БА МУҲИТИ ЗИСТ БЕПАРВО НАБОШЕМ

Мафҳуми «экология» дар замони муосир моҳияти умумибашарӣ пайдо карда, на танҳо ҳифзи табиат, балки масъалаи нигоҳдошту таҳкими ҳаёти одамони сайёраро низ ифода мекунад. Аз ҳамин сабаб, дар илм мафҳуми «фарҳанги экологӣ» ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Фарҳанг ё маърифати экологӣ ба донишу ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсонӣ алоқаманд буда, муносибати ҷиддию огаҳмандона ва солими шахсро нисбат ба муҳити зист ва олами атроф дар бар мегирад. Инсонҳои кӯшову ботадбир ва донишманду пешрафта ба таври ҳамешагӣ ба он ҷаҳду талош менамоянд, ки муҳити атроф ва зисти одамон тозаю пок бошад, барои ҳифзи табиат, аз ҷумла, зулолу соф будани оби рӯдхонаву чашмасорон, сабзу хуррам нигоҳ доштани дарахтону ниҳолони мевадиҳандаю сояафкан, пешгирии хориҷшавии газҳои зараровару заҳрнок ба атмосфера ва амсоли инҳо чораандешӣ менамоянд.
Бо вуҷуди ин, шахсоне ҳам ҳастанд, ки ба табиат муносибати бераҳмона мекунанд. Аз ҷумла, дарахтони сарсабзу сояафканро, ки бо ҳусну шукӯҳи худ ба зебоии диёр ҳусн зам мекунанд, бурида, онро ҳамчун сӯзишворӣ истифода менамоянд. Агар амиқтар назар кунем, ба осонӣ пай мебарем, ки ин гуна тоифаи ба табиату манзараҳои он бетафовуту бепарво шояд дар умри худ ниҳолеро сабз накардаанд, чӣ расад бар бунёди боғеву чаманистоне. Ҳамин гуна нафарон дар байни бачагон низ ба назар мерасанд, ки аз беназоратии падару модарон ва атрофиён ниҳолакони сарсабз ва гулҳои рангорангро шикаста, ҳусни табиатро доғдор месозанд.
Дигар масъалае, ки имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, беэътиноӣ ба тозагӣ дар ину он гӯшаи диёр, хусусан, дарёву кӯлҳо мебошад. Ашхоси зиёде дар фаслҳои гуногуни сол, аз ҷумла, тобистон ба сайру тамошо ва фароғату дамгирӣ ба канори дарёву ҷангалҳо мераванд. Ҷойи афсӯс аст, ки онҳо пасмондаи хӯроки худро ба дарё мепартоянд, гирду атрофро ифлос мекунанд. Ба як сухан, соҳили дарёву рӯдхонаҳоро ба партовгоҳ табдил медиҳанд. Аз ин рӯ, бояд тариқи расонаҳо, садову симо пайваста барномаву гузоришҳое таҳия ва пешниҳоди одамон гардонда шавад, ки дар ин барномаҳо маърифати экологии сокинони кишвар ва эҳсоси зебоипарастиву дӯст доштани табиати диёр дар меҳвар қарор дода шавад. Дар таълимгоҳҳо, дар машғулиятҳои тарбиявӣ мавзуи табиат ва ҳифзи муҳити зист бояд ба таври мунтазам ба хонандагон омӯзонда шавад. Зеро фарҳанги экологӣ қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллист.
Чунин мавзуъҳоро тариқи саҳначаҳо бо ёрии кормандони соҳаи театру телевизион, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ низ метавон амалӣ кард. Чунки тавассути намоиш додан ташаббусҳои нек зуд ба зеҳну хотираи хонандагони хурдсол менишинад. Падару модарон низ бояд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар фаҳмондани муносибати хайрхоҳонаи фарзандон дар ҳифзи табиат ва моликияти ҷамъиятӣ бетарафӣ зоҳир накунанд. Ба онҳо дар интихоби китобу маҷаллаҳои вобаста ба мавзуи муҳити зист мусоидат намоянд. Ин нукта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ зикр гардидааст ва иҷрои бечунучарои ин ҳуҷҷати муҳим вазифаи ҳар як волидайни солимфикр ба шумор меравад.

Сурайё КАРИМОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №121-и ноҳияи Фирдавсӣ