ЛАГЕРИ ВАЪДАШУДА КУҶОСТ?

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба истироҳати тобистонаи хонандагон диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад дар назди 62 муассисаи таълимии ноҳия лагерҳои истироҳатию фароғатӣ ташкил карда шудаанд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Давлатзода иброз дошт, айни ҳол дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия лагерҳои фароғатию беҳдошти саломатӣ дар 3 баст бо фарогирии 4570 нафар кӯдаку наврас ташкил карда шудааст. Дар ин майдончаҳои истироҳатӣ кӯдакон тибқи реҷаи рӯз ҳам истироҳат мекунанд ва ҳам ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул мешаванд. Барои 1473 нафар хонандаи синни калони мактабӣ лагерҳои фароғатию таълимӣ ташкил карда шудааст. Бояд гуфт, ки имсол 119 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ таътили тобистонаашонро дар лагери истироҳатии беруназшаҳрии «Истиқлол», ки дар мавзеи хушобуҳаво ва хушманзараи Варзоб ҷойгир аст, мегузаронанд. Дар муассисаи томактабӣ ва мактаб-интернати ноҳия низ зиёда аз 508 нафар кӯдаку наврас ба истироҳату фароғат машғуланд.
Гуфтан бамаврид аст, ки ташкили тамоми корҳои истироҳатгоҳи кӯдакону наврасон хуб ба роҳ монда шуда, ҷойи бозӣ, китобхонӣ ва сайру гашт барои истироҳаткунандагон ташкил карда шудааст. Мутаассифона, хӯроки гарм барои онҳо ташкил карда нашудааст. Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз аз тарафи шуъбаи молияи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ барои истироҳати кӯдакону наврасони ноҳия маблағ ҷудо карда нашудааст. Дар баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия директорони пешқадаму дилсӯз дар ҳамкорӣ бо АВО-и муассисаҳои таълимӣ тавонистанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар назди муассисаҳои таълимӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бо таъмин кардани хӯрок, кӯдаконро ҷалб намоянд. Рафти санҷиши фаъолияти лагерҳои назди муассисаҳои таълимии №1,12,13 ва 14 нишон дод, ки омӯзгорону падару модарони хонандагон ба таътили тобистонаи кӯдакону наврасон диққати ҷиддӣ дода, барои дар сатҳи баланд истироҳат намудани онҳо кӯшиш менамоянд. Дар лагерҳои фароғатӣ-таълимии назди муассисаҳои таълимии №№1, 12, 13 ва 14 барои истироҳати хуби кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ (майдончаҳои бозӣ, сайру гашт, китобхонӣ, истироҳатгоҳ) муҳайё гардида, аз ҳисоби маблағҳои АВО-и муассисаҳо кӯдаконро бо хӯроки яквақта таъмин намудаанд. Мутаассифона, дар ин самт ҳоло ҳам камбудҳои зиёде ба назар мерасанд. Ба сабаби набудани шароиту имконот аз 11 369 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи ками онҳо ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Дар яке аз нишастҳои матбуотӣ раиси ноҳия Зафар Гулзода дар бораи ташкил намудани лагери фароғатӣ-истироҳатии доимоамалкунандаи хонандагон гуфта буд, ки мо чунин ниятро дорем ва ба нақша гирифтаем, ки аз рӯи имкониятҳо дар солҳои наздик сохтмони лагерро барои 100 нафар хонанда оғоз мекунем. Инак аз ваъдаи раис ду сол гузашт, аммо аз лагери ваъдашуда хабаре нест.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб