Чанд андеша дар ҳошияи шиори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон»
Муқаддима
Сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» дар фазои фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони муосир мақоми вижаро касб кардааст. Пеш аз ҳама, ин сухан на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки ҳувияти фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии миллати тоҷикро равшан намуда, ба қишрҳои гуногуни ҷомеа паёми амиқ дод: давлату миллатсозӣ бидуни худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи бостонӣ, ҳифзи арзишҳои адабӣ ва озодандешӣ имконпазир нест.
Дар зимн, ин гуфтаи пурмуҳтаво ва дурандешона дар фазои фикрии ҷомеаи тоҷик вокуниши густурда ба вуҷуд оварда, ба рамзи худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ табдил ёфт. Ин изҳорот дар шароите матраҳ гардид, ки Тоҷикистон давраи нави таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро таҷриба мекунад. Дар замони шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши гуногунқутбии фикрӣ, муборизаҳои геосиёсӣ ва қавитар гардидани рақобатҳои ҳувиятӣ, масъалаи худшиносии миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки сухани мазкур ҳамчун андешаи калидӣ ва рефлексияи сиёсӣ на танҳо мақоми рамзӣ, балки мазмуни амиқи идеологӣ ва фарҳангӣ пайдо намуд.
Ин изҳорот бархӯрди хос миёни ду сатҳи ҳувиятро равшан мекунад: ҳувияти миллӣ ҳамчун пояи давлатдорӣ ва ҳувияти динӣ ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири маънавиёти миллат. Ҳарду арзиш дар таҷрибаи таърихии тоҷикон ҳамзистии тӯлонӣ доштаанд, аммо ҷойгоҳ ва мақоми онҳо дар ҷомеаи муосир ба танзиму тавозуни дуруст ниёз дорад. Ибораи мазкур, дар навбати худ, маҳз ҳамин зарурати таъкид бар ҳувияти миллӣ ва мақоми калидии он дар равандҳои давлатсозӣ ва худшиносии тоҷиконро инъикос менамояд.
Сухани воқеан, ҳикматбору тавъам бо хирдагароии сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар асоси забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни худ ташаккул меёбад ва дин ҳамчун унсури маънавӣ ва ахлоқӣ дар ин замина ҷойгоҳи вижа дорад, вале ҳеҷ гоҳ набояд бо мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои алоҳида бар зидди манфиатҳои миллӣ истифода шавад.
Тоҷик ва тоҷикият: пояи ҳувияти миллӣ
Миллати тоҷик чун таърихи ҳазорсолаҳоро дорост, аз ин рӯ, мафҳуми «тоҷик» аз дуриҳои таърих ба мо расида, дар замони Сосониён, Сомониён, Темуриён ва давраҳои баъдӣ ҳамчун ҳувияти фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Ин мафҳум на танҳо номи қавм, балки маҷмуи тамаддун, фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ ва одоби зиндагӣ мебошад. Тоҷик будан ба ин маъност: пайвастан ба тамаддуни куҳани ориёӣ, забони форсии дарӣ – пояи адабиёт ва тафаккур, мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо нобиғаи дигар ва фарҳанги таҳаммул, инсондӯстӣ, озодандешӣ.
Сухани «Ман аввал тоҷикам…» маҳз ба ҳамин мерос ишора мекунад. Яъне, пеш аз ҳама, мо фарзандони фарҳанги бостонӣ ҳастем, ки ба инсоният арзишҳои гуманистиро ҳадия кардаем.
Аз нигоҳи илмӣ, тоҷикият ҳамчун маҷмуи нишонаҳои фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ ва иҷтимоӣ муайян мешавад, ки халқи тоҷикро ҳамчун як воҳиди сиёсӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ мекунад. Ва тавре ишора шуд, пайдоиши мафҳуми «тоҷик» решаҳои хеле қадимӣ дорад ва муаррихон онро ба давраҳои аввали ташаккули қавмҳои эронинажод марбут медонанд. Бо вуҷуди ин, тоҷикият на танҳо истилоҳи этникӣ, балки пеш аз ҳама, тамаддуни мураккабу пурғановат мебошад.
Фаҳмиши тоҷикият бо забони тоҷикӣ, мероси адабии тоҷикӣ-форсӣ ва таҷрибаи давлатдории аҷдодӣ иртиботи зич дорад. Дар тӯли таърих ин унсурҳо тавонистанд миллати тоҷикро ҳифз намоянд, ҳатто дар замоне ки давлатдории мустақил вуҷуд надошт. Забон ҳамчун сутуни асосии тоҷикият нақши ҳалкунанда дошт, зеро забони форсии дарӣ ба сифати забони адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар тамоми шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна ва Шарқ садсолаҳо мавқеи устувор дошт.
Аз ин ҷост, ки сухани Пешвои миллат бо таъкиди «Ман аввал тоҷикам» мардумро ба ин андеша мутаҳид месозад, ки маҳз ҳувияти миллӣ – забон, анъана, таърих ва фарҳанг пояи ҳастии мост. Дин метавонад ҷузъи ин ҳувият бошад, аммо на меъёри асосии муайянкунандаи он. Ҳамин тавр, ин изҳорот дар баробари таъкид ба мансубияти динӣ аҳаммияти хос ба миллати тоҷик ҳамчун субъекти сиёсӣ ва фарҳангӣ медиҳад.
Ватандӯстӣ ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи ҷомеа
Дар фарҳанги тоҷикӣ мафҳуми ватандӯстӣ решаҳои амиқи фалсафӣ ва адабӣ дорад. Аз осори Рӯдакию «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то осори Саъдӣ, Ҳофиз ва Абдураҳмони Ҷомӣ мафҳуми Ватан, меҳр ба хоку об, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ғояи инсонӣ мавқеи калидӣ доранд. Ватандӯстии тоҷикӣ аз ибтидо ҳамчун ҳисси хештаншиносӣ ва худбаҳодиҳии фарҳангӣ ташаккул ёфтааст.
Дар давраи муосир ватандӯстӣ ҳамчун ҷузъи сохтори идеологии давлатдорӣ аҳаммияти нав касб кардааст. Сухани Пешвои миллат низ дар ҳамин замина арзи вуҷуд кардааст. Таъкид ба тоҷикият дар давраи афзоиши фишорҳои хориҷӣ ва паҳншавии ифротгароии динӣ ба ҷомеа манфиати стратегӣ дорад, зеро дар чунин шароит ҳувияти миллӣ ягона неруест, ки метавонад давлат ва ҷомеаро муттаҳид нигоҳ дорад.
Ватандӯстӣ, инчунин, маънии эҳтиром ба рамзҳо, эҳёи анъанаҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мустаҳкам кардани пайванди наслҳоро ифода мекунад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷавони соҳибистиқлол дар раванди давлатсозӣ бештар аз ҳар вақти дигар ба ин арзиш ниёз дорад.
Худшиносии миллӣ ва ҷойгоҳи он
Худшиносии миллӣ маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръат аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҷомеаҳои муосир таҳдидҳои гуногун – маҳву нобуд шудани анъанаҳо то фишорҳои фарҳангиро таҷриба мекунанд. Барои ҳамин, худшиносии миллӣ танҳо ёдоварии гузашта нест, балки мафҳуми фаъол ва динамикӣ аст, ки бо воқеиятҳои нав мутобиқ мешавад.
Дар Тоҷикистон худшиносии миллӣ заминаҳои таърихии хеле қавӣ дорад, аммо дар аввали асри XX, махсусан, дар солҳои 20-30, ин раванд бо сабаби табаддулоти сиёсӣ ва ҷустуҷӯи ҳувият шакли фаъол гирифт. Баҳсҳои зиёиён дар бораи забони адабӣ, алифбо, адабиёти миллӣ, таъриху ҷойгоҳи тоҷикон дар тамаддуни форсӣ дар он давра нақши таърихӣ дошт. Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо нобиғаи дигар барои муайян кардани ҳувияти миллӣ ва ҳифзи он мубориза бурданд.
Имрӯз бошад, тамоми кору пайкор ва талоши Пешвои миллат низ баҳри ҳифзи ин арзишҳо равона шудаанд. Ва имрӯз сухани Пешвои миллат ба ҷомеа хотиррасон мекунад, ки худшиносии миллӣ пояи асосии давлатдорӣ мебошад. Ҳувияти миллӣ набояд бо унсурҳои ифротгароӣ, тақлидкории идеологӣ ва ҷаҳонибинии хурофотӣ иваз гардад. Тоҷикистон танҳо дар сурате метавонад кишвари соҳибсубот боқӣ монад, ки наслҳои нав ба миллат, забон ва таърихи худ бо масъулият ва фаҳмиши илмӣ назар кунанд.
Арзишҳои фарҳангӣ ва ҷойгоҳи онҳо дар давлатдории муосир
Фарҳанги тоҷикӣ, ки решаҳои бостонитарин тамаддунҳои Осиёи Марказию Ҷанубиро дар худ ҷамъ овардааст, ҳамеша неруи ҳифзкунандаи миллат буд. Ин фарҳанг маҷмуи зебошиносӣ, ирфон, забон, адабиёт, меъёрҳои ахлоқӣ, санъат ва анъанаҳои иҷтимоиро фаро мегирад. Тоҷикистон дар асри XXI бо мушкилоте рӯбарӯст, ки он бе такя ба фарҳанг ҳал намешавад. Аз ҷумла, раванди глобализатсия, густариши фарҳангҳои беруна, паст шудани сатҳи мутолиа, кам шудани таваҷҷуҳ ба арзишҳои суннатӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба зеҳни насли ҷавон.
Сухани Пешвои миллат дар ҳамин замина зарурати ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ ва забони тоҷикӣ ҳамчун сутуни тоҷикиятро таъкид мекунад. Тоҷикият танҳо дар сурате собиту устувор мемонад, ки фарҳанг ва забон мавқеи воқеии худро дар маориф, илм, фарҳанг, фазои иттилоотӣ ва идоракунии давлатӣ дошта бошанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои таҷрибаи истиқлол аст. Ин забон имрӯз танҳо василаи муошират нест, балки он абзори тафаккур, пояи худшиносӣ ва асоси давлатдории мо мебошад.
Баҳсҳои забону адабиёт дар солҳои 20-30 ва аҳаммияти онҳо дар замони муосир
Дар солҳои 20-30-и асри гузашта, ки давраи ташаккули мафкураи миллӣ ва ниҳодҳои фарҳангии тоҷикон буд, баҳсҳои муҳим миёни зиёиён баргузор шуданд. Ин баҳсҳо на танҳо масъалаҳои забон, алифбо ва меъёрҳои адабиро матраҳ мекарданд, балки самти рушди худшиносии миллӣ ва пояҳои идеологии давлатдории ояндаро низ муайян менамуданд. Ин давраро метавон давраи шаклгирии илмии миллат номид.
Дар ҷараёни ин баҳсҳо масъалаи забони адабӣ, зарурати эҷоди забони муосири тоҷикӣ, ҷудо кардани он аз таъсири забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва туркӣ барои муайян кардани симои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мешуд. Ҳамчунин, масъалаи алифбо (гузариш аз хати арабӣ ба лотинӣ ва баъдан ба сириллик) як мавзуи калидии сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Зиёиёни миллӣ барои он мубориза мебурданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони адабӣ ва расмӣ мақоми воқеӣ пайдо кунад.
Имрӯз, дар замоне ки ҷаҳон дубора бо баҳсҳои ҳувият ва фарҳанг даргир аст, ин таҷрибаи таърихӣ аҳаммияти бузург дорад. Сухани Пешвои миллат низ ин ҳақиқатро шарҳ медиҳад: бе забон ва адабиёт ҳувияти миллӣ коста мешавад ва миллат худро аз даст медиҳад. Забони тоҷикӣ дар давраи муосир бояд на танҳо ҳамчун абзори муошират, балки ҳамчун меъёри илмию фарҳангӣ ва пояи тафаккур ҳифз ва такмил дода шавад.
Дурӣ ҷустан аз хурофот ва ифротгароӣ: такя ба хирад ва дониш
Хурофот ва таассуби динӣ яке аз таҳдидҳои хатарнок барои ҷомеаҳост. Таърихи асрҳои гузашта нишон медиҳад, ки ҳар гоҳ хурофот ва буҳрони фикрӣ боло равад, ҷомеа дар ҳолати рукуд ва таназзул қарор мегирад. Тоҷикистон низ дар солҳои гуногуни гузашта бо мушкилоте чун хурофот, таассуб, ҷаҳолат ва фишори идеологияҳои ғайриилмӣ рӯ ба рӯ шудааст. Барои ҳамин, давлат ва ҷомеа ба таҳкими дониш, баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва илмӣ, эҷоди муҳити солими фикрӣ ва роҳ надодан ба тафаккури ифротӣ ниёз дошт.
Сухани Пешвои миллат бо таъкид бар тоҷикият ҳамчун ҳувияти асосӣ ва ҷойгоҳи дин ҳамчун унсури маънавӣ ба ҷомеа паёми муҳим медиҳад: хирад, дониш ва илми муосир бояд болотар аз таассуб ва хурофот бошанд. Ислом дар фарҳанги тоҷикон ҳамеша унсури маърифатӣ, ирфонӣ ва ахлоқӣ буд, на абзори сиёсӣ. Фалсафаи динии тоҷикон бар асоси офариниши дониш, таҳаммулпазирӣ ва ҳикмат ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, истифодаи дин ба сифати воситаи баҳамзанандаи сиёсӣ на танҳо ба арзишҳои динӣ хилоф аст, балки ба арзишҳои миллӣ низ мухолиф мебошад.
Ҷойгоҳи дин ва миллият дар ҷомеа
Тоҷикон аз асри VIII инҷониб мусулмонанд, аммо дар тӯли таърих онҳо исломро бо фарҳанги миллии худ дар ҳамзистии созандаю осоишта муттаҳид кардаанд. Ислом барои тоҷикон маънии ирфон, ахлоқ, маърифат, покизагӣ ва инсонпарвариро дошт. Дар фарҳанги мо дин ҳеҷ гоҳ вазифаи сиёсӣ надошт, балки ҷузъи маънавии зиндагӣ буд. Аз ин рӯ, таъкид бар миллият дар сухани Пешвои миллат маънои зиддият бо динро надорад, балки бароҳмонии ҷойгоҳҳои ду унсури муҳимро муайян мекунад: миллат – пояи давлатдорӣ ва дин – пояи маънавиёт.
Агар дин бо мақсадҳои сиёсӣ истифода шавад, ба миллат ҳатман зарар мерасонад. Аммо агар он ҳамчун унсури фарҳангӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ арзёбӣ гардад, метавонад ба таҳкими ҷомеа, устувории ахлоқ ва пурзӯр шудани фарҳанги ҳувият мусоидат кунад.
Хулоса
Сухани Пешвои миллат «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» ифодаи равшани ҷаҳонбинии миллӣ, ҳикмати давлатдорӣ ва зарурати таърихии таҳкими худшиносии миллӣ дар замони муосир мебошад. Ин изҳорот на танҳо як ибора ё ҷумлаи одӣ, балки барномаи фикрӣ, фарҳангӣ ва идеологие мебошад, ки ҷомеаи тоҷикро ба устуворӣ, худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва рушду такомули маънавӣ ҳидоят мекунад.
Тоҷикият ҳамчун ҳувияти миллӣ пояи забон, фарҳанг, таърих ва давлатдории тоҷикон мебошад. Ва боз такрор месозем, ки дин ҳамчун унсури маънавӣ ва ахлоқӣ ҷойгоҳи худро дорад, аммо набояд ба унсури ифротӣ ва сиёсии баҳамзанандаи ҷомеа табдил шавад. Забони тоҷикӣ, фарҳанги адабӣ, арзишҳои суннатӣ ва тамаддуни гузаштаи мо бояд ҳамчун асосҳои ҳастии миллӣ ҳифз карда
шаванд.
Аз ин рӯ, сухани Пешвои миллат паёми ҳикматомезест, ки ба ҳар шаҳрванди кишвар мефаҳмонад, ки худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба забон ва фарҳанг,
дурӣ аз хурофот ва таҳкими донишҳои муосир роҳи ягонаи рушду суботи Тоҷикистон аст.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология













