Омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва намунаи ибрат мебошад. Зеро мавсуф дар ҳама давраҳо ва сохти давлатӣ ба нафъи миллату давлат ва заҳматкаши одӣ кор карданро рисолати азалии худ донистааст. Зиндагии устод Айнӣ ба замони хеле мураккаб, таҳаввулоту воқеаҳои инқилобии ибтидои қарни ХХ рост меояд. Табиист, ки чунин як шахсият нисбат ба ин воқеаҳо бетараф набуд ва аз иштирокдорони фаъоли кишвари хеш маҳсуб меёфт ва андешаҳои сиёсиаш низ тавъам бо рӯйдодҳои замон рушду такомул ёфтааст. Дар ин маврид муҳаққиқ М. Шакурӣ дуруст дарёфтааст, ки “маорифпарварии Айнӣ ҳам гоҳ маҷбуран, гоҳ ихтиёран ва сидқан фаъолияти инқилобӣ ва сиёсӣ буд”. Аз ҷумла, ӯ ҳанӯз моҳи феврали соли 1918 чӣ будани сиёсатро маърифат карда буд ва хулосаҳои дуруст ҳам бароварда метавонист. Ба ин маънӣ, дар “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” афкори ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимояшро изҳор дош тааст.
Равиши кору фаъолияти устод Айнӣ дар мавриди сиёсат аз ҷадидон ва равшанфикрони дигар фарқ мекард. Ӯ дар ҳама замон ва шароит бо дурандешӣ ва мусолиҳаву дониши васеи худ роҳу равиши дурусти кори эҷодиро пайдо намуда, барои ҳимояи манфиатҳои халқи азизи хеш бо силоҳи қалам мубориза бурд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст: “Ӯ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст”. Бинобар ин, ҳарчанд ба сиёсат бевосита сару кор нагирифтааст ва узви ягон ҳизбу созмон набуд, иштибоҳу хатоҳои гурӯҳҳои сиёсӣ – ҷадидон, ҳатто вакилони давлати подшоҳии русро таҳти танқид ва маломат қарор додааст.
Яке аз роҳҳои омӯзиши замина ва рушди андешаҳои сиёсии устод Айнӣ дар иртибот ба марҳалаҳои эҷодии мавсуф пайваста баррасӣ намудани онҳо мебошад. Зеро ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва иҷтимоии ӯ ба марҳалаҳои фаъолияти эҷодиаш тавъам мебошад.
Дар роҳи инъикоси мақсаду мароми хеш устод Айнӣ машаққатҳои зиёди маънавӣ ва ҷисмониро пушти сар намудааст. Даврабандии фаъолияти эҷодии устод Садриддин Айнӣ яке аз масъалаҳои муҳимми адабиётшиносии тоҷик буда, дар ин маврид муҳаққиқони тоҷик С. Табаров, М. Шакурӣ, И. Брагинский, И. Усмонов, А. Маҳмадаминов, А. Кӯчаров, М. Абдуллозода, М. Муродӣ ва дигарон изҳори ақида кардаанд. Чӣ тавре маълум аст, фаъо лияти эҷодии устод Айнӣ аз навиштани шеър оғоз ёфтааст. Дар ин давра ӯ таассуроти хешро аз ҳаёти душвори мардуми одӣ дар қолаби шеър баён сохтааст.
Аз фоҷиаи мудҳиши шиаву суннӣ, ки 22 сентябри соли 1910 ба амал омад, устод Айнӣ, тавре ки дар “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” зикр кардааст, хеле ба риққат омада, баъди баёни сабабҳои фоҷиа қайд намудааст, ки “таассуроти худ ро дар ин фоҷиа зикр карда будам”.
То ба кай бошем дар кунҷи ҷаҳолат мустақим?
То ба кай бошем дар фикри залолат устувор?..
Худкушӣ аз баҳри чӣ? Аз бегонагон дорем шарм!
Дӯстозорӣ чаро? Аз душманон орем ор!
Ё ин ки дар аввали соли 1913 аз баста шудани рӯзномаҳои “Бухорои шариф” ва “Тӯрон” чунин овардааст: “Оҳ… Таассуроти худро аз баста шудани ҷаридаҳо он вақт дар силки назм кашида будам”. Ва аз барқароршавии рӯзномаҳо изҳори умедворӣ кардааст:
Боз о, ки мушавваш нашаванд ин ҳама мардум,
Боз о, ки парешон нашаванд ин ҳама инсон.
Дар миёнаҳои давраи аввали фаъолият, чанд сол қабл аз баста шудани мактабҳо ва ҷаридаҳои пешқадам дар соли 1910 равшанфикрони Бухоро бо номи “Тарбияи атфол” “ҷамъияти махфӣ” таъсис дода буданд, ки фаъолияташ асосан аз ташкили мактабҳои усули нав ва фиристодани ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба мамлакатҳои дигар иборат буд. Устод Айнӣ дар “Таърихи Инқилоби Бухоро” дар ин бора гуфтааст: “Маромномаи ҷамъият фақат илмӣ буда, дар низомномаи он барои эҳтиёт “ҷамъият мутлақо ба сиёсат дахл намекунад” навишта шуда бошад ҳам, аъзоёни ҷамъият халқро ба ислоҳоти умумӣ ташвиқ” мекарданд. Бояд гуфт, ки устод Айнӣ бо ин ҷамъият ҳамкории наздик дошт ва он яке аз фаъолиятҳои аввалини махфии мавсуф ба ҳисоб меравад.
Устод Айнӣ ҳамқадами замон буд. Ӯ ҳам дар замони сохти амирӣ ва ҳам даврони Шуравӣ зиндагӣ намуда, ба воқеаҳои муҳимми замони хеш аз нуқтаи назари манфиати халқу миллат баҳогузорӣ кардааст. Фаъолияти корӣ ва эҷодии ӯ пеш аз инқилоб асосан ба мактабу маориф ва равшангароӣ иртибот дошт. Ба таъкиди Пешвои миллат, мавсуф “мударриси забардаст буд. Китоберо низ бо номи “Зарурийоти динийа” таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд”.
Баъд аз инқилобҳои февралӣ ва октябрии соли 1917 фаъолияти эҷодии устод Айнӣ густурдатар гардида, мавзуъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба сутуни мустаҳками эҷодиёти ӯ табдил ёфт. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, ашъори инқилобӣ ва мақолаҳои сиёсиаш нақши бузург мебозанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр намудаанд: «Марши ҳуррият»и устод Айнӣ тафаккури халқи ҷафокашида ва аз равандҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ дар канормондаи моро бедор карда, дар замони инқилоб ба ташаккули худшиносии миллӣ асос гузошт». Он ҳам бо мазмун, ҳам оҳанг ва ҳам муҳимияти хеш дар адабиёти тоҷик таҳаввулот ба вуҷуд овард ва аз рӯзи аввал аз ҷониби мардуми одӣ хуш пазируфта шуд.
Дар бораи аҳамияти мақолаҳои устод Айнӣ, ки дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” нашр шудаанд, китобу нигоштаҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ ба анҷом расидаанд. Бо тақозои замон ва мувофиқ ба талаботи давр Айнии шоир рӯзноманигори оташинсухан гардид. Баҳои сазовор ва воқеӣ ба мақолаҳои публитсистии С. Айнӣ аз ҷониби Пешвои миллат баён гардидааст: “Мақолаҳои оташбори публитсистии ӯ (С. Айнӣ дар назар аст. – М. Имомзода, Э. Сафарзода), ки солҳои 19191921 дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” чоп шуда, ҳуқуқи халқи тоҷикро ба забон, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ ҳимоя карда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ташвиқ менамуданд, имрӯз низ ба аҳамияти бузурги таърихӣ моликанд. Дар ин мақолаҳо устод Айнӣ бори аввал ба мафҳуми Ватан таваҷҷуҳ намуда, онро ба маънои нави сиёсиаш шарҳу тавзеҳ додааст: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст”.
Устод Айнӣ дар ин давра аҳамияти мактаб ва маорифро дар рушди ҷомеа чун дар даврони пеш аз инқилоб аввалиндараҷа шуморидааст. Яъне, фаъолияти маорифпарварии устод Айнӣ такмил ёфтааст. Дар ин бора андешаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мешаванд: “… ҳанӯз соли 1920 ба хотири пешрафти мардум, бедории тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогоҳии наслҳо навишта буд: “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем. Агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем”.
Ҳимоя ва исботи ҳаққи мавҷудияти халқи тоҷик дар як давраи нобасомони таърих барои устод Айнӣ вазифаи муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. Мавсуф то метавонист, бо силоҳи қалам ҳатто ҳаёташро ба хатар гузошта, дар ин росто мубориза бурд. Таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” (соли 1926) худ қаҳрамонист ва далели ин гуфтаҳост. Ба қавли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Намунаи адабиёти тоҷик” мисоли барҷастаи таъсир расондани адабиёт ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад” .
Вазифаҳои асосии сиёсии солҳои бистум – исботи мавҷудияти халқи тоҷик ва ташкили ҷумҳурии мустақили тоҷикон маҳсуб меёфт, ки то андозае иҷро гардиданд. Дар ин бобат саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Айнӣ бузургу мондагор аст. Сипас дар солҳои сиюм адиби намоён ба эҷоди асарҳои бузурги насрӣ шуруъ кард. Минбаъд мавқеи иҷтимоию сиёсии устод Айнӣ дар роману қисса ва повестҳои ӯ инъикос гардиданд. Яке аз чунин асарҳои бузургҳаҷм романи “Ғуломон” мебошад. Асари мазкур, ки тақдири се насл одамон аст, ба се марҳалаи фаъолияти эҷодии устод Айнӣ ишора мекунад.
Романи мазкур дар нимаи аввали солҳои сиюм навишта шуда буд. Дар арафаи ин солҳо (нимаи дувуми солҳои бистум) ҳуҷумҳои сиёсӣ ва иттиҳомот бар зидди устод Айнӣ шуруъ шуда, ба қатори айбҳои дигар гуноҳи аз оилаи мударрис ва муллозода будани ҳамсараш ва хеши наздики Вадуд Маҳмудӣ барин касон бо ӯ нисбат дода шуда буд. Дар натиҷа устод Айнӣ худро аз Вадуд Маҳмудӣ, ки он солҳо (1934) бори дувум ба ҳабс гирифта шуда буд, дур гирифта, исбот мекард, ки ҳамсараш, бо Вадуд қаробати ғоявӣ ва рафтуомад надорад. Ин аст, ки дар роман зимни тасвири муфассали муҳаббати фаъоли комсомол ва сохти нав Ҳасан Эргаш бо духтари Ӯрунбой чунин як ҳодиса тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, ҳарфҳои сахти Ҳасан ба дӯстдоштааш мавқеи муаллиф низ мебошанд: «Ба мазор падару модарат раванд, душманҳои синфӣ раванд»; «Зеро ту, – гуфт Ҳасан бо ҷиддият, – кулакдухтар ва мешанкаӣ»; «Алоқаатро бо падару модарат бояд ҳамешагӣ биканӣ, онҳоро тамоман фаромӯш кунӣ…, дар пеши коллектив сирҳои падару модаратро кушода медиҳӣ». Ҳарчанд ин ҳарфҳо нисбат ба хешовандони наздиктарини инсон хеле сахту сангин садо медиҳанд, нависанда илоҷ наёфтааст, зеро вазъи мафкуравӣ ва муборизаи ғоявии замон аз ӯ баёни чунин як ҳарфҳоро талаб кардааст.
Яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсие, ки устод Айнӣ нисбат ба он фикрашро рӯирост баён намудааст, кордорӣ ва рафтори ваколатдорони давлати подшоҳии рус дар Бухоро мебошад. Дар арафаи инқилоб маълум шуд, ки дар бобати ташаккули андешаҳои созандаи халқҳои Осиёи Миёна нерую хиради фарҳангии тоторҳое, ки рӯ ба ин ҷо меоварданд, нақш бозида метавонад. Нависанда рафтори ҳукумати подшоҳии русро, ки аз омадани тоторҳо ва мусулмонҳои табааи худ ба ин кишвар пешгирӣ мекард, дар романи «Ғуломон» ба таври бадеӣ ёдрас кардааст. Яъне, давлати рус рушди фаҳмиши фарҳангии халқҳои осиёимиёнагиро намехост. Худи ҳамин муҳокимаи дахолати сиёсати давлати бегона ба кори дигарон далели ба сиёсат таваҷҷуҳ намудани нависанда буда метавонад. Аз ин пештар, ҳанӯз дар моҳи феврали соли 1918 низ устод дар асари «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» чунин кордории сиёсии вакилони давлати русро мавриди таҳлил қарор дода буд.
Дар повести «Ятим», ки соли 1940 навишта шудааст, низ устод Айнӣ ба воқеаҳои таърихию сиёсии инқилоби Бухоро ишораҳо кардааст. Аз ҷумла, дар як руҷуи сиёсӣ омадааст: «Дар воқеаҳои Колесов ҷадидон рули авантюртистӣ, хоинӣ ва дурӯягиро бозӣ карданд, аз як тараф, «мо револютсионер» гуфта, роҳбарии ҳаракати оммаро ба дасти худ гирифтанӣ шуданд ва аз тарафи дигар, бо амир роҳи муросо ва оштиро пеш гирифта, роҳи ҳаракати ривулютсиунии оммаро бастанд». Ин ҳодиса, ки моҳҳои февралмарти соли 1918 рӯй дода буд, бо кӯшиши маслиҳати ҷадидҳо ва таҷаддудхоҳони Бухоро ба амал омада, шикасти аввалини асокири инқилобии русро ба Бухоро нишон дод. Воқеаи мазкур дар нақли Абдуллоҳхӯҷа, ки прототипи як нафар шахси инқилобӣ аст, низ васеъ шарҳ ёфтааст.
Устод Айнӣ дар романи «Дохунда» ҳангоми тасвири бадеии табиат – сармои сахти охири зимистон онро ба сиёсат ва вазъи ҷанг қиёс кардааст, ки анҷоми он нек хоҳад буд. Ҳамчунин, дар мавриди Анварпошо сухан ба миён гузошта, дар хусуси ба ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон тааллуқ доштани майдони фаъолияти вайронкоронаи ӯ ишора шудааст: «Лекин ин сардори номӣ, ки дар саргузашти моҷароҷӯёнаи (авантюраи) худ сафҳоро шикаста ва хусусан, дар ҷанги ҷаҳон куртаки Гинденбургро хӯрда буд, наметавонист бо панҷ ҳазор ҳамроҳони хунхори худ ба якчанд даҳ нафар аскарони сурх, ки намояндагони пролетарҳои ҷаҳон ва ҳомии ҳуқуқи онон буданд, ғалаба намояд ва ин шаҳри Душанберо, ки дар оянда маркази Ҷумҳурияти Тоҷикистон шуданист, ғасб кунад». Дар ин ҷо ифтихори муаллиф аз кишвари соҳибистиқлоли худ мушоҳида мешавад.
Маълум аст, ки ҳодисаву воқеоти дар асарҳои бадеӣ тасвиркардаи устод Айнӣ ба даврони пеш аз инқилоб ва даврони Шуравӣ рост меояд. Бо вуҷуди ин, моро лозим меояд, ки аз ҳама гуна воқеоти сиёсии пешин дарси ибрат биомӯзем, дар роҳи таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллат саҳми сазовор гузорем. Дар ин самт маърӯзаву суханронӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури амал мебошанд: «Вақте ки дар бораи фарҳанги навини тоҷикон суҳбат мекунем, аз рӯйи инсоф мешавад, агар аз дастовардҳое сухан ба миён орем, ки халқи мо дар замони шомил буданаш ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ба онҳо ноил гардидааст. Дар он шароити таърихӣ, ки барои миллати мо марҳалаи воқеан сарнавиштсоз маҳсуб мегашту масъалаи ҳастию нестии миллат ва забону фарҳанги моро ба таври сунъӣ ба харитаи сиёсии тақдирнамо гузошта буданд, боз ҳам аҳли маърифат, зиёиёни шарафманд парчами муборизаро барои ҳастии таърихӣ ва имрӯзу ояндаи миллат, забон, адабиёт ва фарҳанги ӯ ба дасти худ гирифта, дар набарди шадиди зидди душманони миллати тоҷик зафар ёфтанд».
Дар ҳақиқат, корнома ва фаъолияти эҷодии устод Айнӣ дар ҳама марҳалаҳои зиндагиаш барои насли имрӯза мактаби омӯзиши сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ буда, омӯзишу таҳқиқ ва татбиқи ҳамаҷонибаи андешаҳои ватандӯстонаву истиқлолхоҳии устоди забардасти адабиёти муосири тоҷик дар таҳкиму рушди давлатдории миллӣ хидмати арзанда менамоянд.
М. ИМОМЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ,
Э. САФАРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ
