Мубориза бо ифротгароӣ — вазифаи аҳли ҷомеа

Дар замони ҷаҳонишавӣ падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва созмонёбии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Имрӯз яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меорад, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Аз таҳдиди ин зуҳурот тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад, зеро ин ҷараёни хатарзо ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо сабаб мешавад.

Ин падидаи номатлуб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм андешидашуда, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Маънои аслии экстремизм бошад (аз калимаи фаронсавии «extremism» ва лотинии «extremus» гирифта шудааст), ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан мебошад.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экс­тремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардааст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд ва яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсон мебошад.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мешавад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад.

Аслан, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳолатҳои ногувор ва вазъи нохуби ин ё он давлатҳо истифода намуда, бештар фаъол мегарданд.

Ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар бошад ва бар зидди терроризму ифротгароӣ муқовимат намоянд.

М. МАЛЛАЕВ,
омӯзгори таъриху ҳуқуқи МТМУ №1-и ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий