Забон шиноснома ва рамзи бақои ҳар як халқу миллат аст. Он яке аз рукнҳои асосии кишвари соҳибистиқлоли азизамон маҳсуб ёфта, хушбахтона, таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумат ба тозагию беолоиш будани он сол аз сол зиёд гардида истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5 октябри соли 2009 бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дар ҳаёти сиёсию фарҳангии кишвар ҳамчун воқеаи таърихӣ ба рушд ва инкишофи таърихи забони тоҷикӣ ва амалӣ гардидани он заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Роҳбари давлат дар хусуси рисолату мақоми забони тоҷикӣ чунин таъкид намудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи возеҳ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Аз ин гуфта бояд ба хулосае омад, ки дар ҳақиқат, забон ба сифати бақою ҳастии ҷомеа асолат ва рисолати худро ҳифз хоҳад намуд.
Зикр бояд кард, ки мақоми забони тоҷикӣ аввалин маротиба соли 1989 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» бо назардошти асосҳои ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян гардида буд. Дар моддаи якуми қонуни мавриди назар омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».
Мусаллам аст, ки бештари вожаву ибора ва истилоҳоти илмии ин ё он соҳа бо шарофати забони давлатӣ пазируфта гардидани забони тоҷикӣ аз забонҳои лотинӣ, юнонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ дар забони тоҷикӣ муодили худро ёфтаанд. Имрӯзҳо дар бештари соҳаҳо вожаҳову таркибҳои байналмилалӣ муодили тоҷикии худро дарёфтаанд ва якчанд китобу луғатнома дар ин замина аз чоп баромадаанд.
Боиси сарбаландӣ ва сарафрозист, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ рушд ва пешрафти фарҳанги миллати тоҷик бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд.
Дар илми забоншиносӣ, ки заминаи асосии фарҳанги миллат ба шумор меравад, то имрӯз корҳои илмиву таҳқиқотии зиёде рӯйи кор омадааст. Яке аз таҳқиқотҳои мукаммал асари бунёдии «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Сарвари давлат ба шумор меравад, ки дар он даврабандии таърихии забони тоҷик, баромади таърихии вожаи «тоҷик» ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ, забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор, забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғоз, рушд ва шукуфоии забони тоҷикӣ ва ба таври мухтасар муҳимтарин далелҳои илмии таърихӣ доир ба забони тоҷикӣ баррасӣ гардидааст.
То имрӯз доир ба масъалаи омӯзиш ва пажуҳиши осори хаттӣ олимон ва тадқиқотчиён фикру ақидаҳои зиёдеро иброз намудаанд. Асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимми илмӣ – забоншиносӣ аз давраи қадим то ба имрӯз бахшида шудааст. Асар аз шаш бобу бисту шаш банд иборат буда, тамоми паҳлуҳои инкишофи забони тоҷикиро ба таври барҷаста инъикос мекунад.
Шамс ҚУРБОНОВ,
омӯзгори физикаи
мактаб-интернати
шаҳри Бӯстон