Истифодаи журнали синфӣ ва рӯзномаи электронӣ

Пешрафти технологияҳои рақамӣ низоми маорифро дар ҷаҳон тағйир дод. Яке аз падидаҳои муҳимми ин раванд ҷорӣ шудани журнал ва рӯзномаи электронӣ дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Истифодаи журнал ва рӯзномаҳои электронӣ ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки баҳогузорӣ, ҳозиршавӣ, реҷаи дарс ва ирсоли фикру мулоҳизаҳоро онлайн идора намоянд. Волидон ва хонандагон бошанд, бо воситаи компютеру гаҷет ба маълумоти ҷорӣ осону саривақт дастрасӣ пайдо мекунанд ва шаффофият дар раванди баҳогузорӣ таъмин карда мешавад.

Журнал ва рӯзномаҳои электронӣ дар мактабҳои давлатҳои Аврупо ба як унсури ҷудонашавандаи низоми таълим табдил ёфтааст. Бо вуҷуди хароҷоту мушкилоти техникӣ, самаранокии онҳо аз ҷониби аксари мутахассисон ва муассисаҳои таълимӣ тасдиқ шудааст.

Аввалин дастгоҳи рақамӣ, ки қисман вазифаи журнали электрониро иҷро мекард ва барои сабти ҳузур истифода мешуд, соли 1990 аз ҷониби ширкати «Bromcom»-и Англия рӯйи кор омадааст. Соли 1993 бошад, ба таври озмоишӣ дар якчанд мактаб роҳандозӣ гардид. Аз солҳои 1997 то 2002 ин системаи электронӣ тадриҷан ташаккул ёфта, сатҳи фарогирии муассисаҳои таълимӣ низ то ба 500 адад афзуд. Дар маҷмуъ, аз ҷониби давлат барои роҳандозии ин навоварӣ дар он солҳо 255 миллион фунт маблағ масраф шуд. Истифодаи журналҳои электронӣ дар мактабҳои Англия дар солҳои охир афзоиш ёфтааст. Тақрибан 72 дарсади мактабҳо дар ин кишвар аз ин система истифода мебаранд.

Magister – платформаи маъмул барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи Нидерландия буда, тавассути он хонандагон, омӯзгорон ва волидон метавонанд ба баҳогузорӣ, ҳузури хонандагон дар дарс, вазифаҳо барои дарси оянда ва реҷаи он дастрасӣ пайдо кунанд. Дар соли 2012 Magister 70 фоизи мактабҳоро фаро гирифт. Соли 2023 фаъолияти ин платформа қатъ ва ба ҷойи он платформаи Magister.learn ба фаъолият пардохт.

Дар Олмон то соли 2019 тақрибан 25 дарсад мактабҳои миёна аз рӯзномаи рақамӣ истифода мебурданд. Пас аз ин, соли 2020 бо сабаби гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ сатҳи истифода ба 60 дарсад расид. Соли 2023 40 дарсади мактабҳои ибтидоӣ ва 70 дарсади мактабҳои миёна аз рӯзномаи рақамӣ истифода мебурданд. Дар Олмон сатҳи фарогирӣ гуногун буда, дар ин самт, Бавария ва Баден-Вюртемберг пешсафанд. Дар кишвар мушкилоти асосӣ барои фарогирӣ нобаробарии техникист, яъне, дар баъзе мактабҳо ҳанӯз ҳам норасоии таҷҳизот дида мешавад. Платформаи маъмултарин, ки аз он ҳамчун алтернативаи рӯзномаҳои чо­пӣ истифода мекунанд, WebUntis мебошад.

Платформаи «Vulcan-Uonet» дар Полша яке аз асоситарин пешниҳодкунандагони рӯзномаи электронӣ (Dziennik Vulcan) аст. Ин система имрӯз дар мактабҳои миёнаи кишвар васеъ истифода мешавад. Вобаста ба навъ (версияи мобилӣ) баъзе хизматрасониҳои он барои волидайн пулакӣ сурат мегирад. Аз ҷумла, волидон агар хоҳанд, бо омӯзгорон муошират ё паём ирсол кунанд, бояд маблағ пардохт намоянд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар соли 2024 зиёда аз 24 000 муассисаи таълимии Полша аз рӯзнома ва журнали синфии электронӣ истифода мекунанд.

Тибқи таҳлилҳо дар Амрико 90 дарсад муассисаҳои таъ­лимӣ аз барномаҳои электронии School districts ва Student Information System (SIS) истифода мебаранд. Ин системаҳо маъмулан вазифаи идора кардани маълумоти хонандагон, таъйинҳои хатм, ҳузур, баҳогузорӣ ва иртибот бо волидонро ба уҳда доранд. Тақрибан ҳамаи мактабҳои миёна дар ИМА барои пайгирии натиҷаи хонандагони худ ва иртибот бо волидон аз SIS истифода мекунанд. Барномаи мобилии SIS имкон медиҳад, ки хонандагон ва волидон натиҷаҳоро дар вақти зарурӣ бубинанд.

Дар мактабҳои Чин истифодаи шаклҳои анъанавии рӯзнома ва журналҳои синфӣ барои баҳогузорӣ маъмул нестанд. Ба ҷойи ин, Чин ба системаҳои рақамӣ ва платформаҳои диҷиталӣ рӯй овардааст. Дар баъзе мактабҳо класспанелҳои рақамӣ насб шудаанд, амсоли экран дар синф ва долонҳо. Ин экранҳо ҳузур, иҷрои супориш ва ҳатто натиҷаҳоро нишон медиҳанд.

Дар шаҳрҳои калони Ҷопон, амсоли Токио ва Осака то соли 2018 аз 10 то 15 дарсади мактабҳо ба таври озмоишӣ аз рӯзномаи электронӣ истифода менамуданд. Дар рафти татбиқи барномаи давлатии GIGA School Program (2020) ба ҳар як хонанда ноутбуку планшет дастрас гардид ва дар баробари дигар имкониятҳо, истифодаи рӯзномаи рақамӣ низ босуръат зиёд шуд. Дар мактабҳои ин кишвар мушкилии асосӣ нобаробарии дастрасӣ ба интернет байни мактабҳои шаҳр ва деҳот маҳсуб меёбад. Баъзе омӯзгорон то ҳол аз рӯзномаҳои чопӣ истифода мебаранд. Давлат нақша дорад, ки соли ҷорӣ 60 дарсади мактабҳои ибтидоӣ ва 80 дарсади мактабҳои миёна ба системаи электронӣ гузаронида шаванд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои ИДМ истифодаи рӯзнома ва журналҳои синфии рақамӣ солҳои охир босуръат афзоиш ёфтааст.

Аз соли 2016 то 2022 шумораи мактабҳое, ки пурра аз истифодаи журнали чопӣ дар Россия даст кашиданд аз 1402 то ба 4114 расид, яъне, се маротиба афзуд. Дар баъзе минтақаҳои ин кишвар, аз қабили вилояти Тамбовск ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания ҳама мактабҳо пурра ва дар Адигея 87 ва Астраханск 90 дарсад рақамӣ гардиданд. Дар ин кишвар 89 дарсад омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуда, эътироф мекунанд, ки бо истифода аз журналҳои синфии электронӣ кори онҳо осон шудааст. 98 дарсади омӯзгорон ҳамарӯза аз барномаи журнали рақамии «Дневник.ру» истифода мебаранд. Инчунин, 38 дарсади омӯзгорон аз норасоии ком­пютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ изҳорӣ нигаронӣ намудаанд. 88 дарсад хонандагон мегӯянд, ки маълумот дар рӯзнома ва журнал ба зудӣ гузошта мешавад, аммо 11 дарсад изҳор доштаанд, ки баъзан бо сабаби паст будани суръати интернет маълумот бо таъхир ворид мешавад.

Дар Арманистон истифодаи рӯзномаи рақамӣ (eSchool.am) солҳои охир густариш ёфтааст, вале сатҳи фарогирӣ нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ камтар аст. То соли 2018 бо истифода дар шакли озмоишӣ дар якчанд мактаби Ереван рӯзномаи электронӣ роҳандозӣ гардид, соли 2024 60 дарсади мактабҳои ибтидоӣ ва 70 дарсади мактабҳои миёна аз он истифода мебурданд. Мушкилоти асосӣ дар пурра ҷорӣ шудани рӯзнома ва журналҳои электронӣ ин дар минтақаҳои дурдаст паст будани суръати интернет ва омода набуни баъзе аз омӯзгорон барои кор бо он мебошад. Агар инфрасохтори деҳот такмил ёбад, дар соли 2026 сатҳи фарогирӣ ба 90 дарсад мерасад.

Аз соли 2018 Вазорати маорифи Ӯзбекистон бо ширкати русии «Дневник.ру» дар доираи шарикии давлатӣ лоиҳаи «Kundalik»-ро барои ба кор андохтани журнал ва рӯзномаи электронӣ дар мактабҳо роҳан­дозӣ намуд. Аз соли хониши 2020-2021 дар 1200 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ӯзбекистон баробари журналу рӯзномаҳои чопӣ истифодаи варианти электронии онҳо низ роиҷ гардид. То соли 2023 шумораи мактабҳои қайдшуда дар Kundalik ба 1557 расид ва аз ин теъдод 1482 мактаб пурра аз истифодаи варианти чопии он даст кашид. Дар ин кишвар ҳарчанд дар ибтидо истифодаи журналу рӯзномаҳои электронӣ ихтиёрӣ буд, аммо имрӯз қариб аксар муасисаҳои таълимӣ ба ин платформа гузаштаанд. Барнома дар Tasix фаъол асту интернет-трафик барои кор бо он ҳисоб намешавад ва хароҷотро камтар мекунад. Арзиши обуна барои истифодаи Kundalik дар як сол тақрибан 7-8 сомон (9200-10000 сум)-ро ташкил карда, барои оилаҳое, ки зиёда аз се фарзанд доранд, тахфифи 10% пешниҳод шудааст. Дастрасӣ ба омӯзгорон ройгон мебошад. Ҳамчунин, маълумоти хонандагон дар серверҳои «Узбектелеком» нигоҳ дошта мешавад, ки ин ба сатҳи баланди ҳифзи маълумот мусоидат мекунад.

Дар Тоҷикистон ҷойгузини рӯзнома ва журнали синфии чопӣ барномаи электронии «eDonish» аст. Соли 2020 барномаи мазкур дар 5 муассисаи таълимии Душанбе, асосан, литсейҳо ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат ба таври озмоишӣ роҳандозӣ гардид. Соли 2021 барнома ба марҳалаи васеътар ворид шуда, дар 50 муассиса татбиқ ва соли хониши 2022-2023 eDonish ба таври расмӣ дар 105 муассисаи таълимӣ дар Душанбе фаъол шуда, 203444 хонандаро фаро гирифт. Дар солҳои минбаъда тамоми мактабҳои пойтахт ба системаи электронӣ пайваст гардиданд.

Барномаи электронии «eDonish» дар татбиқи низоми рақамии таҳсилот нақши муассир дошта, боиси пешрафти раванди рақамисозии соҳаи маориф ба шумор меравад. Барномаи мазкур чунин афзалиятҳоро доро мебошад:

— рақамикунонии соҳаи маориф ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ будан;

— платформаи Face-ID имкон медиҳад, ки рафтуомади хонандагон ва омӯзгорон сабт ва назорат карда шавад;

— китобхонаи элетронӣ дорои китобҳои электронии дарсӣ ва бадеӣ буда, ба хонандагон имкони саривақт дастрас намудани китобҳоро медиҳад;

— рӯзномаи электронӣ – падару модар имкон доранд бевосита аз сатҳи дониши фарзандашон огоҳ шаванд. Ғайр аз ин, вазифаи хонагии хонандагон низ назорат карда мешавад;

— қабули фосилавии хонандагон – платформаи мазкур барои волидоне, ки шахсан ба муассиса рафта наметавонанд, муфид буда, имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ замон бо истифода аз интернет фарзанди худро ба муассиса сабти ном кунанд.

Бояд қайд кард, ки бақайдгирии хонандагон ба синфи 1 ба барнома ворид карда шуд. Муовини директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сан­ҷар Амриев оид ба ин масъала чунин иброз дошт:

– Шакли электронӣ ҳамчунин, имкони таҳлили маълумоти марбут ба ҷараёни қабулро фароҳам оварда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ шароит муҳайё месозад. Қабули хонандагон тавассути барнома имкон медиҳад, ки омилҳои берунаи халалрасон бартараф гардида, хонандагон дар асоси маҳалли фарогирӣ ва малакаву маҳорати худ ба муассисаи таълимӣ қабул шаванд. Дар барнома дар асоси иқтидору зарфият, бо дарназардошти забони таълим, миқдори ҷойҳо мушаххас ва аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт тасдиқ карда мешаванд.

Фозила Мирзобадалова – маъмури барномаи «eDonish» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки соли гузашта дар муассиса барномаи электронии «eDonish» фаъол буд ва дар баробари ин, журналҳои анъанавӣ низ истифода мешуд. Муассисаи мазкур 1355 хонанда дошта, дар 2 баст фаъолият дорад. Дар умум, муассиса 157 компютер дошта, 40-тои он барои кор бо eDonish ҷудо шудааст. Аксари омӯзгорон барномаи электронии «eDonish»-ро дар телефони ҳамроҳашон насб намудаанд ва ба воситаи он низ кор мекунанд.

– Аз 1 августи соли ҷорӣ муассиса пурра ба низоми электронӣ гузашт. Мо дигар аз журналҳои анъанавӣ истифода намекунем. Ғайр аз ин, бақайдгирии хонандагоне, ки ба синфи 1 мераванд, тариқи барномаи «eDonish» сурат мегирад. Аз сабабе, ки ҳамаи волидон бо барнома хуб кор карда наметавонанд, ба муассиса меоянд ва бо роҳнамоии омӯзгорон раванди бақайдгириро тариқи барнома анҷом медиҳанд, — гуфт Ф. Мирзобадалова.

– Гузариш ба низоми электронӣ дар муассисаҳо барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда ва волидайн иқдоми хубу саривақтӣ аст. Инчунин, кори маъмурияти муассиса осон гардидааст. Тавассути барномаи мазкур метавонем ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорони муассисаро назорат намоем. Дар барнома рӯзномаи электронии хонанда низ мавҷуд аст, аммо дар баробари ин, рӯзномаҳои анъанавӣ низ истифода мегардад. Имсол пурра ба рӯзномаи элек­тронӣ гузаштем. Барои гузариш ба низоми электронӣ дар муассиса шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо бо компютер муҷаҳҳазанд. Дар муассиса 2 камераи назоратӣ ва 89 компютер мавҷуд буда, 33-тои он бевосита ба интернет пайваст аст,-иброз дошт Меҳвар Баракаев-муови­ни директор оид ба тарбияи МТМУ №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Дар умум, барномаи электронии «eDonish» хуб таҳия шуда, он имкон медиҳад, ки сифати таҳсилот ва раванди бақайдгирии хонандагон беҳтар гардад. Инчунин, барои дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва масъулиятшинос гардидани волидайн мусоидат менамояд.

Таҳияи

Ирода ТИЛАБОВА,

Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий