Василаи омӯзиш ва рушди кӯдакон

Бозӣ воситаи муассири омӯзиши амалӣ аст. Ҳангоми бозӣ кӯдак меомӯзад, ки чӣ гуна ашёро истифода кунад, ҳаракат диҳад, муқоиса ва гурӯҳбандӣ намояд. Ин раванди зоҳирии бозӣ дар асл таҳкурсии рушди тафаккури мантиқӣ, нутқ ва идрок аст. Бозичаҳо ҳамон «воситаҳои моддии бозӣ»-анд, ки ба гуфтаи Макаренко, кӯдак тавассути онҳо «таҷрибаи зиндагиро аз сар мегузаронад». Масалан, вақте кӯдак лухтакро нигоҳубин мекунад, дар ҳақиқат, дарк мекунад, ки меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва масъулият чист.

Бозӣ имрӯз ба яке аз усулҳои муассири педагогӣ табдил ёфтааст.
Аз рӯйи таҳлили Г. К. Селевко, бозиҳои педагогӣ аз рӯйи мазмун ва ҳадаф ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1. Бозиҳои ҳаракатӣ (моторӣ) — рушди ҷисмонӣ ва ҳамоҳангии ҳаракатро таъмин мекунанд.
2. Бозиҳои зеҳнӣ (ақлонӣ) — тафаккури мантиқӣ ва хотираро тақвият медиҳанд.
3. Бозиҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ — ҳамкорӣ, эҳтиром ва ҳисси адолатро ташаккул медиҳанд.
4. Бозиҳои эҷодӣ ва саҳнавӣ — хаёлот ва қобилияти бадеии кӯдакро бедор месозанд.
Ин гурӯҳбандӣ нишон медиҳад, ки бозӣ метавонад, ҳамзамон, воситаи таълим, тарбия ва ташаккули ахлоқ бошад. Бозӣ муҳити озод ва амн барои изҳори эҳсосоти кӯдак аст.
Дар муҳити кӯдакистон бозиҳои анъанавӣ низ нақши муҳимми иҷтимоӣ доранд: “Гулдаста”, “Мурғак ва тухм”, “Калид дар дасти кист?”, “Лухтакро мехобонем”, “Кӣ ҳайвонро мешиносад?” ва ғайра на танҳо шавқовар, балки воситаи ҳам­кории гурӯҳӣ, эҳтиром ба қоида ва одоби муошират мебошанд. Бозӣ, инчунин, муҳаррики руш­ди нутқ аст. Дар бозиҳои нақшофарӣ бошад, (“Табиб ва бемор”, “Муаллим ва шогирд”) кӯдак маҷбур мешавад, суханро бо маъно, ҳиссиёт ва тартиб истифода барад.
Мураббии кӯдакистон дар бозӣ на нозир, балки ҳамбоз ва роҳнамо мебошад. Ӯ муҳити амн ва эҷодкориро таъмин мекунад, бозиро ба ҳадафи таълимӣ мепайвандад. Масалан, ҳангоми бозии “Саёҳат ба ҷангал” мураббӣ метавонад мавзуи табиатшиносӣ (танаи дарахт, ранги баргҳо, ҳайвоноти ҷангал)-ро омӯзонад.
Мувофиқи таҳқиқоти мутахассисон, ҳамкорӣ ва роҳнамоии мураббӣ дар бозӣ сатҳи фаъолият ва ҳамкории кӯдаконро то 40% боло мебарад.
Бозича барои кӯдак мисли дунёест, ки ӯ метавонад онро идора кунад. Вақте кӯдак лухтакро мехобонад ё барои он ғам мехӯрад, дар асл қобилияти ҳамдардӣ ва масъулиятро таҷриба мекунад. Бо ҳамин роҳ, бозичаҳо ба ташаккули ҳисси инсондӯстӣ ва ахлоқи мусбат мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр, бозӣ на танҳо як навъи фароғат, балки пойгоҳи илмии рушди шахсият аст. Дар он омӯзиш, эҳсос, ахлоқ ва зебоишиносӣ ба ҳам мепайванданд.
Нигора ОДИНАЕВА,

мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №159-и ноҳияи Шоҳмансур

Добавить комментарий