Заминаи боэътимоди пешрафти кишвар

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, стратегӣ ва барномавӣ, самтҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеаро муайян намуд. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ пайваста вусъат меёбанд, соҳаҳои маориф ва илм ҳамчун пояҳои асосии таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисоди рақобатпазир ва таҳкими давлатдории миллӣ мавқеи меҳварӣ касб менамоянд.

Пешвои миллат дар Паёми худ бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва таҳлили воқеии вазъи кишвар таъкид намуданд, ки сармоягузорӣ ба маориф ва илм сармоягузорӣ ба ояндаи давлат аст. Маҳз тавассути таъмини рушди бомароми соҳаи маориф метавон насли босавод, соҳибкасб, соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии муосирро тарбия намуд, ки қодир ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешбурди ҷомеа ба ояндаи боз ҳам саодатмандона қодир бошад.
Маълум, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътироф гардидааст ва дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ ин мавқеъ бори дигар таъкид шуд. Иброз гардид, ки ояндаи давлату миллат мустақиман аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли наврас вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки давлат бояд тамоми имкониятҳоро барои тарбияи насли босавод, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии муосир сафарбар намояд. Дар ин замина, такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани низоми таҳсил ба талаботи замон аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд.
Яке аз масъалаҳои калидии соҳаи маориф, ки дар Паёми Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи махсус баррасӣ гардид, таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон ва кормандони соҳа мебошад. Президенти кишвар дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 фоиз зиёд карда шавад.
Ин иқдом нишонаи равшани эътирофи нақши омӯзгор дар ҷомеа буда, аз ҷумла, ба баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ ва ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба соҳаи маориф мусоидат менамояд. Ҳамзамон, маоши дигар кормандони соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ 20 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин тадбирҳо барои таҳкими устувории иҷтимоӣ аҳаммияти калон доранд.
Дар Паём масъалаи рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ҳамчун шарти муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди илм бояд ба ниёзҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва бозори меҳнат нигаронида шавад.
Дар ин замина, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор карда шуданд, ки якҷо бо вазоратҳои дахлдор талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар ба шумор меравад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки маориф бояд заминаи боэътимод барои омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои муосир фароҳам оварад.
Дар ин раванд, рушди фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Ин равиш на танҳо рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, балки мавқеи Тоҷикистонро дар фазои ҷаҳонии илм ва технология таҳким мебахшад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи китоб ва фарҳанги китобхонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. То имрӯз бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон тақсим карда шудааст.
Ин иқдом барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди тафаккури илмӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳамчунин, дар даҳ соли охир 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр гардида, ба китобхонаҳо дастрас карда шуд, ки ин тадбирҳо дар тарбияи маънавии насли наврас нақши муҳим доранд.
Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки маориф ва илм ҳамчун сипари боэътимод алайҳи таассуб, хурофот ва ҷаҳолат хидмат мекунанд. Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки бесаводӣ метавонад ҷомеаро ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор созад. Аз ин рӯ, тарбияи насли босавод, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вазифаи муқаддаси давлат ва аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки маориф ва илм дар сиёсати давлатии кишвар мавқеи стратегӣ доранд. Дар ин санади сарнавиштсоз маориф на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон, зиёд намудани маош, такмили заминаи моддию тех­никии муассисаҳои таълимӣ, мутобиқ намудани мазмуну муҳ­тавои таҳсил ба талаботи бозори меҳнат ва рушди иқтисоди рақамӣ нишон медиҳанд, ки давлат ба неруи инсонӣ ҳамчун сарвати асосии миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба рушди фарҳанги китобхонӣ, нашру паҳн намудани осори арзишманди илмӣ ва адабӣ, бунёди иншооти фарҳангӣ ва илмӣ заминаи мусоид барои рушди тафаккури илмӣ ва маънавии ҷомеа фароҳам меоранд. Ин ҳама тадбирҳо ба ҳам пайваста, як сиёсати мукаммалу дурбинонаро дар самти рушди маориф ва илм ифода мекунанд.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои боэътимод барои сиёсати давлатии маориф ва илм хидмат намуда, татбиқи ҳамаҷонибаи он метавонад заминаи устувор барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди рақобатпазир ва ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварад.
Шодӣ САФАРОВ,
президенти АТТ,

профессор

Добавить комментарий