ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ БУНЁД ГАРДИД

Кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ қабл аз оғози нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳидояти раҳбарияти муассиса аз бинои нави литсей, ки дар назди донишгоҳ бунёд ёфтааст ва инчунин, биноҳои панҷошёнаи таълимӣ, толори фарҳангӣ ва осорхона, ки сохтмони ин иншоот бо маром идома доранд, дидан намуданд.
Литсейи мазкур, тавре ки ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода тавзеҳ дод, дар соли нави таҳсил ифтитоҳ ва ба фаъолият оғоз мекунад. Дар литсей 250 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
— Имсол донишгоҳро 20 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм карданд, — гуфт ректори донишгоҳ ва афзуд, ки соли равон 38 нафар устоду омӯзгор дар конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар донишгоҳ, ҳамчунин, 4 шурои илмӣ таъсис дода шуд. Бояд зикр намуд, ки тайи солҳои охир сатҳу сифати таълим ва донишазхудкуни донишҷӯён хеле боло рафта, ба таъкиди А.Ибодуллозода, иқтидори илмӣ аз 26,7 фоиз ба 43 фоиз расонда шуд. Раҳбарияти донишкада ба масъалаи дар сатҳи баланд ва ба замони муосир посухгӯ омода намудани мутахассисони соҳаи педагогӣ талошҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Айни ҳол муассиса бо 25 муассисаи таълимии шаҳру навоҳӣ ҳамкории зич дорад. Донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии амалӣ ва таълимӣ фаро гирифта шуда, хатмкардагони курсҳои 4-5 бевосита дар таълимгоҳҳои кишвар ба таҷрибаомӯзии педагогӣ машғул мешаванд.
Донишҷӯён – хатмкардагони донишгоҳ аксаран дар ҳамон муассисаҳои таълимие, ки ба таҷрибаомӯзӣ машғул буданд, ба кор пазируфта шуданд. Ба корҳои илмӣ дар донишгоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар мавзеи Ромити шаҳри Ваҳдат барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, аз фанҳои биология, география ва химия қитъаи замин ҷудо карда шудааст, ки дар он ҷо бо раҳбарии мустақими устодону омӯзгорон корҳои амалӣ гузаронда мешаванд.
Муҳассилини донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои шоиста соҳиб гардиданд. Аз рӯйи қабули донишҷӯён, тибқи натиҷагирии маълумоти Маркази миллии тестӣ донишгоҳ дар ҷойи сеюм қарор дошта, имсол 83,4 дар сади довталабон ба факултетҳои гуногун шомил гардиданд. Дар донишгоҳ ба самти корҳои илмӣ диққати вижа зоҳир карда шуда, ба докторантон ва роҳбарони корҳои илмӣ ба андозаи муайян (ба докторантҳо 10000 сомонӣ ва роҳбарони илмӣ 5000 сомонӣ) маблағ тақдим карда мешавад. Ҳамзамон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Илм-фурӯғи маърифат», ғолибони ҷойи якум бо 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 7000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Теъдоди донишҷӯён дар шакли рӯзонаи таҳсил ва фосилавӣ 15045 нафарро ташкил медиҳад. Баҳри таъмини мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ дар маҷмӯъ, 2201 нафар ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар гардидаанд. Дар донишгоҳ 78 ихтисос дар зинаи бакалавр, 26 ихтисос дар шакли таҳсили фосилавӣ, 25 ихтисос дар зинаи таҳсили магистратура амал мекунад. Бори аввал дар соли равон ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи фанҳои дақиқ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо ишғоли 5 ҷойи ифтихорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар радифи беҳтаринҳо муаррифӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки донишгоҳ бо беш аз 93 муассисаи таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи кишвар ҳамкорию робитаҳои судманд дорад. Илова бар ин, соли ҷорӣ бо 16 донишгоҳи олии хориҷи кишвар ҳамкориҳо дар самти илм, инноватсия ва таълим, ҳамчунин, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шуд.
Дар доираи табодули академии омӯзгорон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Беларус 15 устоду корманд дар ду давра сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, 9 донишҷӯ тибқи шартномаи ҳамкорӣ таҳсилро дар Донишгоҳи Гроднои Беларус муваффақона анҷом доданд. Дар донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илм озмоишгоҳҳои нави замонавӣ аз фанҳои химия ва биология таъсис дода шуд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»