НАТИҶАҲО УМЕДВОРКУНАНДААНД

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии кишвар аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ идома дорад. Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи раванди баргузории аттестатсияи хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Дар мактаби миёнаи умумии №21 (директораш Ҳ. Холиқова) аттестатсияи хатм дар синфҳои 11 аз фанни химия (тариқи тест) идома дошт. Аксари хонандагон санҷиши тестиро дар муҳлати як соат ба итмом расониданд.
Натиҷаи аттестатсияи хатм аз фанни химия чунин буд: аз 16 нафар хонандаи синфи 11а 4 нафар баҳои «5», 10 нафар баҳои «4», 2 нафар баҳои «3» гирифтанд ва дар синфи 11б бошад, аз шумораи 14 нафар хонанда 8 нафар баҳои «4» ва 6 нафар баҳои «3» гирифтаанд. Тавре ки директори мактаб Ҳ. Холиқова иттилоъ дод, аз шумораи 30 нафар хатмкунандаи синфи 11 24 нафар ҳуҷҷатҳояшонро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар ба мактабҳои олии ҳарбӣ супоридаанд.
Дар муассисаи таълимии №51 (директораш Н. Ҳақназаров) аттестатсияи хатм дар синфҳои 9-11 давом меёфт. Натиҷаҳои аввали аттестатсияи хатмро директори муассиса Н. Ҳақназаров ҷамъбаст ва изҳор намуд, ки сатҳи дониши хонандагони мактаби мо аз сатҳи дониши литсейҳо камӣ надорад. Соли гузшта аз 76 нафар хатмкунандаи синфи 11 59 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар ва 4 нафар ба муассисаҳои хориҷи кишвар дохил гардидаанд. Имсол аз 77 нафар хатмкунандаи синфи 11 55 нафар аз тариқи ММТ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии кишвар аз қайд гузаштанд.
Дар муассисаи таълимии №30-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор хонандагони синфҳои 9а,б аз фанни адабиёти тоҷик (эссе) менавиштанд. Натиҷаи аттестатсияи хатм аз фанни адабиёти тоҷик (эссе) дар синфи 9а,б-ро директори муассиса Лола Одинаева чунин шаҳр дод:
— Аз 48 нафар хатмкунандаи синфи 9 1 нафар баҳои «5 », 34 нафар баҳои «4» ва 18 нафар баҳои «3» гирифтанд.
Дар муассисаи таълимии №27 (директораш Зебо Ёрмадова) аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм давом ёфт.Ҷонишини директори таълимгоҳ Қ. Набиев зикр намуд, ки ҳоло дар синфи 10 аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ аз фанни алгебра(хаттӣ) идома дорад.
Аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарониро дар муассисаи таълимии №12 –и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ (директораш Гулнора Холова) низ ба мушоҳида гирифтем. Дар синфи 11б аз фанни адабиёти тоҷик (эссе) омӯзгор Г. Сафарова натиҷаи аттестатсияро чунин ҷамъбаст кардааст: аз шумораи 29 нафар хонанда синфи 11 13 нафар баҳои «5», 15 нафар баҳои «4» ва 1 нафар баҳои «3» гирифтанд.
Тавре ки директори муассисаи таълимии №43-и шаҳри Кӯлоб Зулайхо Бадарғаева иброз дошт, имсол омодагиҳои хонандагон ба аттестатсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, натиҷаи ҷараёни аттестатсия нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон қонеъкунанда мебошад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб