Тавре маълум аст, тайи 15 соли охир дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таълим аз рӯйи равия (вобаста ба интихоби фанҳо аз ҷониби хонандагон) ҷараён дорад. Дар хусуси то чӣ андоза самарабахш будани ин раванд, дастоварду муваффақиятҳо дар иртибот бо ташкилу роҳандозӣ ва дурнамои он баҳри баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ дар суҳбат бо мо сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Бой Нодиров чунин иброз дошт:
— Воқеан, таълим аз рӯйи равия соли 2007 бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми кишвар дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва ба роҳ монда шуд, ки он замон таълими тафриқавӣ номида мешуд. Мақсади асосии ба синфҳои таълими равия ҷудо намудани хонандагон, ба амал баровардани дифференсиатсияи тахассусӣ (тафриқа, яъне, гурӯҳбандии фан аз рӯйи равия) ва фардикунонии таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду сайқал додани малакаю истеъдод, аз худ кардани дониш тибқи равияи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ ва технологӣ, ташаккули афкори шахсии хонанда, ҷаҳонбинӣ ва назари ӯ ба ҷомеа, инчунин, фаъолгардонии мустақилияти хонандагон ба шумор меравад.
Таълими равиявӣ мувофиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 31.12.2013, №20/27 оид ба тартиби ба синфҳои таълими равиявӣ ҷудо намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ монда шуд. Он ҳангом дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии типи нав) гурӯҳбандӣ ба равияҳо аз синфи 10 иҷозат дода мешуд.
Аз оғоз таълими равиявӣ дар муассисаҳои таълимие, ки дорои 2 синфи мувозӣ (параллелӣ) мебошанд, ба роҳ монда мешуд. Муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имконият метавонанд дар яке аз синфҳо таълимро аз рӯйи равия ба роҳ монанд. Ҳангоми ташкили равия майлу рағбат, қобилият, истеъдод ва маҳорату малакаи хонандагон, ҳамчунин, хоҳиши падару модар (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) ба эътибор гирифта мешавад. Муассисаҳои таълимӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани заминаҳои мустаҳками моддӣ-техникӣ ва таъминоти кадрӣ таълимро аз рӯйи равия ташкил ва ба роҳ монда метавонанд. Яъне, заминаҳои моддӣ-техникӣ, пояи кадрӣ, синфхонаҳои бо абзору василаҳои таълимӣ ва техникӣ муҷаҳҳазонида барои ташкили таълими равия ба таври ҳатмӣ зарур мебошад. Таълим дар ин самт дар заминаи равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ вобаста ба фанҳои гурӯҳ (сикл)-и филологӣ ва таъриху ҳуқуқ), равияи табиӣ-риёзӣ (гурӯҳи фанҳои физикаю математика, биологияю география, физикаю химия, химияву биология), равияи технологӣ (соҳаи атротехнология) ва зерравияҳои индустриалӣ-технологӣ, зерравияи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ташкил карда мешавад. Масъалаи дигари муҳим, тартиби интихоби хонандагон ба синфҳои таълими равиявӣ ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки ба синфҳои таълими равиявӣ хонандагон дар асоси озмун қабул карда мешаванд. Озмуни мазкур аз фанҳои асосии равияи таълим (забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, таърих, ҳуқуқ, алгебра, физика, химия, биология) тариқи тест ва ё гирифтани кори хаттӣ доир карда мешавад. Соатҳои бахши муассисаи таълимӣ бо қарори Шурои педагогӣ тақсим карда шуда, ба соатҳои асосӣ илова мегардад. Таълим дар синфҳои равиявӣ тибқи низоми кабинетӣ ва ё дар синфҳои муҷаҳҳаз доир карда мешавад.
Бояд хотиррасон намуд, ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм ҷиҳати таҷдид намудани стандарт, барнома ва нақшаи таълимӣ вобаста ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ба «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда» тағйирот ворид ва хулосаву пешниҳодҳоро дар ин самт ба мушовараи Вазорати маориф ва илм ирсол намуд. Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 29.08.2022, №12/18 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тибқи шароиту имконият, шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар синфҳои 7-9 таълими равиявӣ ба роҳ монда шуд. Дар иртибот ба қарори мушовараи вазорат, тибқи нишондоди нақшаҳои таълимӣ маъмурияти муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз ду синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, вазифадоранд, ки барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таҳсилот дар синфҳои 7-11 таълими равияро ташкил ва ба роҳ монанд. Сабаби шуруъ аз синфи 7 ташкил ва ба роҳ мондани таълими равиявӣ дар он аст, ки хонандагон фанҳои асосиро аз синфи 7 ба таври мукаммал ва фарогир меомӯзанд (аз ҷумла, фанҳои физикаю алгебра, геометрия, химия ва ғайра). Дар синфҳои 7, 8, 9 хонандагон вобаста ба равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ ва технологӣ таълим дода мешаванд. Дар синфҳои 10-11 дар ин замина ба таври мушаххас шавқу рағбати хонанда вобаста ба силсила (гурӯҳ, сикл)-и фанҳо муайян карда мешавад. Масъалаи мазкур ба интихоби касби ояндаи хонандагон иртиботи зич дорад. Таври мисол, хонандагоне, ки оянда табиб шудан мехоҳанд, гурӯҳи фанҳои химияву биология, онҳое, ки ба ихтисосҳои техникии донишгоҳҳо дохил шудан мехоҳанд, гурӯҳи фанҳои физикаю математика, нафароне, ки ихтисосҳои ҳуқуқшинос, ҷомеашинос ва дипломатияро интихоб карданиянд, гурӯҳи фанҳои таъриху ҳуқуқшиносӣ, тарҷумону рӯзноманигорон гурӯҳи фанҳои филологӣ ва толибилмоне, ки дар ихтисосҳои кишоварзӣ таҳсил карданиянд, гурӯҳ (соҳа)-и агротехникаро интихоб мекунанд. Илова бар ин, аз ҳисоби соатҳои иловагӣ дар асоси шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва волидон, таълими пулакӣ вобаста ба равия ва зерравияҳо низ ба роҳ монда мешавад. Суоле пайдо мешавад, ки афзалияти ташкили таълими равиявӣ дар синфҳои 7-11 дар чист? Бояд гуфт, ки ташкил ва ва ба роҳ мондани таълими равиявӣ аз синфи 7 ба рушди малакаю истеъдоди хонандагон мусоидат карда, баҳри азхуд намудани фанҳое, ки ба он шавқу завқ доранд, замина мегузорад. Тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва мустақилияти хонандаро такомул мебахшад. Муҳимтар аз ҳама, дар иртибот ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, дар заминаи таълими равиявӣ мутахассисони соҳаҳои саноат ва иқтисодиёт, ки ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошанд, омода карда мешаванд. Маҳз натиҷаи ба роҳ мондани таълим аз рӯйи равия мебошад, ки мактабиён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Ихтироъкорони ҷавон», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», инчунин, олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, пирӯзӣ ба даст меоранд.
— Дар баробари ин, таълими равиявӣ раванди имтиҳоноти дохилшавиро тибқи низоми тестӣ барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба ихтисоси интихобнамудаашон осон мегардонад. Дар синфҳои 10-11 хонанда аз рӯйи интихоби касби худ барои оянда ба равияе, ки майлу хоҳиш дорад, ҷалб карда мешавад. Дар хусуси дастовардҳо дар ин самт метавон қайд кард, ки дар литсейю гимназияҳо, мактабҳои Президентӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат таълими равиявӣ натиҷаҳои хуб дод. Зеро таълимгоҳҳои мазкур, бо шароиту имконот, аз ҷумла, синфхонаю кабинетҳои муҷаҳҳазонидашуда, озмоишгоҳҳо бо маводу лавозимоти зарурӣ (аз фанҳои табиию дақиқ), инчунин, ҳайати омӯзгорони соҳибтахассусу варзида пурра таъмин мебошанд. Ҳамчунин, таълими равиявӣ барои ба олимпиадаву озмунҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ омода намудани хонандагон шароиту имконот ва заминаи хуб ба вуҷуд овард. Тӯли 15 соле, ки таълими равиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад, самараи нек дод. Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ имкони татбиқи таълими равияро доранд, зеро тавре болотар таъкид кардем, ба синфҳои таълими равиявӣ ҷудо намудани хонандагон танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумие имконпазир аст, ки ду ва зиёда синфҳои мувозӣ (параллелӣ) доранд. Агар муассисаи таълимӣ базаи моддию техникии мустаҳкам (асбобу воситаҳои аёнӣ, дастгоҳҳои техникӣ ва синфхонаю озмоишгоҳҳои муосири муҷаҳҳазонида) надорад, табиист, ки дар он таълими равияро ташкил ва ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Ин омилҳоро ба назар гирифта, ташкили зерравияи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ба литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии махсус барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимие, ки дорои на камтар аз 50 адад компютер, шабакаи интернет, китобхонаи электронӣ, проекторҳо ва кабинетҳои муҷаҳҳази таълимӣ, инчунин, устодони дорои сертификати байналмилалии барномасозии компютерӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад. Зерравияи агротехникӣ дар литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки дар деҳот ҷойгир буда, аз тарафи муассисаҳои хусусӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияи падару модарон, фаъолони деҳаву ҷамоат ва сарпарастон дастгирӣ меёбанд, ташкил ва ба роҳ монда мешавад.
Зерравияи индустриалӣ – технологиро литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки шароити хуби техникӣ, моддӣ, кадрӣ доранд ва дар назди корхонаҳои калони саноатии шаҳрак ва шаҳрҳо ҷойгир мебошанд, ташкил карда метавонанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»