Сарчашмаи бахту саодат

Дар оғози Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фалаҷ намуда, кишварро бенизомӣ фаро гирифт. Дар чунин шароити хатарзову фалокатбор шахсияте зарур буд, ки ҳастии хешро барои барқарор намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ фидо намояд, мардумро муттаҳид ва кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшад. Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии кишвар интихоб шуданд ва дар аввалин Муроҷиатномаи хеш ба мардуми мамлакат таъкид доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» Ҳамин ҷумлаи дар нигоҳи аввал сода, вале дорои маънои амиқ ба дили мардуми азияткашида неру бахшид ва бовару эътимоди онҳоро ба фардои неки мамлакат қавӣ гардонд. Пешвои миллат бо ҷасорату иродат ба шаҳру навоҳии кишвар сафар ва бо мардум мулоқот анҷом дода, талоши зиёд намуданд ва дар натиҷа гурезагон ба Ватан баргаштанд, сулҳу субот дар кишвар зина ба зина таъмин гардид. Дар ин миён зарур буд, ки қонуни асосии кишвар ба тасвиб расад, то аркони давлатдорӣ мустаҳкам гардад. Бо дастури Сарвари давлат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва онҳо тамоми конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳонро омӯхта, лоиҳаи қонуни асосии кишварро таҳия намуданд ва ин санади муҳимми тақдирсоз 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Маҳз қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ ва сохторҳои ҳуқуқӣ ба низом дароварда шавад. Ин санади муҳимми тақдирсоз ба таҳкими сохторҳои давлатӣ мусоидат намуд ва шароит ба вуҷуд овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тақвияту рушд ёбанд. Дар ин миён, мавқеи инсон дар авлавият қарор дода шуда, фаъолияту таҳсили наврасону ҷавонон бо асоси ҳуқуқӣ таъмин гардид. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили ҳатмии ройгонро барои тамоми шаҳрвандон муайян намуд ва ҷойгоҳи маорифро баланд бардошт.

Дар заминаи Конститутсия қонунҳои соҳавӣ қабул гардиданд, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро метавон ном бурд, ки тамоми фаъолияти соҳаи маорифро ба танзим дароварда, ҷойгоҳи маорифро дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор дод. Аз ин ҷост, ки имрӯз шароити мусоиди таълим дар гӯшаву канорҳои мамлакат фароҳам оварда шудааст. Сатҳу сифати таълим мунтазам баланд мегардад ва таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиш бештар шуда, ба такмили тафаккуру ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд. Инчунин, дар асоси Конститутсия илми тоҷик низ рушду такомул ёфта, тамоми шароиту имконот барои омӯзишу таҳқиқ ба муҳаққиқони ҷавон фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ҷавонони боистеъдод ҷиҳати машғул шудан ба пажуҳишҳои бунёдӣ бо азму кӯшиши зиёд камар бастаанд. Дар зимн, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин, дар соли 2026 баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар ҷодаи рушди худшиносии миллии толибилмон нақши бузург хоҳад гузошт.
Мусаллам аст, ки ин ҳама дастоварду комёбию пешрафтҳо дар соҳаҳои илму маориф дар заминаи Конститутсия, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё маҳсуб ёфта, дар он арзишҳои волои инсонӣ мавқеи меҳварӣ доранд. Вобаста ба рушду пешрафтҳои ҷомеа ба он се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағийру иловаҳо ворид шуда, онро такмил ва мувофиқ ба замон гардонид. Зарур аст, ки ба муқаддасоти миллӣ эҳтирому арҷ гузорем ва моддаву бобҳои онро ба таври амиқ омӯзему риоя намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Конститутсия сарчашмаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳр­вандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд».
Дарвоқеъ, Конститутсия сарчашмаи бахту саодат ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад.
Султон Холов,

магистри курси дуюми АМИТ

Добавить комментарий