Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам ба дигар дастоварду комёбиҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ, дар арсаи байналмилалӣ ба сифати роҳбари хирадманд ва ташаббускори ғояҳои глобалии об, иқлим ва экология эътироф гардидаанд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта гардидани ташаббусҳои «Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003)», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (соли 2013)», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025)», Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2024-2025) ва дар заминаи ин иқдомот аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани 14 қатъномаи дахлдор далели равшан мебошад. Маҳз дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 11 форум ва конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Маълум аст, мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, кишвари мо таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об, Нақшаҳои амал оид ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи ҳадафҳои «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» нақши бузургу саҳми назаррас дорад. Дар миқёси минтақавӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгому пешоҳанги аксар иқдомҳои ҷадиду наҷиби марбут ба мушкилоти об, иқлим ва экология маҳсуб ёфта, яке аз бунёдгузорон ва узви фаъоли Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ мебошад. Яке аз далоили равшани пешсаф ва ташаббускори иқдомҳои минтақавӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», зимни баргузории иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором (25.04.2025) бо иттифоқи оро қабул гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар вохӯрию чорабинӣ, дар ҳамоишҳои минтақавии марбут ба об, иқлим ва экология пайваста фаъолона ширкат меварзанд ва иқдомҳои аҳаммияти минтақавию ҷаҳонидоштаро пайгирӣ менамоянд. Аз ҷумла, соли 2025 дар ду чорабинии сатҳи баланд, ки дар ду кишвари Осиёи Марказӣ, яъне, Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» дар Ӯзбекистон (Самарқанд) ва Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар Туркманистон (Туркманбошӣ) доир гардиданд, ширкат намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар аввалин форуми иқлимии Самарқанд «Осиёи Марказӣ пешоруи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 доир гардид, масоили марбут ба тағйирёбии иқлими глобалӣ ва минтақавиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оқибатҳои фоҷеабори онро ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Далелҳои бармалои илмӣ бо суханони Пешвои миллат тавъам омада, дурустӣ ва дақиқии онҳоро тасдиқ менамоянд, зеро давоми беш аз чор даҳсола аст, ки тағйирёбии иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолият ва саломатии инсон табдил ёфтааст. Ба ибораи дигар, давоми солҳои охир, ба гуфтаи дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба «буҳрони сегонаи сайёравӣ», чун тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист мувоҷеҳ гардидааст. Махсусан, болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ ва ё гармшавии глобалии иқлим боиси як қатор пайомадҳои ногувор, аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, норасоии об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули хок, маҳвшавии гуногунии биологӣ ва коҳиши ҳосили зироатҳо гардидааст.
Тавъам ба ин, гузоришҳои охири Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо нишон медиҳанд, ки раванди обшавии пиряхҳо сол аз сол вусъат меёбад. Мувофиқи ин пажуҳишот, давоми солҳои 1976-2024 аз тамоми пиряхҳои кураи арз тақрибан 9200 гигатон ях об шудааст, ки он ба қабати яхии ғафсиаш 25 метр ва масоҳаташ бо андозаи Олмон баробар мебошад. Ҳамзамон, аз рӯйи маълумоти Идораи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат, аз пиряхҳои дар ҷойҳои мероси табиию фарҳангии ҷаҳонӣ воқеъгардида, ба ҳисоби миёна соле тақрибан 58 млрд тонна об мешавад, ки ба ҳаҷми умумии оби дар кишварҳои Фаронсаю Испания истеъмолшаванда баробар аст.
Албатта, обшавии босуръати пиряхҳо дар навоҳии наздисоҳилию уқёнусӣ боиси баланд шудани сатҳи оби баҳру уқёнусҳо мегардад ва тибқи ҳисобҳо, ба ҳар миллиметр баланд шудани сатҳи ин обҳо 200-300 ҳазор сокини минтақаҳои наздисоҳилӣ зери хатари обхезӣ қарор мегиранд. Гузашта аз ин, обшавии пиряхҳо дар манотиқи кӯҳсор боиси фаромадани селу тармаҳои пай дар пай гардида, ба иқтисодиёт, экосистемаҳо ва ҷомеаҳо хисороту хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Маҳз бо дарназардошти ин мушкилот, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз 20 сол аст, ки дар татбиқи барномаҳои марбут ба обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд, зеро масоили тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ бахши аъзами сиёсати Сарвари давлати моро ташкил медиҳанд.
Мусаллам аст, ки ҳудуди Осиёи Марказӣ, алалхусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим буда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, хисороти иқтисодии солона аз таназзули муҳити зист ба 325 млн доллари ИМА мерасад ва то соли 2050 метавонад ду баробар афзояд, ки ба 5-6 дарсади ММД баробар мебошад. Дар умум, дар Осиёи Марказӣ давоми 60 соли охир ҳарорати ҳаво ба андозаи 1,5°С афзудааст, ки аз қимати миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар, яъне, 0,7°С зиёд мебошад. Ҳамчунин, беш аз 80%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо тавлид мешаванд, ки қисми аъзами онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Бо афзоиши ҳарорати ҳаво, давоми 50 соли охир, масоҳати пиряхҳои минтақа тақрибан 30% коҳиш ёфта, интизор меравад, ки то соли 2050 захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир то 5% ва дар ҳавзаи дарёи Аму то 15% коҳиш ёбанд. Ин равандҳоро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоюли хеле ташвишовар унвон карда, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он, истифодаи технологияҳои муосири каммасраф ва муносибати эҳтиёткоронаро ба об чун манбаи муҳимтарини ҳаёт, шарти асосии кам кардани талафоти он шумориданд.
Бо дарназардошти рушди демографӣ, аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 ба 100 млн нафар мерасад, вале то ин давра захираҳои оби минтақа 30% коҳиш меёбанд ва дар баробари ин, то соли 2030 талабот ба об барои обёрӣ 30% бештар мешавад. Чунин динамикаи дуҷониба ба амнияти озуқаворӣ низ хатари ҷиддӣ эҷод менамояд ва тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2050 ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад то 20-40% коҳиш ёбад. Ин робитаи байни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва мушкилоти тағйирёбии иқлимро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб нишон дода, рушди энергетикаи «сабз»-ро ҳамчун алоқамандии байни энергетика ва тағйирёбии иқлим, қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва коҳиш додани таъсироти манфии иқлимӣ арзёбӣ намуданд.
Дар баробари мушкилоти болозикр, бояд ёдовар шуд, ки айни замон беш аз 570 млн нафар аҳолӣ дар 32 кишваре умр ба сар мебаранд, ки мамолики рӯ ба рушди маҳсур дар хушкианд, вале мувофиқи маълумоти географӣ, дар миқёси сайёра 44 мамлакат, аз ҷумла, 14 кишвари Аврупо, 12 давлати Осиё, 16 мамлакати Африқо ва 2 кишвари Амрикои Ҷанубӣ ба Уқёнуси ҷаҳонӣ роҳи баромад надоранд. Бо дарназардошти мушкилоти марбут ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ, 5-8 августи соли 2025 дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон таҳти сарпарастии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ доир гардид, ки дар ин ҳамоиши бонуфуз низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо каломи баландмазмун суханронии амиқ ва масъалагузории саривақтӣ ширкат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки конфронси якум ва дуюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ дар шаҳрҳои Алмаато (Қазоқистон, 28-29.08.2003) ва Вена (Австрия, 3-5.11.2014) баргузор гардида буданд. Аз ин рӯ, агар дар конфронси Вена Барномаи амали Алмаато мавриди арзёбӣ қарор гирифт, пас дар конфронси сеюм аз Барномаи амали Вена натиҷагирӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ баргузории чорабинии мазкурро заминаи муҳимму мусоиде барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ арзёбӣ намуда, ба ин восита, роҳандозӣ намудани василаҳои муассирро бо мақсади таъмини рушди устувор ва рафъи мушкилоти марбут ба маҳдудиятҳои транзитию инфрасохтории ин мамолик имконпазир шумориданд.
Табиист, ки кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ бинобар мавқеи географӣ, шароитҳои орографию иқлимӣ ва дигар омилҳои марбут ба онҳо дар масири рушди устувор бо мушкилоти барояшон хос дучор мешаванд. Тавре Пешвои миллат дар суханронии хеш иброз доштанд, ба ин мамолик қабл аз ҳама мушкилоте, чун ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим бештар таъсир мерасонанд. Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо кишвари осебпазир ба тағйирёбии иқлим, балки ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ низ шомил мебошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёту энергетика, дар баробари ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ эълон намуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самтҳо ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Аз ҷумла, айни ҳол Тоҷикистон 98%-и неруи барқро аз сарчашмаҳои обии худӣ истеҳсол карда, аз рӯйи истеҳсоли энергияи «сабз» аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад ва ҳамзамон, то соли 2032 пурра ба истеҳсоли энергияи аз нигоҳи экологӣ тоза мегузарад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам ба ду стратегияи миллии марбут ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро қабул кардааст, ки дар раванди татбиқ қарор дорад. Татбиқи стратегияи мазкур имкон медиҳад, ки кишвари мо дар оянда пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳо ва нақшаҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнидавлатӣ, сармоягузориҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва муносибату истифодаи оқилонаю дурусти сарватҳои табиӣ зарур аст.
Ҳамин тавр, аз иштироки фаъолонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои болозикр ва инчунин, дигар чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонии марбут ба мушкилоти об, иқлим ва экология бармало мегардад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳама чорабиниҳо ширкати аҳаммиятнок дорад ва дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим мавқеи шоистаро касб кардааст. Зеро ташаббусҳои марбут ба об, пиряхҳо, иқлим, экология ва рушди устувор, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, дар меҳвари онҳо ҳифзи инсон, табиат ва сайёраи Замин қарор дорад.
Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ,
дотсент, мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ












