БА МАНЗИЛИ ХОНАНДА РАФТАНИ ОМӮЗГОР ШАРТ АСТ?

Беҳ кардани сифати дониш ба бисёр омилҳо вобаста аст. Дар баробари меъёри баҳогузорӣ ва назорати дохилимактабӣ кори тарбиявӣ ба сатҳу савияи дониш таъсири бевосита мерасонад. Пешбурди корҳои тарбиявӣ асосан ба салоҳияти муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва роҳбарони синф дохил мешавад. Кори тарбиявӣ танҳо бо баргузории чорабиниҳои умумимактабиву тарбиявӣ ва соатҳои тарбиявӣ маҳдуд намешавад, агар гӯем, ки он 24 соат идома меёбад, хато намешавад.
Дар ниҳоди кӯдак парваридани ҳисси иззату эҳтиром ба падару модар, устодон, атрофиён, дар дилаш бедор намудани шавқу завқ ба омӯхтани дониш, дарки Ватану ватандорӣ, эҳсоси раҳму шафқат ба маъюбону дармондагон натиҷаи мусбати корҳои тарбиявист. Имрӯз миёни зумрае одамон ақидае роиҷ аст, ки тарбия вазифаи падару модар буда, вазифаи мактаб танҳо таълим аст. Шояд ба як чизи одӣ диққат надодаем: хонандаеро, ки аз ҳурмату адаб дур аст, чӣ тавр метавон таълим дод? Дигар, на ҳар падару модар аз уҳдаи тарбия баромада метавонад, масалан, одаме, ки худ чӣ будани тарбияро намедонад, чӣ тавр фарзандашро тарбия мекунад? Ё фарде, ки аз саҳар то бегоҳ дар бозор ё дар кор аст, метавонад ин корро анҷом диҳад? Афзалияти омӯзгор дар кори тарбиявӣ ин аст, ки вай педагогикаву психология ё худ илми тарбияро омӯхтааст. Аз ҷониби дигар, дар мактаб аввал хонандаро одоби шину хез, рафтору кирдор меомӯзанд, ки ин худ тарбия аст. Тарзи муносибат бо ҳамсинфон, одоби гуфтор бо омӯзгорон, рафтор дар кӯчаро ёд медиҳанд, ки ҷуз тарбия чизи дигаре нест. Барои ҳамин, вақте ки кӯдак ба остонаи мактаб қадами аввалинро мегузорад, нахуст ӯро ҳурмату адаб меомӯзанду баъд ба таълим мегузаранд. Масалан, бачаеро, ки ҳоло усули нишастан дар синфро надидаасту намедонад, чӣ тавр таълим додан мумкин бошад? Аз ин рӯ, таълиму тарбия дар мактаб баробар пеш бурда мешаванд. Ҳатто замоне, ки кӯдаки нав ба мактаб омадаро усули рафтор меомӯзанд, ин раванд ҳам тарбия аст ва ҳам таълим. Ба ин хотир, таълиму тарбияро наметавон аз ҳам ҷудо сохт.
Корҳои тарбиявӣ ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ мегарданд, ки ҳар хонанда одобу ахлоқи ҳамидаро соҳиб гардад ва айни замон дар таҳсилу илмомӯзӣ пешрав шавад. Аз ин ҷо нақши тарбия дар мактаб басе бузургу аҳаммиятнок аст. Пеш аз ҳама, тавре ки зикр гардид, тарбия замина ё таҳкурсии таълим аст. Дар баробари таълим қарор доштани тарбия ё риояи таодуле миёни онҳо ба пешрафти таълим сабаб мешавад. Дар синф, агар ба кори тарбиявӣ диққати ҷиддӣ дода шавад ва он самараи хуб дошта бошад, таълим низ самар хоҳад дод, яъне тарбия дар баланд бардоштани сифати дониш нақши муассир дорад.
Ёд дорам, замони мактабхонии мо анъанае вуҷуд дошт. Рӯзҳои муайян пешину бегоҳ омӯзгорон хона ба хонаи хонандагон мегаштанд, то воқиф шаванд, ки шогирди онҳо ба чӣ кор машғул аст. Ҳамин тавр, муайян мегардид, ки кадоме аз хонандагон ба дарстайёркунӣ машғуланду кадоме не. Ин усул таъсири аҷибе дошт, хонандаи бадхон ҳам кӯшиш мекард, ки бегоҳиҳо китоб ба даст гирад, то дар назди омӯзгорон, бахусус, падару модараш дар хиҷолат намонад. Дар зимн, миёни падару модар, омӯзгорон, хоса, роҳбарони синф сари масъалаҳои таълиму тарбия, одобу омӯзиши фарзандон суҳбату мубоҳисаҳо ба вуқӯъ мепайвастанд, муҳокимаҳо сурат мегирифтанд. Албатта, падару модар ҳам дар канор намемонду ба хонишу одоби фарзандаш шавқманд мегашт ва боз ҷиҳати мусбаташ ин буд, ки нофаҳмиҳо аз миён бардошта мешуданд. Ин анъана чунон таъсирбахш буд, ки падару модар ҳар омадани омӯзгоронро бесаброна интизор мешуданд ва аз омадурафти бисёрашон дигар онҳоро чун хеши наздик қабул мекарданду аз омаданашон сидқан хурсанд мешуданд. Ин буд, ки робитаи миёни мактабу падару модар бисёр қавӣ буд. Муҳимтар аз ҳама, волидон оид ба хонишу рафтору кирдори фарзандонашон маълумоти саҳеҳу ҳамаҷониба доштанд, зеро ин иттилоъро омӯзгор ё роҳбари синф ҳангоми ин дидорҳо дар суҳбати рӯёрӯ ба онҳо дастрас мекард. Ҳамчунин, рӯзнома, китоб, дигар ашёи таълим дар хона аз назар гузаронида мешуд. Ба ин тартиб, вақти санҷиши рӯзнома падару модар ҳамроҳи омӯзгор пешрафти хонандаро таҳлил мекарданд. Дар ин маврид хонанда дигар ҷойи гурез надошту баҳонае ҳам пеш овардан наметавонист.
Аз тарафи дигар, роҳбари синф ё дигар омӯзгори мутасаддӣ шароити дарстайёркунии шогирдонро дар хона ба ҳисоб мегирифтанд ва ба волидони хонанда сари ин масъала дастур медоданд, онҳоро масъул мекарданд, ки барои омӯзиши фарзандашон ҷойи алоҳида ва ашёи лозимаи таълим муқаррар кунанд.
Шояд дар замони мо ин усул дигар кор наояд, аммо ин усули тарбия ва таълим бисёр пурсамар ва натиҷабахш буд. Ба ҳадде нуфуз дошт, ки дар деҳа ва мактаб қариб ҳамаи мардум хонандаҳои аълохону бадхон, шогирдони хушрафтору бадрафторро ном ба ном медонистанд. Ин мисол ба ин хотир оварда шуд, ки имрӯз ин гуна робитаи қавӣ миёни мактабу падару модар нест. Лекин агар хоҳем, ки шогирди мо хушахлоқу босавод бошад, ба ин монанд роҳу василаеро бояд дарёфт, ки нуфузу таъсири зиёд дошта бошад. Дар нақшаҳои тарбиявӣ хабар гирифтан аз шароиту омӯзиши хонанда дар хона чизе сабт шудааст, аммо амалӣ кардани он гоҳе номаълум мемонад.
Агар хулоса кунем, хоҳу нохоҳ бояд иқрор кунем, ки дар тарбия ва таълими дурусти хонанда мактабу падару модар бояд иртиботи наздик дошта бошанд, зеро “садо аз ду даст” мегӯянд. Сифати дониш ҳамон вақт беҳбуд меёбад, ки дар баробари дигар корҳои тарбиявӣ бо падару модар робитаи наздик пайдо кунем. Солҳои ахир ҳол чунин аст, ки мо дар бораи шогирдони худ ва баъди дарс ба чӣ коре машғул шуданашон иттилое надорем. Ҳатто падару модари чанде аз онҳоро намедонему намешиносем, ки ин вазъ ба раванди тарбия ва таълим таъсири ногувор мерасонад.
Кори тарбиявиро дар мактаб бе ҳузури падару модар ҳам ба роҳ мондан мумкин аст, аммо хоҳем ё нахоҳем, натиҷае, ки дар ҳамкорӣ бо падару модар ба даст меояд, аз ин кор чашмдор наметавон шуд. Ин аст, ки тарбия дар беҳтар кардани сифати дониш нақши бузург дорад.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
“Омӯзгор”,
ВМКБ