Дар замони соҳибистиқлолӣ маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок пазируфта шуда, баҳри пешрафти он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин рӯ, ин соҳаи ҳаётан муҳим сол то сол рушд ёфта, ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, барои муҳассилин шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии мамлакат чандин муассисаи нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд ва бо аҳли маориф мулоқот менамоянд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024) таъкид доштанд: «Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд». Аз ин ҷост, ки имрӯз таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хуб роҳандозӣ гардидаву мактабҳо бо беҳтарин таҷҳизоти муосир таъминанд. Тамоми талошу пайкор, фароҳам овардани шароит ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи маориф аз он иборат аст, ки наврасону ҷавонон ба таври амиқ ба омӯзиш машғул шаванд ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии пешрафта, касбу ҳунар гарданд ва дар рушду шукуфоии бештари Ватани азизамон саҳми бориз гузоранд.
Дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад, ки бояд сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам баланд бардошта шавад, наврасону ҷавонон соҳиби касбу ҳунар шаванд, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд, ба омӯзиши фанҳои дақиқ амиқан машғул шаванд, то тавонанд кишварамонро дар арасаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф замина фароҳам оварда шудааст, муҳассилин ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ рӯ овардаву хонандагони тоҷик бо иштирок дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро парафшон мекунанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2025) таъкид карданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Маълум аст, ки заминаи аслии ташаккули тафаккури кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ оғоз меёбад ва маҳз бо таъмини тарбиятгирандагон ба ин зинаи таҳсилот метавон ба натиҷаи боз ҳам бештар ноил гардид. Зеро омили шавқмандии кӯдакон ба омӯзиш аз кӯдакистон сарчашма мегирад ва фарогирии бештар дар ин самт соҳаи маорифи кишварро боз ҳам бештар инкишоф мебахшад.
Имрӯз сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат вусъат ёфтаву дар ин миён, бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон бо беҳтарин шароит дар ихтиёри кӯдакон қарор мегирад. Дар ин самт, барномаи махсуси давлатӣ низ қабул гардидааст ва раванди иҷрои он дар шаҳру навоҳии кишвар бомаром идома дорад. Таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, аз як тараф, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабиро таъмин кунад, аз ҷониби дигар, рақобати солимро ба миён меорад, ки ин ҳолат ба такмили фаъолияти муассисаҳои томактабӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд қайд кард, ки маҳз дар арафаи оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои таълимӣ вусъат меёбад. Чун анъана Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд муассисаи нави таълимиро ба истифода медиҳанд ва дар ҳузури аҳли маориф суханронӣ менамоянд, ки мужда аз оғози соли нави таҳсил мебошад. Ба ибораи дигар, суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аст. Суханрониҳои Пешвои миллат дар ин рӯз, аз як сӯ, муҳассилинро ба омӯзиш ҳидоят кунанд, аз сӯйи дигар, барои аҳли маориф вазифагузорӣ гардида, ҳамчун барномаи амал дар фаъолияти педагогӣ хидмат мекунанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2024) таъкид доштанд: «Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем».
Муҳимтарин масъалае, ки дар ин суханронӣ зикр шуд, таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад, ки чанде пеш дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Бо қабули қонуни мазкур мақоми омӯзгор дар ҷомеа боз ҳам баланд мегардад. Дар зимн, сол то сол сатҳи иҷтимоии омӯзгорон беҳтар, музди меҳнати онҳо зиёд ва имтиёзҳои муфид барои фаъолияти бавусъати онҳо муҳайё мешавад. Мусаллам аст, ки ин ҳама таваҷҷуҳу дастгирӣ, қабули қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба такмили фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар баланд гардидани сатҳу сифати таълим, мутобиқ гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ва ба камол расондани наврасону ҷавонони лаёқатманду ихтироъкор такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аҳли маориф, падару модаронро зарур аст, ки ин суханони ҳикматбори Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, масъулияти хешро дар таълиму тарбия боз ҳам бештар намоянд: «Ба устодону омӯзгорони муҳтарам ва падару модарони азиз такроран муроҷиат мекунам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, яъне, фарзандонамон эътибори ҷиддӣ диҳем, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё кунем, то ки онҳо бесавод намонанд, хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта гардонида тавонанд».
Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1












