишаста бошад, вале сарвари муассиса Ворисҷон Бобоҷонов изҳор дошт, ки Тоҷинисо танҳо омӯзгор нест, балки аз якуми сентябри соли 2025 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим низ кор мекунад.
Тоҷинисо дар пешрафти тамоми бахшҳои кор дар мактаб хешро ҳамеша масъул медонад ва дар ҳамаи чорабиниҳои мактабию шаҳрӣ фаъолони иштирок менамояд. Ҳанӯз дар соли дуюми омӯзгориаш дар даври вилоятии озмуни «Муаллимони ҷавон» иштирок намуд ва дар байни довталабон аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.
Тоҷинисо дар оилаи шоир Саид Юнусӣ ба дунё омадааст. Модараш Бифазолат Чеварова бонуи босавод асту дар тарбияи фарзандон хеле сахтгир. Тоҷинисо аз хурдӣ алифбои ниёгонро бо тамоми нозукиҳояш омӯхт. Соли 2024 то даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» расид.
Ӯ аз ин руҳафтода нашуда барои соли минбаъд боз ҳам ҷиддитар ба омодагӣ машғул гардид. Рӯзе маводашро барои маслиҳат пурсидан ба назди мо овард. Аз назар гузаронидем, хеле сербор буд. Чун дарёфтем, ки ғазалҳои зиёдеро аз Аттор вориди маводи худ кардааст, сабаб пурсидем. Гуфт:
– Аз хурдӣ ғазалиёти Атторро дӯст медорам. Азбаски ин ғазалҳоро худ чун таҷрибаи аввалин аз хати ниёгон баргардон кардам, барои ман хеле азизанд.
Инчунин, ӯ ба ғазалиёти Ҳофиз таваҷҷуҳи бештар доштааст ва ашъори зиёдеро ин шоири бузург аз ёд медонад.
Моҳи майи соли 2025 даври шаҳрии озмун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ҳамроҳи адабиётшиноси варзида Саидумрон Саидзода баргузор мекардем. Дар номинатсияи адабиёти классикӣ иштирокчиён чандон фаъол набуданд. Навбат ба омӯзгорон Тоҷинисо Юнусӣ ва Кибриё Нуъмонова расиду мо нафаси осуда кашидем. Ин ду нафар хеле фаъол буданд. Тоҷинисоро сазовори ҷойи аввал донистем.
Дар даври вилоятӣ бошад, ба ӯ хеле дер навбат расид. Рӯз ба анҷом мерасид.
Доварон низ хаста шуда буданд.
Дар дигар номинатсияҳо пурсиш ба охир расида буд. Ба Тоҷинисо дар оғоз чандон эътибор надоранд. Чун шеъри дӯстдоштаашро пурсиданд, ӯ ба қироати ғазали машҳури Ҳофиз пардохт.
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Ҳангоми қироати Тоҷинисо доварон моту мабҳут шуданд. Хониши дилчаспу лаҳни ширини ӯ ҳозиронро мафтун намуд.
Дар ин сабқат қариб як соат бо ӯ саволу ҷавоб карданд. Аз ӯ аз нимаю охири чандин ғазал пурсиданд, вале ӯ дар ҳеҷ ҷо дарнамонд. Чун ба асарҳои насрӣ расид, дониши васеаш писанди доварон гашт ва худи ҳамон лаҳза ба ӯ гуфтанд, ки ба даври ҷумҳуриявӣ боз ҳам хубтар омода шавад.
Тоҷинисо, ҳангоме ки аз толор берун меомад, ду рухсорааш аз ашк тар шуда буд, албатта, аз ашки шодӣ.
Чун даври ҷумҳуриявӣ фаро расид, мо итминони комил доштем, ки Тоҷинисо барандаи Шоҳҷоиза мегардад, вале ӯ сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин низ мақоми андак нест. Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Тоҷинисо Юнусӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва шуъбаи маорифи шаҳр ба тарзи шоиста пешвоз гирифта шуд.
Ҳоло барои Тоҷинисо ду қуллаи фатҳнашуда истодаанд, ки рӯзе онҳоро низ бо сари баланд фатҳ хоҳад кард: яке, комёбӣ дар кори илмӣ ва дигаре ғалаба дар озмуни «Шоҳномахонӣ».
Исмоил ЗАРИФӢ,
рӯзноманигор













